Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:51

АЗ БОЛО ШОНА…

17 ноябр 2012, 05:46

(аз демократия ба ҳеч ваҷҳ наҳаросед, танҳо  аз  демократияи мақомдорони маҳалҳо бояд эҳтиёт кард!)

1.    Оғоз ё дар шаҳри Иттиҳод чӣ воқеа сар зада буд?
Сокинони маркази шаҳри Иттиҳод, ки дар хонаҳои ошёнадор зиндагӣ ба сар мебурданд, чанд соли ахир ба мушкиле бархурд намуда буданд, ки ҳолашонро табоҳ ва бад карда буд. Аслан сухан сари кадом мушкилот аст?

Ҳамин чанд соли ахир истиқоматкунандагони хонаҳои маркази шаҳр аз нарасидану нокифоятии оби гарму хунук, ҷорӣ гардидани реҷаи барқ дар ошёнаҳои баланд ва фарсудаву харобу нодаркор гардидани лӯлаву қубурҳои об, ки таи 21 соли соҳибистиқлолии кишвар боре ҳам (таваҷҷӯҳ намоед: боре ҳам !!!) рӯи таъмиру  тармимро надидаанд, ба дод омада аз ин рӯзгору зиндагии нобасомон бас пажмурдаву навмед гардида буданд. Охир, аз рӯи адлу инсоф бигӯед, ки магар дар миёнаҳои асри 21 дар хонаҳои баландошёнае зиндагӣ ба сар бибариву обе наёбӣ, ки чой монда бинушӣ ва ё таому ғизо омодаю таҳия намоӣ. Чун замин сахту осмон баланд аст, сатил бигири ва бирави ба деҳу маҳаллаҳои наздик ва аз кадом хонае об биталбӣ ва хачирвор кашида ба ҳуҷраат биёрӣ. Ва боз «болои сӯхта намакоб», лифт тӯли 21 сол ба тамом харобу вайрон асту аз кор мондааст. Ва соҳиби ин баландошёнаҳо пиллаконҳоро тоб хурда-тоб хурда, хаставу лакот, арақшору ғазабнок то ба ҳуҷраашон мерасанд ва обро бад-ин минвол шабеҳи гавҳараки чашм ҳифз мекунанд. Аммо бад аст, вақте ки оби ташноб низ қатъ гардида бошад. Ҳай рӯзи сиёҳест, ҳай фалокату бадбахти ногуфтанию лотасвирест ин манзара. Ва ҳамаи ин ҳол дар тобистону тирамоҳ ё ҳадди ақал баҳорон не, балки зимистони сарду замҳарир ба вуқуъ бипайвандад-чӣ?! Тасаввур мекунед?

Ва табиист, ки сокинони ҷабрдидаи хонаҳои маркази шаҳр мактубу аризаҳо бинвишта, ба ҳукумати шаҳри Иттиҳод ирсол намуданд. Рӯзҳо, ҳафтаҳо, моҳҳо ва интиҳо соле сипарӣ гардид. На ҷавобе, на додрасе! Ҷабрдидаҳо дубора аризаву шикоятномаҳо навишта, худ ба қабули Раис омаданд. Раис дигар чорае надошт, сокинони маркази шаҳрро қабуд ва арзашонро истимоъ фармуд. Ва оқибат ваъда дод, ки ҳайати махсусро аз мақомоти Ҳукумат ҳамчун комиссия баҳри омӯхтани вазъият ва дидани чораҳои амаливу қатъӣ ба маҳалли зисти шикоятгарон хоҳад фиристод. Бо гузашти расо 17 шабу 17 рӯз охиру оқибат 5 нафар кулоҳбасару галстукбагардан, папкаҳо дар даст ба макони ҷанҷолӣ омаданд. Ба чанд хона даромаданд, аз таҳхонаи лӯлаву қубурҳо хабар гирифтанд. Сар ҷумбонданду даст афшонданд, изҳори таассуф карданд. Ва бар ҳафт пушти кадом як масъулу масъулони соҳа (аҷаба, онҳо худашон чӣ вазифае доштанд, номаълум буданд) дашному ҳақоратҳои болохонадору осмонӣ фиристоданд ва ба саҳни боғчаи назди манзилҳои «ҷанҷолӣ» баромада, оҳи ба дард аз ҷигар кашиданд;

- Аз пагоҳ сар карда ба таъмири лӯлаву қубурҳоятон масъулони Ҳукумат шурӯъ хоҳанд кард, - дилпурона ваъда дод калони намояндаҳо, ки абрӯвони пурпушти ғафс-ғафси сип-сиёҳи пари зоғмонанде дошт. Мо ҳоло шароити тоқатфарсои шуморо дар дилу ҷони худ эҳсос кардем. Офарини ҷонатон!
Ва рафтанд. Ончунон рафтанд, ки дигар касе рангу раҳмони онҳоро вопас ба чашм надид. Рафтанд, ки рафтанд. Пагоҳ чӣ ки даҳҳо рӯзу даҳҳо моҳ нафаре сӯи соҳибони бахтбаргаштаи хонаи баландошёна назаре накард. Наомаданд ҳукуматиҳо, фиреб карданд, чун фиребу ваъда шиори зиндагиву амали 21 солаи фаъолияти ин тоифаи «нокардакор» маҳсуб меёбад. Соҳибхонаҳо дар аъроф монданд, ба фикр ғарқ шуданд, мунтаҳо дар хараки пеши хонаҳошон гирд омаданд ва маслаҳату машварат карданду ба як хулоса омаданд, ки …

2.    «Боло ба боло» шикоят мебарум…
Мустақиман арзу доди хеш ба «боло», «болои боло» мебаранд. Ва номаву шикоятҳои худ ба дастгоҳи Иҷроияи Подшоҳ бурданд. Ва дар як утоқи бошукуҳу барҳаво нафаре аризаву номашонро сабту қайд кард ва андаруни як парвандаи сафеди оҳорие гузошт, ки дар рӯяш навишта шуда буд: «ШИКОЯТНОМАҲО».

Ва ба шикоятбарон фаҳмонд, ки «бираведу интизор шавед. Аз натиҷаи аризаатон баъдан хабару иттилоъ хоҳем дод. Ва баргаштанд сокинони хонаҳои баландошёна ба манзилҳои зисташон. Ва дар интизории ҷавоби шикоятномаҳои худ аз қавли Сайидо, мардумаки чашмонашон сафед гардид. Касе аз вазъашон вопас напурсид, ки напурсид. Боз ба дастгоҳи Иҷроияи Подшоҳ қадам ранҷа карданд. Ҳамон нафаре, ки шикояти дилсӯхтагони шаҳри Иттиҳодро дар парванда ҷой карда буд, ин дафъа арзи шифоҳии онҳоро гӯш карду гӯш кард. Ва дар фарҷом чизе ба хотири яхзадааш расид, ки нигоҳ ба пеши пояш дӯхта, хаёлманд овоз баланд кард:

- Э, э, фаҳмо, фаҳмо. Шуд, шуд, арзи шумо бароям чун рӯз равшан гардид. Оби гарму хунук надоред, барқ надоред, бӯи ташнобҳоятон ҳама гӯшаву канорҳои шаҳри Иттиҳодро фаро гирифтааст. Ҳа, ҳа, ҳа… ҳо, ҳо, ҳо. Мо арзи шуморо ба шарҳу тавзеҳот як нусха ба ҳукумати шаҳратон фиристодем, нусхаи дигар ба вазорати … вазорати… сабил чӣ буд… ҳа, ҳа, ҳа,  ҳо, ҳо, ҳо… хай марбут ба ҳамин масоили шумо гуфтагӣ роҳӣ кардем ҳамаву ҳама, аз раису вазир то Савазиру подшоҳ аз ин вазъи фалокатзору шармбарангез амиқан хабар доранд. Ин мушкил, Худо хоҳад, ҳал мешавад, балки ҳалшуда биҳисобедаш. Равед, мунтазир шавед.

Ва истиқоматкунандагони саргарангу парешонхотир, аз ин муаммо чизеро дарку фаҳм накарда, ба хонаҳояшон баргаштанд. Ва ба дарёи фикр ғутавар шуданд, ки барфҳои аввали зимистони соли дуввум бар сарашон борид. Касе наомад, ҳолашон напурсид, балки сарироҳӣ тасалло надодашон, ки «ягон  чора меандешем». Ва дилашон монд аз ҳама мақомдорон: аз Раис, аз Вазир, аз Сарвазир, аз дастгоҳи иҷроияи Подшоҳ ва боз нақша кашиданд, ки кадом роҳро ба кор бубаранд, ки мушкилашон осон гардад, дарду доғи дилашон ба худи подшоҳ маълум гардад. Як рӯзе саҳеҳтараш чоршанбеи ҳафтаи дуввуми моҳи январ, ки офтоб андак-андак аз паси чодари абрҳо рух намуда буду заҳри ҳаво саҳл «шикаста» метофт, ҷавонмарди бакитфу бозу ва қадбаланд, ки дар ин қаламрав «Долф Лунгрен» лақабаш ниҳода буданл ва моҳе буд, ки дар хонаи шаҳрияш зиндагӣ ба сар мебурд, пайки тоза овард. ӯ шарҳу тавзеҳ дод, ки дар назди бозори Шоҳмансур бо як шиносаш, ки дар телевизиони «Ҷаҳондор» кор мекунад, тасодуфан вохӯрдааст. Ва дар зимн, аз ӯ шарҳу тасвири вазъияти нохуши истиқоматкунандагони хонаҳои баланошёнаи шаҳри Иттиҳодро пурсон гардидааст. Рафиқи журналисташ ба ӯ фаҳмондааст, ки «ин мушкилро мо ҳал хоҳем кард. Роҳбарони шаҳратонро шармандаву расво мекунем, даб-далаашонро мебарорем. Ана мебинед, ана мебинед. Мо ҳавоякӣ гап намезанем, аноӣ ҳам нестем. »

- Акнун,- мад кашида хитоб кард «Долф Лунгрен», ин тарафаш дар дасти мову шумо. Хоҳед аз пагоҳ, хоҳед ҳоли ҳозир, ё меравем ба телевизиони «Ҷаҳондор», ё занг мезанам ба рафиқам, ки дастгоҳҳои наворбардории худро гирифта рост ба маҳалли зисти мо сафар кунанд. Маслиҳат чист дигар?

Э,э ҳамин ҳозир зангаш бизан, ки дер накарда хеста биояд,-саросема карданд Лунгренро. Ҳамин ҳоло биояд, дер накунад… Ва…

3.    Омад-омади телевизиони «Ҷаҳондор» ба шаҳри Иттиҳод
Ва қарибии соатҳои 1130  дақиқа, ки акнун офтоб баҳузуру бафурҷа аз паси шоли абрҳо раҳоӣ ёфта, дар соҳати осмони азрақором майдондорӣ мекард., «бачаҳои» телевизиони «Ҷаҳондор» (ду нафар) дастгоҳи видеоӣ дар даст расида омаданд.

- Корро аз куҷо сар кунем?- пурсид дӯсти Долф Лундгрен, ҷавони хароби дар курткаи рангбохта худро сахт печонда.

- Аввал ба хонаҳо дароен, ҳоли зори моро бубинеду ба навор гиред,- илтиҷоомез фаҳмонданд чанд кадхудо, аз ошёнаҳои чаҳоруму панҷум. Бубинед, ки аз бӯи бада дар хонаҳо дигар имкони баҳузур нишастану нафас гирифтан намондааст. Рӯзамон чун шаби тори маҷнунсифатон сип-сиёҳ аст. ӣн ҳолро Худованд ба душмани ҷони бани башар, ба кофиру яҳуд нишон надиҳаде… Эҳ, Худо, Худоҷон… Чун фиғони соҳибони хонаҳо баланд шуд, ҳар ду кормандони телевизиони «Ҷаҳондор» дарсоат аз поғундаҳои симонтии аз сардӣ яхбаста боло шуданд. Ба ину он хонаву ҳуҷраҳо ворид гардида, вазъи асафбори ташноб; таомхона ва ҳуҷраҳоро ба навор гирифтанд, бо соҳибхоназанҳо муҳовара оростанд,ба як сухан, тамоми аламу ҳасратҳои дусолаи дар як кунҷи дилҳошон маҳфузгардидаи истиқоматкунандагони маркази шаҳри
Иттиҳодро сабт карданд. Пасон аз зинаҳои симонтӣ поён шуданду ба таҳхонаи бинои дарозу босуръат дохил гардиданд.

Қубуру лӯлаҳои зангзадаву шикаста, ҷо-ҷо канда шудаву бесоҳиб ба чар тараф ҳаво додаро ба мушоҳида гирифта, бо надомат сар ҷунбонданд ва низ ин ҳама манзараи нохушу дилзанандаро ба навор гирифтанд. Аз он ба баъд боз чанд тан аз ҷавонону мардон суолу ҷавоб карданд ва бору анҷомашонро бардошта, ба ҷониби корхонаи буғу гармидиҳӣ раҳсипор гардиданд. Ғайр аз посбони ТЭС касероо наёфтанд. Ҳоли хароби дегҳои гармидиҳиро, ки билкул аз кор баромада буданд, сабт намуданд. Баъд… ҳамроҳи дӯсташон Долф Лундгрен дафъатан ба маҳалли зисти «ҷабрдидаҳо» омаданд. Хайрухуш карданӣ шуданд ва дар фароварди суханашон чун ваъдаи хурсандиовар иброз доштанд,ки :

- Мо ба ҷои кор расида, навори видеоиямонро бо ҷумла суҳбату гуфтугузорҳо ба танзим медарорем, мураттаб ва ҷо ба ҷо мекунем, баъд намоиш ба эфир хоҳад баромад.

- Тахминан чанд рӯз баъд аз тариқи телевизион намоиш медиҳед барномаатонро?- такпурсӣ кард бетоқатона сокини хонае аз ошёнаи нуҳум, ки муаллими бафарҳанге ҳисоб меёфт.

- Хайр, шояд 2-3 рӯз баъд. Мо боз ба «Лундгрен» занг хоҳем зад. Парво накунеду ғам ба дил роҳ надиҳед. Мо гуфтем, албатта иҷро хоҳем кард. Ва савори «газел»-и роҳ ба сӯи Шаҳри Калон равон гардиданӣ буданд, ки…

4. Лату куби наворбардорон аз ҷониби ҳукуматдорони шаҳри иттиҳод ва тантанаи «демократияи дурӯғини тоҷикӣ» дар кишвар.
Ана дар ҳамин ҷои ҳикоятамон ба авҷи иртифоъи вақеоти тасвиркардаамон наздик мешавем. Баъд чӣ ҳодиса сар зад? Бо ҳамин тамом? Поёни моҷаро бо чӣ анҷом медиҳад? Оё ин моҷаро фарҷоме дошт ё на? Ҳоло ба мағзу ҷавҳари ҳодисот таваҷҷӯҳ намоед. Бояд зикр кард, ки чун журналистони телевизиони «Ҷаҳондор» ба корхонаи гармдиҳии шаҳр (ТЕС) рафта, дегҳову лӯлаҳоро ба навор гирифтанд, посбони  корхона ба таври зуд бо Ҳукумати шаҳр телфонӣ дар тамос шуд ва бо     аҷала ба намояндагони ҳукумат хабар дод, ки фалону фалон шахсан аз телевизион дастгоҳҳои зангзадаву аз кор мондаи корхонаро беиҷозати Раиси Калон наворбардорӣ мекунанд. Тезтар  бишитобед, ки агар рафту дер кунад, ба гарди пойи ун журналистон расидагӣ карда наметавонед. Тамом вассалом! Ва ун  намоянда осемасар ба дафтари корииРаиси Калон саре зад ва ҳаш-ҳашкунону нафасгардон аз воқеияти ҳол муфасаллан маълумот дод. Раиси Шаҳр амр дод, то ки ҳарчӣ зудтар журналистонро ёфтаву ба даст дароварда, фиттаи наворҳоро аз эшон ҷабрану зуран кашида мегиред, ба як сухан-меситонед.

- Агар онҳо ҳарфи қонунро пеш оранду ба супурдани диски наворҳо розӣ нашаванд-чӣ?-дурандешона суол кард намояндаи махсуси Ҳукумати шаҳр.

-Дар он сурат ба онҳо таҳдид кунед, битарсонедашон, -маслиҳат дод Раис, ки шикамаш баробари манаҳаш меомад.
Намоянда ҳайрон монда буд.

-Агар ун журналистон натарсанд-чӣ?

-Он вақт ба зери мушту лагад бигиредашон, -асабинамо барошуфт Раис ва рақамҳоеро чида, занг зад. Ба шахси масъули дигаре амру фармон дод, ки «зудтар аз паи кор шавед!» ва пас ҷониби намояндаи махсус теғи нигаҳ кашид.

- Шербачаҳоро аз шӯъбаи милиса вазифадор карданд, ки аз паси он ду тан «телевизионшик» шаванд. Шумо бо онҳо ҳамроҳӣ мекунед. Хезед, марш! Боз журналистон аз ҳудуди шаҳри Иттиҳод баромада нараванд.

«Шербачаҳо»-и шӯъбаи милиса дар як мошин, намояндаи махсуси ҳукумати ноҳия бо чанд корманди Ҳукумат дар мошини дигар ба шоҳроҳ баромаданд. Рақамҳои «газел»-еро, ки ду тан корманди телевизиони «Ҷаҳондор» дар он савор буданд, бо чӣ роҳ шӯъбаи махсуси милиса ёфтаву сабт карда буд. Мошинҳо яке аз паи дигар «газел»-ро дар километри 9-ум пешгир карданд ва … манъаш намуданд. Даршаст дари онро кушода, он ду танро ғазаболуд ва бо ҳам-ҳамаю ҳангома поён кашиданд. Канори роҳ бурда аз журналистон талаб карданд, ки наворҳоро ба хубӣ, бе ҳеч хархаша ба онҳо расонанд.

- Медонед, ҷӯраҳо,-бо оҳанги нарму мулоим фаҳмонд намояндаи махсус. Ҳамон дискеро, ки дар он наворҳои сабти хонаҳои баландошёна, қубуру лӯлаҳо ва дегҳои буғиву гармидиҳандаи ТЭС-и шаҳр маҳфузанд, бе гапу калочаи зиёдатӣ ба мо супоред. Фармон аз болост! Фаҳмидед?

- Фармон аз боло, аз кист?- бо қаҳр пурсид дӯсти Долф Лундгрен. Аз Сарвазир? Аз вазир? Аз кӣ охир?

-Аз Раиси Шаҳри Иттиҳод!

-Фаҳмо,- ғурунгид он журналист ва хост, ки ба раиси телевизиони «Ҷаҳондор» телефон кунад. Вале як «шербача»-и паҳлавонсурат телефони ҳамроҳи ӯро ҷабран аз дасташ ситониду ба ҷайби хеш зад.
Кашокашу ҷанҷол тақрибан 15-20 дақиқа давом ёфт.

- Мо дискро намедиҳем,-бо қатъият ба низоъ хотима бахшиданӣ шуда гуфтанд кормандони телевизион. Дар асоси қонун аз болои шумо ба мақомот шикоят хоҳем бурд. Ана ҳамин тавр…

Намоянда аз сардии ҳаво бадтар ба шӯр омада, ба сӯи шербачаҳо ишорае кард, ки маънояш амалиёнро шӯруъ кунед буд. Он ду тан журналисти бечораро «шербачаҳо» кашолакунон ба пасхамие бурда, ба «амалиёт» оғоз карданд. Бо мушт, лагад, ҳатто бо калла ононро мекӯбиданд. Мушткӯбию лагадфарориву каллазанӣ ба тахмин ним соат идома ёфт. Оқибат шаш нафар бузбалаи саропо-шикам ду тан корманди телевизионро, ки пайкари харобу наҳифе доштанд, аз по афтонданд. Ҷо-ҷо рӯи барф қатраҳои хун монои доғҳои ало-алои арғувонӣ ба чашм бармехурданд. Фиттаи наворҳоро аз онҳо ситонида, намояндаи махсус ҳамроҳ бо «шербачаҳо»-и «отдел» гирифта бурданд. Тасвири ҳақиқати ҳоли ғамангезу андӯҳзо дар наворҳо абадӣ ба боди фано рафт. Ҳақиқат маҳкум ба марг гардид…

5.    Анҷом ё «Даҳони баста-сад тилло»
Раиси телевизиони «Ҷаҳондор» бо вуқуфи аҳволи рухдода ончунон ба ғазаб омаду он қадар раиси он шаҳрро, ки ба тахмин 27 километр дуртар аз пойтахт фосила дошт, дашному сақатборон кард, ки худ дар амалҳои хеш ҳайрон монд ва алалфавр рақамҳои телефони раиси шаҳри Иттиҳодро чида, зангаш зад.

- Ман гӯш мекунам,-садо баровард аз он сӯи гӯшӣ раиси шаҳри Иттиҳод.- хизмат?
Ва сарвари телевизиони «Ҷаҳондор» оташи ғазабу ғалаёни дилашро фурӯ кушта, ҳоли зуҳурнамударо ба тафсил нақл карда, зимнан, раисро огоҳонид, ки «Ман ин корро ҳамин тавр намемонам. Бо саратон ҷавоб хоҳед дод. Тамом».

-Гӯш кунед, гӯш кунед,-бонг бардошт раиси шаҳр. Бо ман сарбасар нашавед. Фаҳмидед? Беҳтараш аз рӯи мақоли «Уштури сафеда дидӣ? Надидам!» амал кун, ошно!

- Не, ҳеч гоҳ!-ғазаб кард раиси «Ҷаҳондор». Шуморо ба суд хоҳам дод, ба суд! Ана ҳамин тавр!
… Се рӯз аз байн гузашт. Воқеаҳои пурасрор ба амал омаданд дар кишвар. Раиси телевизиони «Ҷаҳондор» оромакак ва бе ҳеч ғавғову ҳангома аз вазифа сабукдуш ва ба
ҷои вай як актрисаи синамо сарвари коргоҳи эҷодӣ таъин карда шуд.
Он ду тан журналист низ аз кор пеш карда шуданд.

Ва инак, муддатҳост, ки бекор ва овора дар кӯчаву ҷодаҳои шаҳр номуродона гардиш мекунанд.
Раиси шаҳри Иттиҳод дар баромадҳои худ гардан кашида, дар хусуси дараҷаи некуаҳволии сокинони шаҳри худ мелақаду мелақад. Дар сӯҳбатҳои хоса ба атрофиён хандаи ҷигарӣ карда, ҳад мекашад:

- Ҳеч кас ба мо сарбасар нашавад, ки лингаш аз осмон меояд. Ана бубинед, ки кӣ метавонистааст.
Мо зӯру тавоноем, та-во-но…  Ҳа, ҳа, ҳа, ҳо, ҳо, ҳо…

Шодӣ СУҲАЙЛ





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!