Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:14

Эмомалӣ Раҳмон кай "фейсбукӣ" мешавад?

21 декабр 2012, 09:10

Маъруфтарин сиёсатмадор ва шахсиятҳои давлатии ҷаҳон дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи худро доранд ва бо мардум дар иртиботи фазоиянд. Аз чеҳраҳои сатҳи баланди Тоҷикистон бошад, танҳо ду нафар саҳифаи вижаи худро дар ин шабакаҳо доранд.
Ба шабакаи иҷтимоии Facebook пайвастани Оятулло Саид Алии Хоманаӣ, роҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон хабаре буд, ки дар они воҳид ба расонаҳо рехт ва баҳсҳои гарму доғеро ба миён овард. Эрон кишварест, ки аслан Facebook-ро хуш надорад ва онро шабакаи таблиғотии "саҳюнизм" эълон кардаву мегӯянд, зидди ҷумҳурии исломӣ "ҷанги нарм" пеш мебарад. Дар Эрон ба осонӣ намешавад вориди Фейсбук шуд ва барои истифода аз он сомонаҳои рамзшикан лозим меояд. Аммо бо вуҷуд Хоманаӣ "фейсбукӣ" шуд. Тибқи хабари "Озодӣ" ӯ ҳамчунин дар Twitter, Google+ ва Instagram ҳам суроғаи худро дорад. Гуфта мешавад, дар саҳифаи Facebook-и Хоманаӣ ақидаҳо ва шахсияти ӯ ба 13 забон таблиғ хоҳад шуд.

Facebook барои бархе аз шаҳрвандони Эрон ҷои баҳсҳо дар мавзӯоти ба қавле мамнӯъ аст. "Озодӣ" мегӯяд, ки соли 2009 дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозии зидди ҳукуматӣ, мухолифон шабакаи Facebook-ро истифода карданд, наворҳоро дар YouTube гузоштанд ва нишон доданд, ки чӣ тарз мақомот эътрозгаронро саркӯб мекунанд. Корбарон ҳамчунин аз ин шабакаҳои иҷтимоӣ маъракаҳои ҳимоят аз зиндониёни сисёсиро пеш мебаранд. Дар Эрон фаъолони ин шабакаи иҷтимоӣ баъзан ҳадаф қарор мегиранд. Блогнавис Саттор Биҳиштӣ аз ҳамин шумул аст, ки моҳе қабл дар зиндон ҷон дод.

"Абдулсамад Хурамободӣ, яке аз мақомоти Эрон, ки дар бахши сонсури давлатии интернет ва ҷиноятҳои компютерӣ кор мекунад, дар авоили соли ҷорӣ гуфт, агар касе маводи ғайриахлоқӣ ва ё зидди усули Ҷумҳурии Исломиро дар Facebook гузорад, ки он сабаби ба ҳам задани вазъи амниятӣ ё сулҳ шавад, дар он сурат чунин рафтор ҷиноят дониста мешавад",-навиштааст "Озодӣ".

Аммо "фейсбукӣ" шудани роҳбари ҷумҳурии исломӣ ба андешаи баъзе соҳибназарон ба хотири таблиғи сиёсатҳои Эрон аст. То замони навиштани ин матлаб сафҳаи Facebook-и Хоманаӣ чор баҳс дошт, ки дар баробари ситоиш ҳамчунин танқидҳоеро ҳам аз сиёсатҳои вай фаро мегирифт.

Боз шудани саҳифаи вижаи Оятулло Саид Алии Хоманаӣ дар ҷаҳон як таҷрибаи маъмулӣ маҳсуб меёбад, ки чеҳраҳои боломақом бо ин васила бо раияти худ дар иртиботи мустақим мешаванд. Дар баъзе кишварҳо аз президент сар карда, то роҳбарони шаҳру ноҳияҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи худро доранд ва пайваста онҷо чизе менависанд. Ба гунаи мисол Барак Обама, президенти ИМА ва Дмитрий Медведев, соблиқ райисҷумҳури Русия.   

Дувумин нафари ҳукумати Тоҷикистон ҳам "фейсбукӣ" аст. Маҳмадсаид Убадуллоев, раиси Маҷлиси Олии Маҷлиси олӣ ва шаҳрдори Душанбе яке аз аввалин мақомҳои давлатӣ дар сатҳи баланд маҳсуб мешавад, ки дар ин шабакаи иҷтимоӣ саҳифа боз кард. Ин амали вай аз сӯи аксарият ситоиш шуд. Ҳолдонҳо мегӯянд, мири пойтахт бевосита худаш вориди Фейсбук шуда, навиштаҳоро аз назар мегузаронад. Дуюмин нафаре аз ҳукумати Тоҷикистон, ки дар Фейсбук "хона" дорад, Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷӣ ҳаст. Тибқи маълумоти расида, ҷаноби Зарифӣ низ худаш матлабҳои саҳфаашро мегузорад ва ба шарҳи корбарон посух медиҳанд.     

Хадамоти матбуотии райисҷумҳур ҳам саҳифа дорад, аммо Эмомалӣ Раҳмон соҳиби саҳифаи вижаи худ нест. Ин дар ҳолест, ки Facebook бо ному насаби Эмомалӣ Раҳмон се нафарро мешиносад (чор каси дигар Эмомалӣ Раҳмонов), ки ду тани онҳо акси президентро ҳам доранд. Дар яке аз онҳо маълумотҳои "википедия"-и интернет нашр шуда, он ба 242 нафар писанд омадааст.

Дар саҳифи дигар, ки як акси сиёҳу сафеди президент гузошта шудааст, шарҳҳоеро хондан мумкин. Хонандаи синфи 11-и як мактаби ноҳияи Тоҷикобод навиштаст, ки "Чаноби Олира агар ин саҳифаи худаш бошад, гуфтаниям, ки аз мактаб ва аз светҳо шикоят дорам. Мо мехоҳем, ки дар мактаби мо синфҳои информатика (комоютерӣ) ва свет барои омухтани онҳо бошад".

Нафари дигаре райисҷумҳурро бо зодрӯз табрик кардааст. Чанд тан ӯро ситоиш кардаанд, ки сабабгори сулҳу осоиш дар кишвар аст. Аммо чанд нафар пурсидаанд, ки ин саҳифаи аслии президент аст ё не?

Воқеан дар шабакаҳои иҷтимоии дигар ба монанди "Мой мир", "Одноклассники", В контакте саҳифаҳои зиёде бо номи Эмомалӣ Раҳмон ва аксҳои ӯ пайдо кардан мумкин аст, ки яқинан ба ӯ таалуқ надорад.

Ба назар мерасад, мансабдорони кишвари мо  Фейсбукро чандон хуш надоранд. Ба вижа он барои Бег Зуҳуров, роҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон писанд нест. Аксарият сабаби инро ба танқидҳои зиёди ҳукумат аз сӯи мухолифон дар ин шабакаи иҷтимоӣ марбут медонанд.

Дар соли равон дастрасӣ ба Facebook ду маротиба маҳдуд шуд. Бори аввал баъди шурӯи амалиёти низомӣ дар Хоруғ ва дафъаи дуюм субҳи 26-уми ноябр. Асомуддин Атоев, раиси Ассосиатсияи ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон он замон эълом кард, ки Хадамоти алоқа бо ирсоли SMS ба онҳо амр додааст, то ин шабакаи иҷтимоиро банданд. Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқа дар суҳбат ба "Озодӣ" масдуд шудани Фейсбукро ба корҳои профилактикӣ рабт додаву гуфт, он як рӯз идома хоҳад кард, аммо бештар аз як ҳафта тӯл кашид. Ин маҳдудсозӣ Бег Зуҳурову Тоҷикистонро ба серистеъмолтарин калимаҳои интернет табдил дод. Матни як сӯҳбати алоқачии №1-и Тоҷикистон ончунон реклом шуд, ки ҳисоб надорад. Вақте корманди радиои "Озодӣ" аз ҷаноби Зуҳуров суол мекунад, ки сабаби маҳдудсозии Фейсбук чист, посухи булаҷабе медиҳад: "Фейсбук соҳиб надора. Кияй соҳибуш? Ина ҳози шумо газетаи Озодӣ. Шумо соҳиб дорен. Ма соҳиби шумора мешнощум у порядочный. Мо уважат мекунем, ҳурмату эҳтиром мекунем. Ҳамавақт дастгирӣ мекунем. Ҳамин Фейсбук надора соҳиб. Мара ББС занг мезана, мара ай Америка ай Германия занг мезанан. Соҳибуш бия бга, ки "Ака инамихели инамихел инамихел инамихел". Оё иё налог меспоран давлатда ё не ҳами ҳами Фейсбук? Миллиарди зарабативает…".
Ин ҳарфҳо сабаби пайдоиши карикатураҳои зиёд ва навиштаҳои форовон дар интеренет, ба вижа Фейсбук гардид.

Ҳоло вуруд ба Фейсбук мушкиле надорад, аммо бархе соҳибназарон мегӯянд, дар арафаи интихоботи президентии соли 2013 корҳои "профилактики"-и Хадамоти алоқа боз шурӯъ мешаванд. Ё шояд вазъ ранги дигар мегираду то шурӯи маъракаи интихоботӣ бештари мансабдорони сатҳи баланди кишвар соҳиби саҳифаи худ дар ин шабака мешаванд. Дар ҷаласае Эмомалӣ Раҳмон мансабдоронро ба наздикшавӣ ба мардум талқин карда, эълон мекунад, ки ӯ дар Facebook саҳифаи худро боз кардаасту дигарон ҳам пайравӣ намоянд (ба ёд биёред, ки райисҷумҳур насабашро аз Раҳмонов ба Раҳмон табдил дод ва баъди он аксари мансабдорон насабҳои тоҷикӣ гирифтанд). Ва нахустин шуда Шералӣ Хайруллоев, вазири мудофиа, Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноат, Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанг, Шерхон Салимзода, прокурори генералӣ, Абдулло Ёров, раиси ширкати "Барқи тоҷик" ва билохира Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқа соҳиби саҳифаҳо дар Facebook мешаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!