Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 22:59

Оқил Оқилов: «Ман робот не, ки ба такрор чаро иҷро нашуд, гӯям»

3 декабр 2012, 09:28

Мо дар ин ҷаласаҳо аз рафти корҳои сохтмонӣ ва мушкилу проблемаҳо ҳарф мезанем. Ман тарафдори иҷрои масъала ҳастам.Ҳар мушкилро ҳаматарафа дида баромада, барои ҳаллаш чораҷӯӣ менамоем…

Ахиран, нахуствазири кишвар дар шаҳри Кӯлоб бо раисони шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб ва масъулин аз вазоратхонаҳои ҷумҳурӣ ҷаласаи тадорукотӣ доир намуд.Қабл аз нишасти мазкур, Оқилов аз мавзеъҳои хатарзои рӯдхонаҳои Панҷу Сурхоб ва Яхсу дар ноҳияи Восеъ, соҳилҳои Яхсу дар ҳудуди ноҳияи Кӯлоб ва обпартовҳо дидан карда, аз вазъи соҳилмустаҳкамкунӣ аз наздик ошно гашт.          

Дар рафти ҷаласа, раисони навоҳӣ дар мавриди анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, таъмини масолеҳи сохтмонӣ, нарасидани техникаҳои заминкоркунӣ ва маҳсулоти сӯзишворӣ изҳори ақида намуданд.  Оқилов гуфт, мутобиқ бо  имконият, ҳукумати Тоҷикистон  дархости онҳоро қонеъ мегардонад.   Нахуствазир ба вазоратҳои мелиоратсия ва хоҷагии об, молия, кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва дигар мақомоти масъул супориш дод, ки тайи рӯзҳои наздик ҳаҷми корҳои сохтмониро дар саддҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, маблағҳои зарурӣ, масолеҳи сохтмонӣ, таъмини техникаву сӯзишворӣ пурра омӯхта, инчунин лоиҳаи барқарорсозии ду пули харобгаштаро дар навоҳии Кӯлобу Балҷувон дар якҷоягӣ бо институти лоиҳакашӣ тартиб дода, ба ҳукумат пешниҳод намоянд.

Ба қавли Оқилов, хатари селзанӣ дар навоҳии ин минтақа дар қиёс ба дигар мавзеъҳои ҷумҳурӣ зиёд мебошад. «Дар ин маврид, ҷаноби олӣ бо ташкилотҳои байналмиллалӣ ба мувофиқа омадаанд, то баҳри пешгирӣ аз офати табиӣ ва мустаҳкамгардонии соҳилҳои дарёҳо ва обпартовҳо кӯмаки молиявӣ намоянд. Дар ин самт, дар ҳоли ҳозир 10 миллион доллар аз ҷониби ин ташкилотҳо ҷудо гардида, дар оянда боз ҳам маблағгузорӣ идома меёбад».

Бо супориши Оқилов, ба хотири ҷоннок намудани корҳои сохтмонӣ дар умури соҳилмустаҳкамкунӣ  Ситоди ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ташкил ёфта,  сар аз моҳи декабр, шанбеи ҳар ҳафта дар қароргоҳи раиси вилоят дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаҳо гузаронида хоҳад шуд.

Нахуствазир дар нишаст азла  гуфт: «Дар ин ҷаласаҳо аз рафти корҳои сохтмонӣ ва мушкилу проблемаҳо ҳарф мезанем. Ман тарафдори иҷрои масъала ҳастам. Ман робот не, ки барои чӣ иҷро нашуд гуфта, мушт бар стол задан гирам. Ҳар мушкилро ҳаматарафа дида баромада, барои ҳалаш чораҷӯӣ менамоем ».

Ҳамзамон, Ғайбулло Авзалов, раиси вилояти Хатлон таъкид намуд, ки дар корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва сохтмонӣ аз қувваву маблағҳои  худӣ истифода бояд бурд. Ӯ гуфт, «бояд як умр иждивенетс набошем. Баъзе аз корҳоро бо таври ҳашар, инчунин барқарорсозии пулҳои байнихоҷагиҳоро аз ҳисоби буҷаи ноҳия  ба анҷом расондан лозим».

Дар ҳамин ҳол, Саъбагул Валиева, раиси ҷамоати деҳоти Зиракии ноҳияи Кӯлоб гуфт, ки аҳолӣ  аз хатари селзанӣ ҳамасола зарари зиёд мебинад ва сокинон ба таври ҳашар аз соҳилҳои хавфнок саддгузорӣ мекунанд. Аммо бо омадани аввалин сел, симтӯрҳои аз санг пуркардашударо сел канда  мебарад: «Зеро корҳои соҳилмустаҳкамкуниро мутахассисон ба анҷом намерасонанд». Бону Валиева   пешниҳод намуд, ки бригадаҳои махсуси профессионалӣ, ки аз корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бохабаранд, таъсис дода шаванд.

Маврид ба ёдоварист, минтақаи Кӯлоб яке аз мавзеъҳои хатарбори ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола хавфи фаромадани сел дар рустоҳои навоҳии Мӯъминободу Шӯрообод, Ховалингу Балҷувон, Темурмалику Восеъ, Данғараву Ҳамадонӣ ва Фархор ба сокинон таҳдид мекунад. Ҳанӯз д усол қабл аз ин, бар асари селхезӣ дар сойи Тебалай беш аз 600 манзили зисти одамон дар маркази шаҳри Кӯлоб вайрону валангор гардида, чанд нафар қурбон шуда буданд. Баҳори имсол бошад, 40 манзили зисти одамон дар ноҳияи Темурмалик  аз фаромадани сел хисороти ҷиддӣ бардоштанд.   

















Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!