Бахшҳо
05 ноя 2012 11:26Гузориш

«Таҳайюр»-и Муқумов аз олимпиада

Гимназияи хусусии ба номи Расули ноҳияи Рӯдакӣ озмуни вижаи умумиҷумҳуриявиеро таҳти унвони «Ҷилои дониш-2012» баргузор кард. Аммо мутаасифона, бархе аз масъулини гимназияву макотиби ҳамагонӣ бо роҳҳои ғайримаъмулӣ хонандагонеро ба олимпиада равон карданд, ки саводи казоӣ надоштанд…

Абдурасул Муқумов, муассиси гимназияи мазкур дар сӯҳбат бо хабаргузории «Озодагон» гуфт, ки мо ба чанд гимназияву мактабҳои ҷумҳурӣ дархост ирсол намудем, то толибилмони беҳтаринашонро ба озмун равон кунанд. Дар ҳамин хол, бархеи онҳо ба олимпиада касонеро фиристоданд, ки дар ҷамъбаст баҳои аз ҳама пастро сазовор шуданд: «Падару модарон гимназияҳоро авло дониста, фарзандашонро  мондаанд. Ман баъди ин олимпиада ба хулосае омадам, ки нафароне овардаанд, ки хешбозию маҳалбозӣ кардаанд, хонандаи арзанда оварда нашудааст. Лаёқадмандон қадр карда нашудаанд. Имрӯз агар талабае, ки лаёқатманд аст қадр нашавад, зик шуда умедашро аз ин хондан меканад. Ин хел хонанадагон мегӯянд, ки мо ин қадар заҳмат мекашем, аммо писари раис ҷой мегираду қадр карда мешавад. Барои ҳамин пеши роҳи чунин корҳо бояд гирифта шавад. Наход барои олимпиада чунин хонандаҳоро равон кунанд. Ман умед надоштам, ки ҷойи аввалро талабагони мо мегиранд, умед доштам, ки аз дигар гимназияҳо ҷойҳои намоёнро мегиранд, аммо мутаасифона, он нафароне, ки бояд дар олимпиада ҷалб карда мешуданд, наомаданд».

Шодӣ Насриддинов, омӯзгори фанни забон ва адабиёти гимназияи «Расул» низ бо муассисашон ҳамфикр аст. Ӯ иддао дорад, ки ин хел талаба дар озмун ҳаққи иштирок кардан надорад: «Вақте хонанда ин қадар хато менависад, чӣ хел онро ба олимпиада меоранд. Мо дар гимназияамон якто синфи 4 дорем, дигар гимназияҳо то 6 синфӣ доранд. Аз шаш синф 30 нафарӣ бошад, наход як нафаре пайдо нашавад, ки босавод бошад»?  

Ба қавли Насриддинов, ҳадафи онҳо фақат дарёфти истеъдодҳои нав ва хонандагони болаёқат буд, дигар ҳеч. Номбурда мегӯяд, аммо мо бо ин тарҳ ба ҳадаф нарасидем: «Чӣ даркор аст чунин талабаи бесаводро ба олимпиада овардан? Се маротиба як ҷумларо хондем, аммо навиштан натавонистанд. Баъзеъ аз намояндагон норозигӣ баён карданд, ки шумо фанни матиматикаро душвор гирифтед, аммо директори мо ба онҳо фаҳмонд, ки шумо хонандагони босаводатонро биёред, агар мо аз рӯи барномаи давлатӣ савол тартиб диҳем, пас ин олимпиада чӣ лозим? Фарз кардем, панҷ савол душвор аст, аққалан ба панҷтои дигар бояд ҷавоб меёфтанд-ку».

Бояд гуфт, барои дуввумин маротиба аст, ки гимназияи хусусии «Расул» чунин олимпиадаро барои ҳавасманд гардонидани талабагони лаёқатманд баргузор менамояд.

Ба қавли муассис, соли гузашта озмун бо иштироки талабгони ду ҷамоати ноҳия бе мушкилӣ сурат гирифт: «Имсол бошад, мо аз 16 гимназияву мактабҳои ҷамоати ноҳияи Рӯдакӣ ва аз гимназияҳои шаҳри Душанбе даъват кардем. Соли оянда бошад, нақша дорем, ки хонандагонро аз ноҳияҳои ба мо наздик даъват кунем».

Дар олимпиадаи мазкур, ки аз фанҳои кимиё, забони тоҷикӣ ва математика дар байни хонандагони синфи 3 то 11 гузашт, 231 нафар иштирок карданд. Аз ҷумлаи онҳо 5 нафар аз гимназияи хусусии ба номи «Расул» ҷойҳои намоёнро гирифтанд ва дар ҳисоби даставӣ баранда шуданд. Гимназияҳои рақами 1 ва 53-и Душанбе бошанд, мутаносибан ҷойҳои баъдиро ишғол карданд.

Айни замон дар Тоҷикистон баргузории озмуну олимпиадаҳои фаннӣ ба ҳукми анъана даромада, ба саводнокшавии хонандагон таъсири мусбат мерасонад. Аммо таҷриба ва мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки на дар ҳама таълимгоҳҳои хусусиву давлатӣ ба ҷараёни таълимӣ диққати ҷиддӣ зоҳир мегардад. Гузашта аз ин хешутаборчигӣ, тарафгирӣ, хотирбиниву дигар падидаҳои номатлуб дар низоми маорифи муосири мо ҷой доранд.   Намунаи боло бозгӯи ҳақиқати ҳол ва оинаи вақт аст, ё Шумо андешаи дигар доред?

Нилуфари КАРИМ


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)