Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 11:04

Парлумон пешниҳоди ҲНИТ-ро қабул мекунад?

9 ноябр 2012, 04:36

Сайидумар Ҳусайнӣ, намояндаи ҲНИТ дар парлумон гуфт, ки феълан тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи интихоботи президенти ҶТ" дар кумитаи умумии МНМО қарор дорад.

Парлумон пешниҳоди аҳзоби мухолифинро ҳатман баррасӣ мекунад
Намояндагони ҲНИТ дар парлумон тарҳи нави қонуни конститутсионӣ дар бораи интихоботро ба Парлумон пешниҳод кардаанд. Сайидумар Ҳусайнӣ, намояндаи ҲНИТ дар парлумон гуфт, ки феълан тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи интихоботи президенти ҶТ" дар кумитаи умумии МНМО қарор дорад. Ҳамакнун мегӯяд номбурда тарҳи мазкур аз кумитаи умумӣ бояд ба шӯъбаи ҳуқуқӣ ва аз онҷо ба Шӯрои парлумон фиристода шавад.

"Шӯрои парлумон тарҳи мазкурро қабул карда, барои муҳокима ба кумитаҳои дахлдори маҷлиси намояндагон ва ҳукумат мефиристад. Давоми 1 ва ё 2 моҳ хулосаҳои ҳукумат ва кумитаҳои парлумон ба эътибор гирифта, масъала дар ҷаласа мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт", мегӯяд Сайидумар Ҳусайнӣ. Тарҳи қонуни интихоботи президентӣ бо имзои ду нафар вакили ҲНИТ ба парлумон ворид шудааст. Сайидумар Ҳусайнӣ мегӯяд, ки ҳарчанд аксари вакилони парлумон аъзои ҳизби ҳоким ҳастанд, аммо умед дорад, ки онҳо ба тарафдории қонуни мазкур райъ хоҳанд дод.

Маврид ба зикр аст, тарҳи мазкур аз ҷониби кумитаи тадорукот оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонун "Дар бораи интихоботи президенти ҶТ" таҳия шудааст. Ба ҳайати кумтаи тадорукот намояндагони аҳзоби мухолифи кишвар шомил шуда, пешниҳоди аслии онҳо ин аст, ки меъёри ҷамъи имзо аз 5 дарсад ба 2 фисад поён рафта, қитъаҳои овоздиҳӣ аз ҳудуди макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ берун ҷойгир карда шаванд.

Парлумон ҳеч вақт тарҳи қонуни интихоботи президентро баррасӣ нахоҳад кард
Сайидумар Ҳусайнӣ дар ҳоле ба қабули ин масъала умед дорад, ки намояндаи ҲКТ дар парлумон, Шодӣ Шабдолов баррасии ин тарҳро дар Маҷлиси Намояндагон зери суол мебарад. Раҳбари ҲКТ мегӯяд, ки албатта тибқи низомномаи МНМО ҳуҷҷат ба кумита ворид мешавад, вале қабул гардидани он масъалаи дигар аст. Зеро аксари вакилони парлумон аъзои ҳизби ҳоким ҳастанд.

"Метавон гуфт, ки тарҳи пешниҳоди мазкур аз ҷониби вакилон қабул намешавад. Аз таҷрибаи худ мегӯям. Мо ҳам дар соли Давоми 1,5 сол ҳамроҳ бо азҳоби дигари сиёсӣ ва намояндагони САҲА тарҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни интихоботи президентӣ, парлумонӣ ва референдум таҳия карда, ба парлумон фиристодем. Дар натиҷа чӣ шуд? Ҳеч. Пешниҳоди моро қабул накарданд. Чунки мо имкон надоштем. Имконият ҳамон вақт ба даст меояд, ки вақте вакилони ҳизби ҳоким розӣ бошанд", илова кард Шодӣ Шабдолов.

Аҳзоби мухолиф ба парлумон бовар надорад, аммо тарҳи қонунро пешниҳод мекунад
Бори нахуст нест, ки намояндагони ҳизбҳои дигар ва ё коршиносон фаъолияти парлумонро зери суол мебаранд. Ба бовари таҳлилгарон давоми фаъолияти худ парлумони касбӣ танҳо дар хидмати ҳукумат буда, хостаҳои онро бароварда месозад. Коршиносон ва аҳзоби мухолифин мегӯянд, ки иллати қабул нагардидани пешниҳод дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни интихоботи парлумонӣ ва президентӣ низ дар ҳамин аст. Дар ҳамин маврид Саодат Амиршоева, вакили мардумӣ аз ҳизби ҳоким изҳори нигаронӣ карда мегӯяд, ки вақте мухолифин худ аз тарҳи пешниҳод кардаашон бовар надоранд, пас чаро онро ба парлумон ироа мекунанд. Номбурда бар ин назар аст, ки тағйиру иловаҳо танҳо дар сурате ба қонунҳои кишвар ворид карда мешавад, ки агар он ба манфиати мардум ва зиндагии осоиштаи ҷомеа мусоидат кунад.

"Он интихоботе, ки то имрӯз дар Тоҷикистон баргузор шудааст, ман норасоиро дар он мушоҳида накардам. Мусаллам аст, ки мухолифин аз рафти ҳар маъракаи сиёсӣ камбудӣ пайдо мекунанд. Модоме, ки онҳо аз рафти интихобот ва ё натиҷаи он розӣ нестанд, пас бояд ба додгоҳ муроҷиат кунанд", изҳор дошт Саодат Амиршоева.

Парлумони касбии Тоҷикистон 20 сол ба тақаллубкорӣ машғул аст
Бояд гуфт, хонум Амиршоева дар ҳоле аз имкони шикоят бурдани ҳизби мухолиф ба додгоҳ дар робита ба тақаллубкорӣ аз интихобот мегӯяд, ки низоми додгоҳӣ ва поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон пайваста аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ мавриди интиқод қарор мегирад. Файзиниссо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик низ бар ин назар аст, ки ҳатто дар сурати муроҷиати аҳзоби мухолиф ба додгоҳ шикояти онҳо ба таври қонунӣ бознигарӣ нахоҳад шуд. Аз ин хотир пешниҳоди ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни конситутсионии кишвар "Дар бораи интихоботи президенти ҶТ" бе шаку шубҳа аз ҷониби парлумон рад мешавад. Эҳтимол меравад, тарҳи қонуни мазкур то Шӯрои парлумон биравад. Ва ҳатто дар сурати ворид гардидани ин масъала ба рӯзномаи навбатии ҷаласаи парлумонӣ он аз ҷониби вакилон дастгирӣ нахоҳад ёфт.

"Парлумони Тоҷикистон 63 вакил дорад. Аз ин миён 2 вакил аз ҲНИТ ва 2 вакили дигар аз ҲКТ аст. Метавон гуфт, ки 90 дарсади парлумони Тоҷикистон аъзои як ҳизб ҳастанд. Барои ҳамин бо 4 овоз умед бастан ба қабул гардидани ин тарҳи қонун амали имконнопазир аст. ҲНИТ имконяте барои ҳалу фасли мусбии ин масъала дар парлумон надорад", мегӯяд Файзиниссо Воҳидова. Гузашта аз ин метавон гуфт, ки аз тақдири тарҳи қонуни мазкур шаффофияти интихоботи оянда вобастагӣ дорад. Ва ин ба нафъи ҳизби ҳоким нест. Зеро наздики 20 сол мешавад, ки ҳизби ҳоким бо тақаллуб ва аз худнамудани райъи мардум пешгом аст. Аз ин хотир вакилони ҳизби ҳоким ба ҷонибдории пешниҳоди ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни интихоботи президентӣ овоз нахоҳанд дод. Файзиниссо Воҳидова мегӯяд, ки бо таваҷҷӯҳ ба ин масъала ҳуқуқи маънавӣ дорад, то парлумони Тоҷикистонро яккаҳизбӣ унвон бикунад.

Вакилони мардумӣ мустақиланд?
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари намояндаи ҳизби ҳоким дар парлумон, Саодат Амиршоева вакилони мардумӣ дар фаъолияти худ озод буданд ва ҳастанд. Ба бовари номбурда дар парлумон 63 вакил фикри шахсии худро дорад ва аз ин хотир пешгӯйи аз натиҷаи муҳокимаи тарҳи қонун қобили қабул нест.

"Дар расонаҳои хабарӣ коршиносон мегӯянд, ки вакилони мардумӣ танҳо бо ишораи ҳукумат фаъолият доранд. Ин тавр нест. Мо тамоми сухани ҳукуматро ба инобат намегирем. Агар тарҳи қонуне, ки аз ҷониби ҳукумат ба мо пешниҳод мешавад, бо дигар қонун мухолифат дошта бошад, мо онро қабул намекунем. Ё мегӯянд, ки парлумони Тоҷикистон яккатоз аст, ин ҳам нодуруст мебошад", мегӯяд Саодат Амиршоева. Ин гуфтаҳои вакили парлумонро ҳуқуқшинос Файзиниссо Воҳидова зери суол бурда, мегӯяд, ки дар парлумони Тоҷикистон ҳатто вакилони мустақил ҷонибдори ҳизби ҳокиманд. Ба сифати далел ҳуқуқшиноси тоҷик аз фаъолияти Сӯҳроб Шарипов ба ҳайси собиқ раҳбари маркази тадқиқоти стратегӣ мисол меорад. Ба гуфтаи номбурда дар фаъолияти гузаштаи худ Сӯҳроб Шарипов баъзан баъзан аз мавқеъи ҳукумат дар ин ё он масъала интиқод мекард. Аммо баъди ҳамчун вакил интихоб гадиданаш, хомӯширо ихтиёр карда, оҳиста -оҳиста ба ҳамон муҳити дохили парлумон мутобиқ гаштааст.

Ҳузури 90% интихобкунандагон бо назардошти 2 милион муҳоҷир
Коршиносон бар ин назаранд, ки тақаллубкорӣ дар интихоботи Тоҷикистон танҳо  замоне иваз хоҳад шуд, ки агар маърифати сиёсии мардуми тоҷик баланд бардошта шавад. Гузашта аз ин бо таваҷҷӯҳ ба вазъи сангини иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум таҳлилгарон мегӯянд, ки вазъи сиёсии Тоҷикистон ба ин зудӣ тағйир нахоҳад ёфт. Зеро аксари мардум дар андешаи таъмини хонавода буда, ҳеч парвое барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии худ надоранд. Илова бар ин бештар ҳудуди 2 млн. шаҳрванди Тоҷикистон, ки синнашон ба овоздиҳӣ расидааст, дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, аммо комисияи марказии раъйпурсии Тоҷикистон аз ҳузури 90 дарсади интихобкунандагон гузориш медиҳад.

Маврид ба зикр аст, ки қонун "Дар бораи интихоботи президенти ҶТ" соли 1994 қабул шуда, то имрӯз тағйир наёфтааст. Соли 2004 бо ширкати ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва вакилони парлумон бо сарпарастии САҲА нусхаи тағйирхурдаи қонун таҳия гашта, аз ҷониби ҲХДТ дастгирӣ наёфт. Соли 2007 таҳти сарпарастии IFES - Бунёди байналмилалии сохторҳои интихоботӣ низ кӯшишҳо бенатиҷа анҷом ёфт. Бо таваҷҷӯҳ ба вазъият ва шароити дохилии Тоҷикистон коршиносон ба эътибор гирифтани пешниҳодоти аҳзоби сиёсии кишварро баъид медонанд.

Ҳумайрои БАХТИЁР


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
" Мо тамоми сухани ҳукуматро ба инобат намегирем. Агар тарҳи қонуне, ки аз ҷониби ҳукумат ба мо пешниҳод мешавад, бо дигар қонун мухолифат дошта бошад, мо онро қабул намекунем". МЕБАХШЕД КАМТАР ИНСОФ ДАРКОР. ЯК ДУРУГИ ЗАМИНИ ГУЕД НАМЕШАВАД. ШУМО "ДЕПУТАТОИ МУХТАРМ" АГАР БЕ ИЧОЗАТИ ХУКУМАТ НАФАС КАШЕД ХАМОН РУЗ АЗ МАНСАБ ДАФЪТОН МЕКУНАД. ФАКАТ КОРТОН ФИРЕБИ МАРДУМИ ОДДИ АСТ. МУХТАРАМ АМИРШОЕВА! ДАХХО КОНУН БО ЯКДИГАР МУХОЛИФАНД КАНИ ЯК МИСОЛ БИЁРЕД, КИ КАДОМ КОНУНИ ПЕШНИХОД НАМУДАИ ХУКУМАТРО КАБУЛ НАКАРДЕД?

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!