Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:05

Муҳоҷир

20 декабр 2012, 10:29

Одинаи асри 21, аммо бо крассовкаву шими ҷинс, на бо ҷомаву эзори суф. Ба ҳар сурат, аз амали Одина то Муҳоҷири имрӯз қариб чизе тағйир наёфтааст.

Ҳар ду ҳам барои таъмини хонавода ва дарёфти маблағи «номаълум» барои намурдану зистан озими мулки бегона мешванд. Саду чанд сол қабл аз ин ва пештар аз он ҳам, муҳоҷири тоҷик аз  Қаротегину Дарвозу Вахёву Хатлону Зарафшон рӯ ба ғурбат мениҳод, ҳоло ҳам. Бо фарқ аз он солҳои зиндагии аллома Айнӣ, ҳоло тоҷики кӯҳистонӣ не, балки ағлаби эшон, ҳатто онҳое, ки ҳам шаҳрнишинанду дар водӣ ба сар мебаранд, муҳоҷират ихтиёр мекунанд.

Он замон буд, ки роҳзанҳо дар роҳ то расидан ба ҷои зарурӣ Одинаҳоро ғорат мекарданд, дар Қӯқанду Бухорову Хева бошад, Арбоб Камолҳо  хуни муздурро мемакиданд.Бозгашти онҳо низ аз рафтанашон монданӣ надошт. Ҳоло ҳам қариб чизе тағйир наёфтааст, ҳанӯз он сӯи марзи кишвар нашуда, дӯғу пӯписаи
сарҳадбони ҳамсоя, корманди гумруку полис тарсу воҳимаро дар вуҷуди муҳоҷири тоҷик ҷо мекунад ва албатта барои ҳамеша! Агар Худое накарда, дар шиноснома ва ё санади расмии ӯ як овоз (ҳарф он тараф истад) ғалат шуда бошад, вой бар ҳоли ин ҳамватани ғарибамон.Чӣ мегӯед, ки сафари муҳоҷир бо тайёра осону бехатар аст?

Ҳаргиз ва ҳаргиз не! Дар фурудгоҳ аллакай  садҳои сунъӣ ва монеъаҳо барояш эҷод гардида, сари бе ин ҳам гаранги ӯро гиҷтар месозад…

Ҳамин рӯз буд, ки Бан Гӣ Мун, дабири кулли СММ аз сарони кишварҳои дунё даъват кард, то аз ҳуқуқҳои муҳоҷирон пуштибонӣ намоянд. Муншии умумии созмони милал гуфта, ки ҳоло бештар аз 214 миллион одами сайёра муҳоҷиранд ва иддаи зиёде низ дар сар «ҳаво»-и муҳоҷират доранд. Дар сурати таваҷҷӯҳ ба ҳаққу ҳуқуқи онҳо саҳми муҳоҷирон дар рушди ҷомеъаи муосир бештар хоҳад шуд, афзудааст Бан Гӣ Мун.

Ба гуфти ҷаноби Мун, аксари муҳоҷирон барои раҳоӣ аз шароити мушкили зиндагӣ ба мушкилоти боз ҳам мушкилтар, аз ҷумла нақзи ҳуқуқ, фақр ва ғайра дучор мегарданд. Аммо ин муҳоҷирон аз ҳаросу ноумедӣ як чизе муҳимтаре бо худ доранд: онҳо ҳамчунин умеду ҷасорат ва эътимод доранд, ки ҳаёти беҳтареро месозанд.

Бидуни ҳеч далелу асос муҳоҷиронро дар коҳиши вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ гунаҳкор намудан ҷоиз нест. Маҳз шароити нохубу ноҷӯриҳои иқтисодиву иҷтимоӣ боиси афзоиши муҳоҷирон дар саросари олам, аз ҷумла Тоҷикистон гардидааст. Тибқи иттилои расмӣ танҳо давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон 765 ҳазор шаҳрванди кишвар қаламрави ҷумҳуриро ба хотири ёфтани ҷои кор ва шароити беҳтар тарк карда, рӯ ба муҳоҷират овардаанд. Аммо омори ғайрирасмӣ ин шумораро ду баробар бештар нишон медиҳад. Агар ба қавли коршиносон бовар кунем, пас ҳар нафари сиву панҷуми курраи замин муҳоҷир буда, дур аз ватану пайвандон кору фаъолият дорад. Созмони байналмилалии муҳоҷират бошад, пешгӯӣ мекунад, ки то соли 2050 ҳудуди 450 миллион нафар бо хоҳиши худ, ё бо сабаби дигар муҳоҷир мешаванд.

Хуб, агар роҳи дигар надорем, пас оё муҳоҷират метавонад кулли мушкилоти моро аз байн бубараду рифоҳи зиндагии моро таъмин созад? Ва аз ҳама дарднок ин аст, ки то кай ин раванди «маъмули номақбул» дар зеҳни сокинони кишвари мо боқӣ мемонад? Вақте аз хонандаи синфи болоии мактаб суол мекунӣ, ки дар оянда кӣ шуданӣ ҳастӣ ва посух мегирӣ, ки «рассиян!», албатта ташвишовар аст.

Дуруст аст, ки 20 сол Русияву Қазоқистон рафтем, магар салоҳ аст, ки боз 20 соли дигар ҳам биравем? Ва оё Маскаву Остона… инро иҷоза медиҳанд, ки биравем? Суолҳои мушкил, вале ҷавоб аз он ҳам мушкилтар аст.

Бале, муҳоҷират ба ҳар навъе набошад, ҷои ташвишу нигаронӣ дорад. Агар аз як паҳлӯ бо ин роҳ мушкили иқтисодиамонро бартараф намоем, аз сӯи дигар ҳуввияту менталитет, хислату одоби шарқиёнаро аз даст медиҳем. Ҳоло дар мавриди саломатӣ-беҳтарин неъмати умр чизе нагуфтаем. Маргу мири мардони кор дар ғурбат мавзӯъи баҳси ҷиддист ва дахолати бевоситаи раҳбарони аршади кишварро тақозо дорад.

Мехостам ин ҷо матлабро ба поён бубарам, аммо хабари «булъаҷаб»-и расонаҳо дар бораи пӯшонидани дибоси солинавӣ ба раҳрӯбҳои Маскав, ки аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд, маро ба гирдоби андешаҳо кашид…

Оё ҳамватанони мо тоблуи таблиғотианд, ки онҳоро ба ҳар навъе, ки кишвари қабулкунанда бихоҳад, либос пӯшонаду хостаҳои худро бароварда созад? Агар ҳа, пас то вохӯрии навбатӣ дар моҳи июн. Моҳе, ки Кремл «Рӯзи Русия» -ро таҷлил менамояд ва   муҳоҷиронро бо либоси серанга, ба мисли рангҳои парчамаш пӯшонида ба идгоҳ мебарорад.

Аммо мансабдорони русро зарур аст, ки аз худи муҳоҷир бипурсад: Оё ӯ инро қабул дорад?

Хилватшоҳи Маҳмуд








Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!