Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:40

«Ҷанг»-и раис бо зани соҳибкор. Дар Фархор

20 ноябр 2012, 10:06

Ҳукумати ноҳияи Фархори вилояти Хатлон чанд вақт боз бо ягона бонуи соҳибкори минтақа дар ҳолати ба истилоҳ «ҷангӣ» қарор дорад…

Мавлуда Алиева ҳанӯз соли 2008-ум биноҳои харобгаштаи тобеъи  идораи ДОСААФ-ро бо заминҳои наздибиноӣ бо тарзи протоколӣ харидорӣ намудааст. Хонуми соҳибкор инчунин бо Қарори ҳукумати маҳаллӣ 16 дарсад замини бекорхобидаи дигарро дар паҳлӯи ҳамин майдон низ барои бунёди корхонаи истеҳсолӣ аз худ намуд.

Ба қавли ӯ, ҳамаи 44 дарсад майдони азхудкардашуда, ки дар маркази ноҳия, дар шафати варзишгоҳ мавҷуд буд, ҳамагӣ лабрез аз ахлоту партов буд. Ҳамсӯҳбати мо афзуд: «Ин ҷо мақарри партовгоҳи ахлоти сокинон буд. Ҳамаи ин кӯҳи ахлотро мемонд. Баъди харидорӣ зиёда аз 50 мошини «Камаз» ахлотро тоза карда ба партовгоҳ, даҳҳо километр аз маркази ноҳия дур кашондем. Биноҳои фурӯрехтаву харобгаштаро аз нав сохтаву барқарор карда, инчунин чанд ҳуҷраи нави корӣ низ бино намудем».

Бонуи соҳибкор ба нақлаш идома дода гуфт, ки пас аз хамаи ин корҳо корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонӣ бунёд карда, дар он беш аз 20 нафар сокинонро бо кори доимӣ таъмин намудем. «Вале чанд муддат аст, ки раиси ноҳия Қурбонбой Каримов ва раиси ҷамоати шаҳрак Валӣ Раҳмонов ба фаъолияти корхона монеъ мешаванд. Аниқтараш, дӯғу сиёсат доранд, ки заминҳои корхонаро бо бинову иншооти сохтмонӣ хароб намоянд. Зеро ба гуфтаи эшон, ин заминҳои варзишгоҳ будаву гӯё мо онро ғайриқонунӣ аз худ карда бошем. Ҳарчанд ҳуҷҷатҳоро пешниҳод менамоем, аммо раисон ба  он таваҷҷӯҳ надоранд».

Дар ҳамин ҳол, Мавлуда Алиева чандин маротиба ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсан ба раиси ноҳия ҷаноби Каримов аризаи шикоятӣ навишта, ҳуҷҷатҳои расмиро оид ба соҳибмулк буданаш дар ин мавзеъ пешниҳод кардааст, вале аз он ҷониб то ҳанӯз посухе нарасидааст. «Ҳатто кӯшиши вохӯрӣ бо раисро дар рӯзҳои қабули шаҳрвандон мекунем, аммо он кас моро қабул кардан намехоҳад», мегӯяд Алиева.

Алиеваи соҳибкор ҳатто розӣ аст, ки агар ҳамин майдон барои сохтмон ва васеъ шудани варзишгоҳ зарур бошад, онро ба ихтиёри варзишгоҳ гузорад. «Танҳо маблағи биноҳои корхонаро ҳукумати маҳаллӣ пардохт кардаву ҳамин миқдор замин барои бунёди дубораи корхона ба мо кӯмак намоянд. Мо тайёрем, ин мавзеъро ба варзишгоҳ  гузорем. Аммо на мақомоти иҷроия ва на ҷамоати шаҳрак дар ин маврид бо мо дар мувофиқа омадан намехоҳанд».

Ин дар ҳолест, ки дар корхонаи истеҳсолии «Саидиён»  беш аз 20 нафар коргарон ба кори доимӣ ҷалб шуда, ба истеҳсоли маҳсулоти нонӣ аз қабили хлеб, кулча ва булочка машғул мебошанд. Воқеан, ин  корхона дар саросари ноҳия ягона аст. Ба қавли масъулинаш, ширкат дар як шабонарӯз зиёда аз 800 дона хлеб, 1000 дона булочка ва 300 дона кулчаи миллӣ истеҳсол карда, ба савдо мебарорад. Баробари ин, корхона андози давлатӣ, ҳаққи истифодаи барқу обро сари вақт пардохт карда, то имрӯз аз ягон ташкилот қарздор нест. Вале бо сабабҳои барои соҳибмулк номаълум, ҳукумати ноҳия ба фаъолияти корхона монеъ мешавад.

Воқеан, дар ин маврид таъкиди президент ҳам ҳаст, ки барои бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, ки метавонанд ҷойҳои кориро дар маҳалҳо афзоиш диҳанд, ҳукуматҳои маҳаллӣ бояд кумаку ёрӣ расонанд. Дар сурати акс, оё метавон аз рушду пешрафт ва ба кор таъмин гаштани мардуми бумӣ ва беҳбуди зиндагӣ ҳарф зад?

Аслиддин ДОСТИЕВ

















Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!