Бахшҳо
17 ноя 2012 05:04Иҷтимоӣ

Вақте, ки рӯзи миллат ба каду мемонад

Пур будани сабади истеъмолии мардум шохисест, ки сатҳи зиндагии онҳо, саломатияшон ва тавоноии молияшонро ҷиҳати таъмини ин сабад нишон медиҳад. Имрӯз бо таваҷҷуҳ ба болоравии мудовими нархи маҳсулоти гуногун дар кишвар, ба назар мерасад, ки маоши мардуми Тоҷикистон қобилияти пӯшонидани сабади истеъмолияшонро надорад.

Ҳукумат аз ифшои сабади истеъмолӣ ҳарос дорад
Дар моддаи 5 -и"қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ" дарҷ гашта, ки ҳангоми муайян кардани маҷмӯи маҳсулоти озуқа меъёрҳои илман асоснокшудаи талаботи ҳадди ақал ба инобат гирифта мешавад. Ҳангоми муайян намудани маҷмӯи хизматрасонии дар таркиби сабади истеъмолӣ вуҷуддошта, қонеъ намудани талаботи ҳадди ақали аҳолӣ ба хизматрасонии манзилию коммуналӣ, маишӣ, нақлиётӣ ва алоқа ба инобат гирифта мешавад ва ниҳоят наҳваи ҳисоби сабади истеъмолӣ ҳар 5 сол бо судури қароре дар низомномаи нав иваз мегардад.   

Ин ки сабади истеъмолии шаҳрвандони Тоҷикистон аз кадом молҳо иборат аст ва арзишаш бо таваҷҷуҳ ба афзоиши нархҳо муайян шудааст ё хайр, Муқаддас Рустамова сармутахассиси шӯъбаи кафолатҳои иҷтимоии Вазорати меҳнат гуфт, ки пешниҳоди кардаи онҳо ба ҳукумати кишвар, бори аввал дар шакли қонун буд, ки ба хотири бӯҳрони молӣ ин қонунро ҳукумат напазируфт. Онгоҳ ҳукумат хост, то ин қонун дар шакли қарор пешниҳод гардад. "Ва мо ҳам бори дуввум дар шакли қарор пешниҳод кардему инак фақат имзо кардани мақомот мондааст, ки агар хоҳанд имзо мекунанд, агар нахоҳанд намекунанд".  

Аммо иқтисоддонон чунин мешуморанд, ки набояд ба умеди масъулин буд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ худ бояд дар ин маврид фаъол бошад. Вале дар Тоҷикистон ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъол набуда, балки пассив мебошад. Дар ҳамин маврид доктори улуми иқтисод Табаралӣ Ғаниев мегӯяд, ки ҳангоми дар Миср буданаш, институти сифати ғизои мардум ҳар моҳа журнали худро дар хусуси ин ки имрӯз мардуми Миср чӣ мехӯраду ба кадом касалӣ гирифторанд, чоп мекард. Дар он конфронс гуфта шуд, ки  ба хотири зиёд шудани бемориҳо ба далели ғизои якранг хӯрдани мардум, хусусан ҷавонон баъди 5 - 10 сол ба бемориҳои гуногун аз ҷумла зоб мубтало мешудаанд.

"Ба ҳамин хотир ин институт барномаи стратегӣ қабул намуда, вазифадор кард, ки барои бартараф сохтани ин мушкил барномаи дигари кишоварзӣ қабул намоянд, то дар таркиби ғизои мардум ғизои лубиёдонагӣ пайдо шавад. Бубинед, ки ин барномаҳо бо якдигар мувофиқанд. Аз ин хотир агар фақат такя ба Вазоратҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва об кунем, ин хатто аст", изҳор дошт Табаралӣ Ғаниев. Ба гуфтаи ин доктори улуми иқтисод такя кардан ба ташкилотҳои давлатӣ иштибоҳ буда, барои ҳамин институтҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва илмӣ бояд хеле фаъол бошанду барномаи худро пешниҳод кунанд, то ҳукумати кишвар аз пешниҳодот истифода барад ба унвони тарҳҳои стратегии давлат. Ба ҷои ҳаргуна кафкӯбиҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд фикрҳои худро баён кунад. Дар ин ҳолат аст, ки масъала ҳалли худро меёбад.                     

Маошу сабади истеъмолӣ бо якдигар мутобиқ нестанд
Новобаста аз ҳамаи ин ҳосили 2011 сабади истеъмолиро ба сари ҳар як нафар дар 1 моҳ 40 доллар тахмин зада буданд. Ҳол он ки ба гуфтаи Табаралӣ Ғаниев, сабади истеъмолӣ ба 360 сомонӣ ё 175 доллар баробар аст. Вале аз онҷое, ки 1 кило гӯшти гов ба 35 сомонӣ ва ва як халта орд ба 176 сомонӣ расидааст, баҳри рафъи эҳтиёҷоти як нафар бо маводи ғизоӣ дар 1 моҳ минимум аз 1000 сомонӣ хеле бештар лозим аст.

Доктори улуми иқтисод Табаралӣ Ғаниев мегӯяд, ки Тоҷикистон як хусусияти фарқкунандаи рушди иҷтимоӣ дорад. Дар Тоҷикистон ҳамчун як мамлакати шарқ дар як хона падар кор мекунаду модар бо 5 фарзанди дигар аз ин маош вобастагӣ доранд. Ин мазмуни онро дорад, ки агар маоши ҳадди ақали 200 сомонӣ ба 5 сабади истеъмолӣ тақсим мешавад. Сабади истеъмолӣ аз маоши ҳадди ақал 1,5 баланд аст. Агар сабади ситеъмолӣ бо назардошти болоравии нархҳо ҳисоб шавад, ба сари ҳар нафаре имрӯз 80 доллар ё наздики 400 сомонӣ рост меояд. Пас агар сабабди истеъмолии ҳар як нафар 400 сомонӣ бошад ва дар як оила 6 нафар зиндагӣ кунанд, ба 2400 сомонӣ баробар мешавад. Агар оилаи тоҷик бо ҳамин маоши минимуми 200 сомонӣ зиндагӣ кунад, 6 маротиба аз сабади истеъмолӣ камтар меафтад, ки ин худ қашшоқӣ маҳсуб меёбад.

Абдуллоҳи Ашӯр таҳлилгари масоили иқтисодӣ ин гуфтаҳоро тақвият бахшида  мегӯяд, "ба ҳама маълум аст, ки маоши расмӣ дар Тоҷикистон барои сабади истеъмолӣ он тараф истад, барои хӯроки маъмулии аксарият чой ва чаппотӣ намерасад. Қабул нашудани қонун дар бораи сабади истеъмолӣ низ сабабаш ин аст, ки қонуннавсҳои мо аз ниҳоят паст будани сатҳи маош дар Тоҷикистон шарм медоранд. Бинобар ин қонуни тарзи ҳисоби сабади истеъмолӣ то ҳол қабул нашудааст".

Маоши минималӣ дар Тоҷикистон 200 сомонӣ ва миёна 531 сомониро ташкил мекунад, ки ин барои таъмини сабади истеъмолии аҳолӣ кифоя нест. Минимуми даромади моҳонаи коргарон дар Осиёи Марказӣ порсол 19,1 доллар буд ва дар Тоҷикистон низ моҳонаи коргарони давлат соли гузашта 93 доллар ва ҳақмуздҳо дар бахши кишоварзӣ 35 то 80 доллар дар моҳ дар буда, ки ин рақам дар қиёс бо моҳонаи лозима барои як оилаи 4 нафара бисёр ночиз аст. Дар Қирғизистон миёнгини даромад 210 доллар, дар Озарбойҷон 278 доллар, Арманистон 375 ва Русия 945 доллар баровард мешавад. Тоҷикистон бо ҳадди аксари 110 доллар даромади моҳона барои 1 оилаи ҳадди ақал 4 нафара, дорои поинтарин шохис дар ҷамоҳири Осиёи Марказист.

Ба гуфтаи Табаралӣ Ғаниев доктори улуми иқтисод дар давлатҳои тараққикардаи дунё минҷумла Амрико маоши ҳадди ақал 400$ аст. Агар ин ду нишондиҳанда бо якдигар баробар карда шавад, бояд имрӯз ин ду маротиба баланд бардошта шавад.  Ҳатто дар ҳолати ба 400 расонидан низ, боз ҳам кифоя накарда мардум нимгурусна мемонанд.

Масъалаи дигаре, ки маошҳоро барои пӯшонидани сабади истеъмолӣ тазъиф мекунад, ин болоравии нархҳост. Зеро нархи маҳсулоти ғизоӣ ва ғайриғизоӣ дар Тоҷикистон таи як соли ахир ба шиддат афзоиш ёфтааст. Танҳо нархи орд имсол нисбат ба порсол 22% афзоиш ёфтааст. Иқтисоддонон мегӯянд, ҳар сола нархи сабади истеъмолӣ бояд 20% боло бардошта шавад, то ниҳоят ба музди меҳнати ҳадди ақал ва миёна мувофиқат кунад. Вале дар Тоҷикистон буҷет барои мувофиқа гардонидани маошҳо бо сабади истеъмолӣ тавонманд нест.

"Мардуми тоҷик кадуро ҷойгузини гӯшт мекунанд"
Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки нархи махсулоти гуногун доимо афзоиш меёбаду маошҳо низ дар баробари ин болоравӣ короии худро аз даст медиҳад, холӣ шудани сабади истеъмолии мардум асароти номатлубе дар зиндагии онҳо хоҳад дошт. Дар ҳамин маврид Абдуллоҳи Ашӯр таҳлилгари масоили иқтисодӣ мегӯяд, ки албатта дигар мардум ба ҷои гӯшт каду истеъмол мекунанд, зеро дигар чи ҳам метавонанд кунанд.

Табаралӣ Ғаниев низ мегӯяд, ки пешрафти илмӣ - техникӣдар ҷаҳон соле чандин миллион кормандонро аз кор берун мекунад ва ҷои кориро технология мегирад. Аз ин рӯ имрӯз Тоҷикистон низ аз ин раванд дур нест, зеро кишвари мо ҳам ҷузъи таркибии ҷомеаи ҷаҳонист. Ҳар соҳибкор ҳам кӯшиш мекунад ба ҷои 10 корманди бетахассусу бедониш як мошине гирад, ки як мутахассиси бузург бо он кор кунад ва садҳо маротиба ҳосилнокияш баланд бошад. Ҷомеаи ҷаҳон имрӯз чунин аст.

"Аммо агар мо андеша кунем, ки нархҳо баланд рафтаасту ҷойҳои кориро зиёд кунед, вале бо технологияи кӯҳна на моли Тоҷикистон бозоргир мешавад ва на фаъолияти корхона самараи хуб медиҳад. Бадин хотир соҳибкор ҳеч вақт қувваи корӣ намекобад, зеро техникаву технология мегӯяд, ки садҳо маротиба аз инсон коротар аст. Сиёсати имрӯзаи асри 21 сиёсати ақлҳо аст ва дигар сиёсати омилҳои физиологӣ нест. Аз ин хотир, хоҳем нахоҳем шиддатнокӣ ва болоравии арзиши зиндагӣ рух медиҳад. Ин бояд ба тамоми миллат фаҳмонида шавад, ки дигар бо белу каланди бобоӣ, зиндагӣ, зиндагии хуб намешавад", афзуд Табаралӣ Ғаниев.

Масъулин сабадиистеъмолиро, ки ифодагари ҳади камтарини маблағ барои рӯзгузаронӣ аст, 286 сомонӣ муаян карда, дар баробари он 200 сомонӣ маоши минимум таъин мекунад, ки ин барои рӯзгузаронии аҳолии кишвар кофӣ нест ва аз  кам будани арзиши сабади истеъмолӣ дар қиёс бо хароҷоти воқеи иаҳолӣ шаҳодат медиҳад. Нархҳо ҳам, ки боло мераванду поин не.

Бинобарин табиист, ки афзоиши нархи маводи ғизоӣ мардуми тоҷикро бо суитағзия мувоҷеҳ мекунад. Аммо мутаасифона фақат сабади истеъмолии мардум нест, ки холӣ мешавад, балки кам - кам зеҳни ҷавонон ҳам аз ҳаргуна илму дониш дар ҳоли тиҳӣ шудан аст. Зеро акнун шаҳрияи донишгоҳҳои Тоҷикистон сол то сол дар ҳоли афзоиш аст ва на ҳамаи оилаҳо имконият доранд, то фарзандонашонро ба донишгоҳ фиристанд. Нархҳо боло мераваду шиками мардуми тоҷик холитар мешавад, нархи хидматрасониҳои маорифу тандурустӣ ҳам афзоиш меёбад. Пас миллате, ки аз хадамоти иҷтимоӣ ва шиками сер маҳрум монад, дигар имкони рушдаш боқӣ намемонад.

Сиёвуш Қосимзода




Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)