Бахшҳо

Асомуддин Атоев: «Facebook-бандӣ ба нашри навбатии «Лаҳзаҳои гуворо монанд аст»

Шурӯъ аз субҳи 25-уми ноябр дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Facebook дар Тоҷикистон дубора маҳдуд гардид ва ин барои аввалин бор нест, ки чунин тасмим дар кишвари мо «роҳандозӣ» мешавад. Дар моҳи майи соли равон низ ин ҳолат ба миён омада буд ва масъулин ин амалро «бо сабабҳои техникӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ» унвон карда буданд. Дар ҳамин робита Озодагон  бо Асомуддин Атоев , раиси Академияи иттилоот ва коммуникатсияи Тоҷикистон сӯҳбате анҷом дод, ки мӯҳтавои онро пешниҳоди Шумо мекунем:
Озодагон: Ба назари Шумо чаро ин дафъа ҳам дар кишвар дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Facebook.com маҳдуд шуд? Бо чӣ сабаб ва омил…?


Асомиддин Атоев: Ташаккур барои суол ва  таваҷҷӯҳ ба ин масъала. Омили маҳдуд намудани дастарасии навбатӣ ба шабакаи иҷтимоии Facebook ба ҳама маълум аст, яъне «сайтбандӣ». Омили ниҳоят муҳиме, ки дар даврони саноатӣ (асри 20) ниҳоят хуб кор медод, лек акнун дар даврони иттилоотӣ танҳо бар зарари кишваре кор мекунад, ки аз он истифода мебарад. Таҷрибаи ватании мо, ки бо шарофати чунин иқдоми ғайрипрофессионалии танзимгари алоқа моҳи марти соли 2012 ба даст омад, худ нишондиҳандаи он аст то чӣ андоза чунин бастанҳо аз худфиребие беш нест.

Мутаассифона, паёмаке, ки рӯзи якшанбеи 25.11.2012  ба дастраскунандагони Интернет ва дигар литзензиатҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расидааст, ки талаби бастани сомонаи Facebook -ро кардааст. Сабабаш дар он паёмак нишон дода нашудааст. Вале  он чизе набошад ҳам чунин қадам ҳаргиз ба манфиати давлату ҷомеъа нест.Бубинед, ки бастани канали алоқа ва ё мавҷи радио, ки дар даврони Шӯравӣ (асри 20) маъмул буд самаранокиаш баланд буд. Алалхусус, барои Тоҷикистони шӯравӣ. Аввал, ин ки шумораи чунин каналҳо маҳдуд буданду таҷҳизот низ имконияти маҳдуде дошт. Сипас, бештари аҳолӣ (шояд ҳудуд 95% ҳам зиёд) доимо дар дохили ҷумҳурӣ, ҳатто дохили як минтақа буданд. Агар ба воқеияти имрӯз назар афканем, Тоҷикистон аз нигоҳи татбиқи технологияҳои дастрасӣ ба иттилоот ва эҷоди иттилоот яке аз пешқадамҳо дар минтақа мебошад. Илова бар ин, мувофиқи нишондодҳои расмӣ зиёда аз 15% аҳолӣ мунтазам берун аз кишвар ҳастанд. Ин далелҳо худ гувоҳи онанд, ки чораҳои асри гузашта ба воқеияти имрӯза ҷавобгӯ нестанду сарфи беҳудаи маблағ, вақт ва нерӯ ҳастанд. Илова бар ин ҳамаи ин сарфкуниҳо бар зарари ҷомеаву давлатанд.

Озодагон: Оё ин бор ҳам «фармон аз болост», ё ишкол дар дигар ҷо мебошад?

Асомиддин Атоев: Фикр мекунам, ки ташаббус аз худи Танзимгари соҳа бармеояд. Агар фармон аз боло мебуд, ягон сабаби муайяне медошт. Лек ҳоло бошад, сабабаш номуайян асту ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон дахле надорад. Бубинед, ки Хадамоти алоқа сабаби чунин бастанро “корҳои профилактикӣ” унвон мекунад. Аз он ки профилактика маънояш пешгирӣ намудани чизест бармеояд, ки дар ин сурат, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳоеро ба анҷом расониданист, ки пешгирикунандаи хатаре ё амалест. Бо такя ба суханони раиси Хадамоти мазкур дар сомонаи радиои Озодӣ (https://www.ozodi.org/content/facebook-tajikistan/24781144.html) атрофи ин масъала як таваҷҷӯҳ кунед, ки мегӯяд: "Фейсбук аслан аз тарафи касе назорат намешавад ва маълум нест, ки соҳиби ин шабака кист ва оё андоз месупорад ё намесупорад. Чунин фаъолият, албатта, ба амнияти Тоҷикистон ҳам хатар дорад…”

Аз ин чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигарон аз “бесоҳибиву беназоратии” Facebook асту мехоҳад, бо бастани он дар Тоҷикистон соҳибашро ёфта, андоз ситонад ва бо ҳамин роҳ амниятро дар кишвар таъмин намояд.

Мушкилӣ дар дарк накардани моҳият ва тавонмандии ин шабакаи иҷтимоӣ ва умуман медиаи иҷтимоӣ ва дигар технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ аз ҷониби Хадамоти алоқа мебошад. Хадамоти мазкур, ҳамчун мақоми давлатие, ки ба танзими соҳаи алоқаву иттилоотонӣ вазифадор мебошад, албатта, коршиносони варзидаи соҳаро дар тими (командаи) худ дорад. Ва дар ҳамин ҳолат, на як бору ду бор тасмимгириҳои ғайрикоршиносона ва сипас, далелҳои подарҳаво барои пуштибонӣ кардани он тасмимҳо на ба ин мақоми давлатӣ ва на ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон обрӯву эътибор зам намекунад. Ба андешаи ман, ин амалҳо, агар дар онҳо мантиқе бошад, ба хотири масхара кардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Охир, дар тамоми олам далелҳои меовардаи Хадамот аз номи мақоми давлатӣ паҳн мешавад. Агар “фармон аз боло” бошад ҳам, пас иҷрои он фармон коршиносона нест. Агар ҳадафи фармон таҳкими амнияти иттилоотии кишвар бошад, пас иҷрои он пеш аз ҳама бар зидди ҳадафи фармон равона гардидааст. Яъне, чунин чорасозиҳо таҳдид бар амнияти иттилоотии кишвар мебошад. Агар шубҳа дошта бошед, назар афканед ба банди 1.2-и «Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003, №1175 тасдиқ шудааст. Дар ин банд аз ҷумла чунин омадааст:

“Аз рӯи хусусияти умумии худ таҳдид ба амиияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои зерин тақсим мешавад:
таҳдид ба ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар соҳаи ҳаёти маънави ва фаъолияти иттилооти, шуурнокии фардӣ, гурӯҳӣ ва ҷамъиятӣ, эҳёи маънавии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

таҳдид ба ташкили саноати иттилоотии ватанӣ, аз ҷумла саноати воситаҳои иттилоотонӣ, телекоммуникатсионӣ ва алоқа, таъмини талаботи бозори дохилӣ, инчунин таъмини ҷамъоварӣ, бо осеб нигоҳ доштан ва истифодаи самараноки захираҳои иттилоотии ватанӣ;
таҳдид ба амнияти воситаҳо ва системаҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионии дар қаламрави ҷумҳурӣ, ба кор андохташуда ва ҳам сохташаванда.”

Бубинед, ки чорабозиҳои дар назар аввал хандаовари Хадамоти алоқа, ниҳоят ҷиддианд. Сад афсӯс, ки бо вуҷуди татбиқи мунтазами онҳо ягон мақоми дар воқеият масъули амнияти иттилоотиву амнияти иқтисодии кишвар зери савол як тараф истад, ҳатто лаҳзае ҳам фикр намекунанд, ки ба ҳоли онҳо механданд. Сад афсӯс, ки чунин қадамҳои ҷиддӣ ба манфиати давлати Тоҷикистон нест.

Озодагон: Ин маҳдудкунӣ ва ё масдудкунӣ оё нақзи ҳуқуқи истеъмолкунанда нест?

Асомиддин Атоев: Бале, ин маҳдудкуниҳо ҳаргиз на ба манфиати истеъмолкунанда асту на ба манфиати истеҳсолкунандаву хизматрасонанда. Тавре  ки аз Консепсияи дар боло қайд гардида бармеояд, он поймол кардани ҳуқуқи шаҳрванд, ки Сарқонун онро кафил аст, низ мебошад.

Озодагон: Тасмими баъдии таъминкунандагон (провайдерон)-и Интернет чӣ хоҳад буд?

Асомуддин Атоев: «Facebook-бандӣ ба нашри навбатии «Лаҳзаҳои гуворо монанд аст»Асомиддин Атоев: Провайдерони Интернет, ки литсензиати Танзимгар, яъне Хадамоти алоқа, ҳастанд мувофиқи Шартномаи литсензионӣ ӯҳдадоранд, ҳар тасмими онро иҷро намоянд. Провайдерон тасмим гирифтаанд, ки танҳо пас аз расидани фармони расмӣ, яъне санади расмӣ, дастрасиро ба сомонаи  Facebook маҳдуд кунанд. Ҳамин сабаб буд, ки дирӯз то расидани санади расмӣ сомонаи мазкур тавассути шабакаи чанде аз провайдерҳо дастрас буд.

Албатта, суоле ба миён меояд, ки ӯҳдадории онҳо назди муштарӣ чӣ мешавад? Лек, агар фармонҳои Танзимгар иҷро нашаванд, провайдер аз литсензия маҳрум шуда метавонад, ки дар он сурат муштарӣ умуман бе дастрасӣ ба шабака монад, на танҳо ба якчанд сомона, тавре ки имрӯз аст…

Озодагон: Истеъмолкунандагон оё метавонанд дар ин маврид ба додгоҳ шикоят баранд?

Асомиддин Атоев: Чаро не. Ҳуқуқ доранд. Гумон мекунам, ки бештари бозингарони бозор мунтазири чунин шикоятанд.

Озодагон: Чунин тасмим, яъне маҳдудкунӣ то кай ва барои кадом мӯҳлат идома мекунад?

Асомиддин Атоев: Маҳдудкунӣ ҳаргиз ба манфиати кишваре мисли Тоҷикистон нест. Магар яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатии рушд баромадан аз бунбасти коммуникастсионӣ нест? Коммуникатсия дар ҷомеаи иттилоотӣ (асри 21) танҳо бо роҳҳои воқеӣ анҷом намеёбад. Барои расидан ба бозорҳои ҷаҳонӣ роҳҳои маҷозӣ (виртуалӣ, фазоӣ) нақши на камтар аз ҳамтоёни воқеии худ мебозанд. Ҳар чӣ бештар фазои тоҷикистонии Интернет рушд ёбад, ҳамон қадар бештар роҳҳои маҷозӣ серҳаракат ва дуҷониба мешаванд. Маҳдуд намудани дилхоҳ сарчашма чӣ дар фазои глобалӣ чӣ, дар фазои ватании интернет ба маҳдуд кардани мавқеи кишвар, на мавқеи дигарон оварда мерасонад, ки ин худ зарба ба сиёсати давлатии рушд мебошад.

Озодагон: Ин ҳолат ба иҷрои талаботи шартномаи муштариён ва провайдерҳо, инчунин муносибати бозор бо муштарӣ чӣ таъсир гузошта метавонад?

Асомиддин Атоев: Эътимод ё боварӣ дар бозор коста мегардад. Чунин костагӣ бевосита таъсир мерасонад ба боварии муштариён, ки бештарашон шаҳрвандони Тоҷикистонанд, ба эътимод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Охир, Хадамоти алоқа аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории он амал мекунад. Ҳарчанд   воқеият бархилофи онҳост. Мутаассифона, мардум ин амалҳоро ҳамчун қадамҳои қонунӣ мепиндорад, албатта бояд қайд кард, ки дар фарқ аз бисёр кормандони давлатӣ, ки ин қадамҳоро ба монанди нашри навбатии “Лаҳзаҳои гуворо” қабул доранду чашмбароҳанд…

Озодагон: Дар маҷмӯъ  чунин амал дар дурнамои ҳаёти иҷтимоъию сиёсӣ чӣ оқибатҳо метавонад дошта бошад?

Асомиддин Атоев: Оқибатҳояш ҳаргиз ба манфиати ҷомеаву давлат нест. Манзурам, Тоҷикистон аст. Шояд ба манфиати дигар кишварҳо бошад. Лек, ҳаргиз ба манфиати Тоҷикистон набуду нест ва намешавад, агар чорасозиҳо коршиносонаву санҷидашуда набошанд. Хадамоти алоқа, ҳамчун танзимгари соҳа, сад афсӯс, ки ба чорасозӣ машғул набуда, чорабозӣ дорад. Имрӯз, чунин мақоми давлатиро, ки танзими соҳаи аз нигоҳи илму техника ниҳоят васеъро ба ӯҳда дорад, мағз об кунад, ки чӣ тавр мавқеи бозори ватаниро дар минтақаи Осиёи Марказиву берун аз он мустаҳкам намояд. На ин ки  рақобатнокии онро ҳатто дар дохили кишвар заиф карда то ба ворид шудан ба Созмони Ҷаҳонии Савдо аз миён барад...

Ташаккур барои ибрози андеша ва дар амони Худо бимонед!

Ба Шумо низ ташаккур!


Мусоҳиб: Мавзуна Абдуллоева
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)