Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:09

Тасмиме, ки обрӯи миллатро бурд

9 ноябр 2012, 06:14

Аз қазияи пурсару садои мавсум ба "халабонҳо" як сол пур мешавад. Он хати тираи дигар дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол буд, ки бо гузашти 12 моҳи расо пок нагардидааст. Аз ин қазия обрӯи як кишвари мустақил коҳиш ёфт, аммо зарбаи сахт сари муҳоҷирони меҳнатӣ расид. Бо гузашти як сол ҳанӯз таъсири манфии он болои муздурони тоҷикистонӣ эҳсос мешавад.
Пойҳое, ки ба андозаи курпа дароз нашуд…

Дар 20 соле, ки Тоҷикистон ба унвони як кишвари соҳибистиқлол тай кард, ҳолатҳои зиёде буданд, ки ба имиҷи он таъсири манфӣ расонданд. Қазияи халабонҳо дар ин миён нақши хоссае дорад. Агар гузоришҳои созмонҳои хориҷӣ дар мавриди кишвари фақиру нодор ва решаи мустаҳками ришвату фасод дар аксари сохторҳо мавқеи ҷумҳурии моро танҳо дар рейтингҳои марбут ба ҳамин соҳаҳо ба чанд зина поин бурд, аммо қазияи халабонҳо обрӯи Тоҷикистонро ба ҳайси як кишвари мустақил коҳиш дод. Ҳанӯз аз оғози қазия маълум буд, ки ин мавзӯъ барои Тоҷикистон "дарди сар"-и зиёдатиест. Боздошти халабонҳои русро бархе коршиносон як навъ паёми ҳукумати Тоҷикистон алайҳи Русия унвон мекарданд. Воқеан, дар чанд моҳи қабл аз ин муносибатҳои Душанбеву Маскав ба сардӣ гаравида буд ва эълони ҳукми додгоҳ нисбат ба лёчикҳо як навъ нишон додани "МАН"-и Тоҷикистон гуфта мешуд. Соҳибназарон аз қабл тахмин мекарданд, ки қазия ба нафъи Тоҷикистон анҷом нахоҳад шуд. Онҳо ба қудрати Русия ва заъфҳои фаровони Тоҷикистон ишора мекарданд. Ҳатто нафароне буданд, ки мегуфтанд, Душанбе "бо думи шер бозӣ дорад". Бархе ҳам иддао доштанд, Тоҷикистон як кишвари мустақил аст ва бояд ба ҳар қонуншиканӣ дар қаламраваш посухи дурусти ҳуқуқӣ бидиҳад. Ба гуфтаи онҳо ин як ҳодисаи маъмулист ва набояд "аз паша фил сохт". Бо вуҷуд бештари огоҳон таъкид мекарданд, ки ҳоло Тоҷикистон дар сатҳе нест, ки бо абарқудрате дасту панҷа нарм кунад, ба қавле "ҳар кас бояд пояшро ба андозаи курпааш дароз кунад"…

Зимнан, Дмитрий Рогозин, фиристодаи вижаи Русия дар НАТО ҳамон шабу рӯз изҳор намуд, ки: "Ин ҳукм (ба 8,5 сол маҳкум ба зиндон шудани шаҳрванди Русия-А.В.) ба Русия ва обрӯи он зарбаи сахт зад. Агар чунин ҳукм дар Амрико содир мешуд, онро фаҳмидан мумкин. Чунки ИМА давлати абарқудрат аст ва ҳарчанд мо дандон ба дандон монда хашмгин мешавем, вале мефаҳмем, ки ин ҷо муҳорибаи ду давлати баробарвазн меравад. Вале вақте Тоҷикистон ҳам бо мо ҳамин гуна рафтор мекунад, кас ҳайрон мешавад".

Воқеан, 17-уми ноябр Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон дар сӯҳбат бо ҳамтои русаш- Анатолий Сердюков гуфт, аз Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон супориш гирифтааст, ки масъалаи Владимир Садовничий ва Александр Руденкоро "мусбӣ ҳал кунад".


Фарзияборони қазияи халабонҳо

Ин қазия модари дуҷоне шуд, ки дар ниҳоят фарзиягоникҳои бешуморе зоид. Расонаҳои тоҷикиву русӣ моломоли фарзияҳо буд. Бо гузашти як сол ҳоҷати баршумурдани ҳамаи онҳо нест. Танҳо аз пуровозаҳояш як ёд меорем, ки вокунишҳои зиёдеро дар пай дошт. Мухолифони фирории ҳукумати Тоҷикистон дар сӯҳбат бо расонаҳои хориҷӣ иддао мекарданд, ки Душанбеи расмӣ бар ивази раҳоии халабонҳо озодии Рустам Ҳукумов, писари раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон Амонуллоҳ Ҳукумовро тақозо кардааст. Ин иддаоро ҳам ҷониби Тоҷикистон ва ҳам Русия рад карданд. Рустам Ҳукумов соли 2010 аз сӯи додгоҳи шаҳри Шелковои вилояти Маскав бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ба 9,5 соли зиндон маҳкум шуд. Моҳи декабри соли 2011 хабар расид, ки Ҳукумов баъди бозбинии парвандааш дар суди вилояти Маскав бегуноҳ шуморида ва озод гардид.

Як сиёсатмадори рус бошад, гуфт, боздошти халабонҳо баҳонае барои тасарруфи ҳавопаймоҳои онҳо буд. Ба қавли вай ин ҳавопаймоҳо барои интиқоли маводи мухаддири тавлиди Афғонистон қуллай мебошад.   


Қазияе, ки ҳама мавзӯъро ба "як нӯл зад"

Хабари боздошти халабонҳо дар матбуоти Русия ба ҳадде бозтоб ёфт, ки мавзӯъҳои муҳими дигар дуюму сеюмдараҷа шуданд. Аз сокини оддӣ то мақомҳои олии он кишвар аз халабонҳо мегуфтанд. Дар баъзе маворид лаҳни муаллифон марзи одобу ахлоқро убур карда, ба таҳқир мепечид. Дар навиштаҳои нисбатан "мулоимтар" Тоҷикистон давлати "ношукр" номида мешуд. Иддао мешуд, ки мардуми кишвараш аз ҳисоби Русия зиндагии осуда дорад, аммо алайҳи шаҳрвандони он иқдом кардааст.

Матбуоти Тоҷикистон ҳам гӯйё паст намеомад ва мекӯшид ҷавобҳои ҳамсон бидиҳад. Бо назардошти ҳамин вазъ 22-юми ноябр Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, Иттиҳодияи журналистон ва "Медиа Алянси Тоҷикистон" аз журналистони тоҷик ва рус даъват намуданд, ки дар инъикоси қазияи халабонҳои рус ва муҳоҷирони тоҷик аз "баёни душманона" худдорӣ намоянд. Ин созмони хабарнигорӣ навиштанд, ки баҳси халабонҳо дар Тоҷикистон ва муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз як қазияи додгоҳиву ҳуқуқӣ ба як баҳси сиёсӣ табдил шудааст.


"Камбағалро аз болои шутур ҳам саг газидаст"

Дар ин қазия ҳама-оддитарин сокини Русия ва баландтарин мақоми ҳукумат аз лаҷоми муҳоҷирон кашиданд. Агар то шурӯи қазия муҳоҷирон саду як мушкил доштанд, баъди он шумори онҳо ба даҳҳои дигар афзуд. Акнун ҳар нафар озодона муҳоҷиронро таҳқир мекард. Бархе сиёсатмадорон ҳам фурсати муносиби худро миёни мардум "ширин" карданро аз даст надода, пешниҳоду даъвоҳои булаҷабу ҳайратовар мекарданд.  

Масалан, яке муҳоҷирони тоҷикро қочоқчии маводи мухаддир, дигарӣ онҳоро силзадаву СПИД-олуда меномид.

Вақте аз Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури вақти Русия пурсиданд, Русия нисбат ба ин қазия чӣ кор хоҳад кард, посух дод, ки тасмими кишвараш метавонанд бо ҳукми додгоҳи Тоҷикистон ҳамвазн бошад. Зимнан, Медведев ба сардори хадамоти муҳоҷирати кишвараш дастур дод, ки масъалаи муҳоҷирони ғайриқонуниро ҷиддӣ бигирад.

Дар робита таҳлилгарон гуфтанд, ки ин ҳамон "ҷавоби ҳамвазн"-и Русия аст.

Даҳҳо муҳоҷири тоҷик аз сӯи кормандони мақомоти марбутаи Русия дастгир ва фавран ихроҷ шуданд. Ба миллатгароҳо низ "Худо дод". Шабу рӯзе, ки қазияи халабонҳо ба авҷи аъло расид, хабари қатли чанд ҳамватани мо расонаӣ гардид. Бахтиёр Расулов дар Санкт-Петербург ва Зокир Қурбонқулов дар Маскав ба таври ваҳшиёна кушта шуданд.

Ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқи Русия бо нашри изҳороте аз амалкарди мақомоти Русия алайҳи муҳоҷирони корӣ нигаронӣ карданд. Дар изҳорот аз ҷумла гуфта мешуд, ки "Ба андешаи мо ин шармандагӣ аст! Ҷазодиҳии оммавӣ ва амалкарди хушунатбори мақомот алайҳи як гурӯҳи муайяни одамон қобили қабул нест, гузашта аз ин ин иқдоми манфурона аст, он муғойири қавонини байналмилаллист".


Мусоидати "Гуруҳи мусоидат"

Баъди панҷ рӯзи бӯҳронӣ шудани вазъи муҳоҷирон рушанфикрону хабарнигорони тоҷик дар Душанбе аз таъсиси "Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирин" хабар доданд. Коҳиши шиддати ташаннуҷи авзоъ миёни ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистону Русия аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи он унвон шуд. 18-уми ноябр зимни муаррифии "Гурӯҳи мусоидат" зикр шуд, ки "Гурӯҳ ба ҳеч ҳизбу созмон ва ташкилоти сиёсӣ ҳамроҳ нест ва ҳадафҳои сиёсиро ҳам ба думбол надорад". Тоҷикистон, ки бино ба оморҳои ғайрирасмӣ наздики ду миллион шаҳрвандаш дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, вазъи пешомада бевосита боиси нигаронии ҷомеа гардида буд. "Гуруҳи мусоидат" аз роҳи дипломатияи мардумӣ кор гирифт ва барои эътидоли вазъ то ҳадди имкон талош кард.


"Бигзарад соли гушнагӣ…"

Бо гузашти як сол ҳоло ҳам вазъи муҳоҷирон ба ҳолати қабл аз моҳи ноябри соли 2011 барнагаштааст. Ҳатто баъди он ки Тоҷикистон бо ду дасти адаб ҳузури низомиёни русро барои 30 соли дигар тамдид кард ва бар иваз танҳо чанд имтиёзчае ба муҳоҷирон ваъда гирифт, муҳоҷирони тоҷик осебпазиртарин табааи хориҷии Русияанд.

Акобир, як дӯсти муҳоҷирам мегӯяд, баъди қазияи лёчикҳо ба ҳаёти нимосудаашон падруд гуфтанд. Ӯ, ки дар як ноҳияи назди Маскав ба кори сохтмон машғул аст, меафзояд: "Ду соли ахир дар як манзил кор мекардем. Муносибати соҳибхона бад набуд. Гоҳо ҳамроҳамон шишта шухӣ мекард. Аммо баъди ин воқеа гӯйё саги девона газида бошад якбора борони дашному таҳқирро ба сарамон рехт. Моро намояндаҳои миллати пасту разил хонду таҳдид кард, агар баъди панҷ дақиқа аз хонааш набароем рӯзамонро сиёҳ мекунад. Боз гуфт, ки агар фаҳмад ки дар ҳамин ноҳия ҳастем аз худамон хафа нашавем. Маҷбур бе ягон маблағ он ҷоро тарк кардем. Дар ин миён як бор ба ватан рафта омадам. Муносибати мардум ва кормандони пулису хадамоти муҳоҷират бо шаҳрвандони Тоҷикистон дигар ба ҳолати аввала барнагаштааст. Узбакҳову қирғизҳоро ба кор мегиранд, лекин кор ёфтани тоҷикон мушкил аст".    

Чанд нафари дигар ҳам тасдиқ карданд, ки то ҳанӯз муносибати шаҳрвандони Русия бо онҳо ба ҳолати пеш барнагаштааст.    

Ин дар ҳолест, ки ахиран, дар арафаи яксолагаии қазия миллатгароёни рус бо анҷоми раҳпаймоие ҷор заданд, ки мақомот бояд бо кишварҳои Осиёи Марказӣ низоми раводидро ҷорӣ намуда, муҳоҷират аз ин кишварҳоро маҳдуд намояд.

Порсол агар танҳо тақозо мекарданд, ки халабонҳо раҳо шаванд, имсол мегӯянд, раводид ҷорӣ шавад ва сафари онҳо маҳдуд гардад.


Ҷуръати тоҷикӣ

Қазияи халабонҳо моҳи ноябри соли 2011 дар ҷануби кишвар оғоз гардид. Ҳарчанд бино ба иттилои расмӣ лёчикҳо ҳанӯз моҳи март боздошт шуда буданд, аммо то ҳукми додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа "дар Бағдод оромӣ" буд. Суди Қӯрғонтеппа 8-уми ноябри соли 2011 халабонҳо Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия ва Александр Руденко, табааи Эстонияро бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз, нақзи меъёрҳои байналмилалии парвоз ва қочоқ муҷрим шинохта, ҳар кадомеро ба 10,5 соли зиндон маҳкум карда, бар асоси Қонуни авф ду соли онро кам намуд. Ҳамчунин, ду ҳавопаймои Ан-72 ва як муҳаррики мутаалиқ ба ширкати "Ролкан Инвестмент ЛТД"-ро ба нафъи Тоҷикистон мусодира кард. Баъди эълони ҳукм айбдоркунандаи давлатӣ аз додситонии Хатлон ҳатто ҳукмро одилона, вале "хеле нарм" арзёбӣ намуд.

22-юми ноябр додгоҳи вилояти Хатлон дар пайи бозбинии ҳукми халабонҳо, ки бо тақозои додситонии Хатлон сурат гирифт, Садовничий ва Руденкоро ду солу шаш моҳ маҳкум кард ва бо назардошти Қонуни афву мӯҳлате, ки дар боздошт ба сар бурданд, онҳоро раҳо кард. Коршиносон гуфтанд, ки озодии халабони рус таҳти фишори "шарики стратегӣ" сурат гирифтааст. Воқеан, Тоҷикистон аз сӯи "бародари бузург"-аш таҳдидҳои руирост шунид. Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия гуфт, дар сурати забони муштарак наёфтан бо Тоҷикистон дар робита ба сарнавишти халабони зиндонии рус, кишвараш метавонад, таҳримоти зиёди гуногун алайҳи Тоҷикистон эъмол кунад.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия бошад гуфт ба бознигарӣ ва баргардонидани шаҳрвандаш ба Русия пофишорӣ хоҳанд кард.

Владимир Жириновский, раиси ҳизби Либерал Демократҳои Русия (ЛДПР) бошад, ба Анатолий Сердюков, вазири дифои Русия номае фиристода, дархост кард, ки Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро бо кӯмаки нирӯҳои Русия аз зиндони Тоҷикистон раҳо шаванд.

Ва баъди он ки лёчикҳо озод шуданд, Вазорати умури хориҷии Русия онро  "муваффақияти бузург" номид. Интерфакс аз қавли як манбаъ аз ин ниҳод навишт, ки бо раҳоии Владимир Садовничий адолат барқарор шуд.

Дар ватан Садовничийро ба мисли қаҳрамон пешвоз гирифтанд; бо гулу гулдаста, шиор ва ҳарфҳои ширин. Ӯ барои ҳар шаҳрванди Русия қаҳрамон буд; ҳам президент, ҳам роҳбарони ҳизб ва ҳам сокинони оддӣ. Аммо даҳҳо муҳоҷири ихроҷшударо, ки барои панҷ сол аз ҳаққи рафтан ба Русия маҳрум шуданд, касе ҳамдардӣ накард.

Касеро парвое нест, ки дар ин панҷ сол онҳо бигзор бар ивази кори сангин ҳам бошад метавонистанд, зиндагии хонаводаи худро таъмин намоянд.

Ҳукумати Русия озод шудани халабонҳоро "муваффақияти бузург" унвон кард, вале ҳукумати Тоҷикистон дар ин бора ҳарфе нагуфт. Гӯё чунин ҳодисае ба миён наомада буд.


Абдулазизи ВОСЕЪ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!