Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:39

Як «қадам»-и Панҷакент ба сӯи Амрико

3 декабр 2012, 06:01

Дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент «Маркази фарҳангии амрикоӣ» боз шуд. Ба гуфтаи масъулини ин таълимгоҳи олӣ барои таъсиси ин марказ сафорати Амрико дар Тоҷикистон 15 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо кардааст.

Маҳбуба Гадоева, муовини раиси шаҳри Панҷакети вилояти Суғд гуфт, ки боз шудани ин гӯшаи фарҳангӣ барои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Амрико мусоидат мекунад  ва ҷавонон тариқи ин марказ метавонанд сатҳи дониши худро беҳтар намуда, ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд:.«Мақсади асосии кушодани Маркази фарҳангӣ, шиносонидани донишҷӯён бо фарҳанг, маориф, дастовардҳои илму техникаи Амрико аст. Ва барномаҳои мубодилавӣ барои ҷавонону наврасон, устодону донишҷӯён ин Донишкада имкон медиҳад то онҳо тариқи интернет бо мардумони миллатҳои гуногун ошно шуда фарҳангу анъанаҳои онҳоро биомӯзанду Тоҷикистонро низ дар ин баробар муаррифӣ намоянд».

 

Сюзан М.Эллиотт, сафири Амрико дар Душанбе, ки дар маросими кушодани ин марказ ширкат дошт, гуфт, таъсиси ин марказ  барои ҳар чӣ бештар мустаҳкам намудани муносибатҳои байни ду кишвар – Тоҷикистону Амрико зарурат дорад: «Ин марказ аз 6 гӯшае, ки дар чанд манотиқи Тоҷикистон аст,  калонтаринашон мебошад.Ин марказҳо давлатҳои моро наздиктар мекунанд. Албатта, ба воситаи дастрасӣ  ба интернет».

Маврид ба ёдоварист, дар Тоҷикистон 6 гӯшаи амрикоӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои Хоруғу Хуҷанд, Ғарму Қӯрғонтеппа ва Кӯлобу Душанбе фаъолият мекунад. Ва  ба гуфтаи масъулини сафорати Амрико марказҳои фарҳангӣ дар минтақаҳои Файзободу Қумсангир ва Панҷакент низ боз шудааст.  Дар назар аст, ки чунин як маркази фарҳангӣ дар Истаравшан ва Мурғоб ҳам таъсис ёбад.

Дар ҳамин ҳол,  Муаззамхон Ансоров , ректори Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент гуфт, ин донишкада  аз соли 1991 боз шуда айни ҳол зиёда аз 3 ҳазор донишҷӯ дорад, ки онҳо аз рӯи 20 ихтисоос  дар 5 факултет таҳсил мекунанд.  Номбурда гуфт, ҳамасола  300 нафар донишҷӯ ин даргоҳро  хатм мекунанд. Аз ҷумлаи 200 омӯзгоре, ки дар ин донишкада дарс мегӯянд, ҳудуди 40 нафарашон унвонҳои илмии номзадӣ ва профессориро доранд.Бархе аз муаллимон аз кишварҳои Олмону Эрон, Чину Ӯзбакистон, Русия ва  Қазоқистон ба кор ҷалб шудаанд.

Нилуфари КАРИМ

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!