Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:50

Тоҷикистон бе идеология? Боварнакарданӣ!

23 ноябр 2012, 05:10

Сиёсатшиносон бар ин назаранд, ки бидуни идеологияи мушаххас ҳеч ҳукумате кафолати устувор ва пойдории давлаташро надорад. Танҳо идеология метавонад бойиси муттаҳид гардидани табақаҳои мухталифи ҷомеа бошад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин назарияи сиёсӣ коршиносон мегӯянд, шояд аз ин сабаб ҳукумати Тоҷикистон то имрӯз натавонист эътимоди тамоми гурӯҳҳои кишварро ба даст оварад. Ба иддаои онҳо ҳукумати кишвар дар мавриди муттаҳид кардани ҷомеа бештар аз мавзуоти мавсимӣ истифода мекунанд.

Идеологияҳои мавсимии Тоҷикистон
Роғун, Ваҳдати миллӣ, кишвари соҳибистиқлолу осуда ва пойдории давлати дунявӣ аз доираи мавзуоте мебошад, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳамасола атрофи он барномаҳое тарҳрезӣ мекунад. Агар чанд сол қабл ҳукумат танҳо дар мавриди зарурати бунёди нерӯгоҳи «Роғун» ҳарф зада, мардумро муттаҳид мекард, пас дар ин авохир самти ҳадафи ҳукумат тағйир ёфтааст. Чунин ба назар мерасад, ки ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, то аз ҳар имконияти оддитарин ба фоидаи худ истифода бикунад. Барои мисол ҳукумати Тоҷикистон ҳар мавсим мавзуоти мушахасе барои сӯҳбат дошт. Агар дар аввали соли ҷорӣ масъулин бештар атрофи ба даст овардани истиқлоли энержӣ сӯҳбат мекарданд, дар тобистон маҳфилҳоро бештар мавзӯи Ваҳдати миллӣ гарм нигоҳ дошт. Ногуфта намонад, ки амнияти давлат низ яке аз мавзӯи муҳим барои ҳукумат буда, ҳамасола ҳадди аққал як маротиба ва барои чанд моҳ онро матраҳ мекунад. Мавсими пойиз бошад, ҷойи сӯҳбатҳо атрофи истиқлоли давлатӣ ва ҳамзамон пойдории давлати дунявӣ аст. Чанд рӯз қабл Тоҷикистон 20 солагии иҷлосияи 16-умро ҷашн гирифт. Тамоми расонаҳои давлатӣ бо такя ба суханронии раисҷумҳур таъкид мекарданд, ки нигоҳ доштани давлати дунявӣ бояд ягона мақсади мардуми кишвар бошад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари сиёсатшинос Абдулғанӣ Маҳмадазимов ҳукумати Тоҷикистон тибқи сарқонун ҳуқуқи интихоби идеологияи гурӯҳиро надорад. Зеро дар банди аввали сарқонун Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ буда, қонунгузорӣ гуногуншаклии идеологиро кафолат додааст.

Кӯҳҳо монеи муттаҳидии минтақаҳои Тоҷикистон
Ҳар кишвар вобаста ба раванди сиёсиаш як муддат барои худ идеологияе интихоб карда метавонад. Абдулғанӣ Маҳмадазимов мегӯяд, тибқи тадқиқоти анҷомдодааш ба хулосае расидааст, ки дар системаи давлатдории Тоҷикистон идеологияро пайдо накарда, аммо механизмеро кашф кардааст. Ба бовари ин сиёсатшинос ҳукумати Тоҷикистон бояд набудани идеологияро ҷуброн кунад:

«Дар тамоми кишварҳои дунё фарҳанги сиёсӣ тақозо мекунад, ки мардум бояд бо идеологияи мушахас муттаҳид карда шаванд. Аммо дар мо чунин шароит ба вуҷуд наомад. Ба назари ман қуллаҳои баланди манотиқи кишвар иҷоза надод, то мардум бо ҳам пайваст бошанд. Ҳукумат чунин механизмеро роҳандозӣ накард, ки ҳадди аққал дар зеҳнҳо ин қуллаҳо аз байн бираванд».

Албатта ҳар давлату миллат ниёз ба идеолгия дорад, аз ҷумла тоҷикон. Ба бовари номбурда ваҳдати миллӣ бояд ягона идеология барои ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон бошад, зеро 27-уми июни соли 1997 ҷонибҳо созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро имзо карданд. «Мардум ва ҳукумати Тоҷикистон ҳоло ҳам дар марҳилаи ризоият ҳастанд. Гурезаҳо баргаштанд. Акнун мо бояд бештар атрофи ваҳдати миллӣ сӯҳбатҳо анҷом бидиҳем»,- илова кард Абдулғанӣ Маҳмадазимов.

Ислом ҷойгоҳи идеологияи сиёсии ҳукуматро аз худ кардааст
Аслан ҳар ҳукумате, ки хоҳиши ояндаи намунаи давлатдориро дошта бошад, бояд дар доираи як идеология фаъолият намояд. Барои мисол дар Шӯравӣ масъулини вақт тавонистанд бо идеологияи коммунизм боварии мардумро ба даст биёранд, мегӯяд сиёсатшинос Раҳматулло Валиев. Аммо ҳукумати феълии Тоҷикистон барои мушаххас кардани идеология хеле таъхир кард. Сатҳи зиндагии мардум, нуфузи Тоҷикистон дар арсаҳои байналмилалӣ ва ҳамзамон муҳоҷирати оммавӣ дигар имкон намедиҳад, ки ҳукумат мардумро атрофи худ муттаҳид созад. Албатта дар чунин шароит ҳам имкони муттаҳид кардани мардум ҳаст. Ислом метавонад ягона роҳи наздик шудани ҳукумат ба мардум бошад. Албатта на исломи сиёсӣ. Танҳо маҳдуд накардани фаъолият ва зисти мусалмонон ба ҳукумат иҷоза медиҳад, ки ҳадди аққал қадаме барои иваз кардани муносибат гузошта шавад, меафзояд Раҳматулло Валиев:

«Вақте дар сарқонун Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муррифӣ шудааст, пас ҳукумат бояд талош мекард, то барои мардум зиндагии шоистаро фароҳам оварда, арзишҳои инсониро дар мадди аввал мегузошт. Аммо вазъи зиндагии мардум ва рушди кишвар ҳоло гувоҳи он аст, ки мардуми Тоҷикистон сазовори ҷомеа ва шароити демокративу дунявӣ  нест».

Аз ин хотир ҳоло мардум ба ҳукумат эҳтиром надошта, ҳукумат низ хеч имконе барои иваз кардани мақоми худ надорад.

Идеологияи номаълум, таҳдиде барои миллат
Дар ҳамин ҳол Абдулғанӣ Маҳмадазимов мегӯяд, муддате Роғун тавонист воқеан як пружаи иқтисодии муттаҳидкунандаи ҷомеаи Тоҷикистон бошад. Аммо муттасифона ҳукумат аз ин шонси худ низ истифода накарда, ба ҷойи дастгирии ин пружа онро ба гӯшаи фаромӯшӣ бурд. Ин гуфтаҳоро сиёсатшинос Раҳматулло Валиев тақвият бахшида мегӯяд, барои ҳукумате, ки мардумаш бештар аз 5 моҳ аз набудани барқ азият мекашад, идеологияи истиқлоли энержӣ роҳи беҳтарини муттаҳидшавӣ метавонист бошад. Раҳматулло Валиев бар ин назар аст, ки мушкили аслии ҳукумати Тоҷикистон ин самти мушаххаси фаъолият надоштан аст. Ба бовари номбурда ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, фавран идеологияеро коркард бикунад, ки тавассути он тавонад эътимоди тамоми мардумро ба даст оварад. Дар сурати ғайр бо зуд-зуд иваз кардани самти фаъолият ва ё арзишҳои мухталиф ҳукумат ҳамин доираи маҳдуди барои худ наздикро низ аз даст медиҳад. Ҳукумат дар ин фурсати наздик набояд аз ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ ҳарф бизанад. Раҳматулло Валиев мегӯяд, самт ва идеологияи номуайян доштани ҳукумат барои давлат ва миллати тоҷик метавонад хатарзо бошад. Чунки сатҳи маориф ва фарҳанг, ки яке аз пояҳои аслии устувории давлат ҳастанд, ҷавобгӯйи идеологияи демократӣ нест.

Коршиносон мегӯянд, давоми чанд соли охир ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди мушаххас кардани идеология мисли буқаламун ҳаст ва дар як сония метавонад чанд самти муҳимеро барои худ интихоб бикунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки бино ба гуфтаи ҷомеашиносон барои ҷамъ овардани мардум ҳукуматро лозим аст, аз мавзӯи муҳим ва наздик ба ҳаёти осоиштаи онҳо кор бигирад. Дар сурати интихоб гардидани масоили сирф сиёсӣ ҳукумат пирӯзиро ба даст оварда наметавонад, зеро идораи умури сиёсии давлат вазифаи ҷонии ҳукуматҳо буда, мардум танҳо барои нигаҳдории давлат ва миллат метавонанд кӯшиш ба ҳарҷ диҳанд. Гузашта аз ин ҳукумате ҳам ба монанди Тоҷикистон, ки дар як давраи кӯтоҳ аз чанд масоил истифода бикунад, муваффақ нахоҳад шуд.

Ҳумайрои БАХТИЁР



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!