Бахшҳо
26 дек 2012 06:43Гузориш

Банкоматҳои бепули Душанбе. Маскав гунаҳкор?

Ба назар мерасад, ки аз ҳама бештар мизоҷони «Тоҷиксодиротбонк» ва «Амонатбонк» ҳоли табоҳе доранд. Онҳо маҷбур мешаванд, ки баъд аз санҷиши даҳҳо банкоматҳо ва харҷи зиёде ба дафтари марказии ин бонкҳо бираванд, то пули нақд ба даст оранд.

Тибқи маълумоти расмӣ, то 1-уми ноябри соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ 416 банкомат мавҷуд мебошад. Дар ин бора Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллӣ аснои як нишаст, ки бо ширкати роҳбарони ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон баргузор шуда буд, иброз дошт. Дар бастагӣ ба ин, яъне роҳандозии хизмати кортҳои плостикӣ тариқи банкомат ва сатҳу сифати феълии ин фанноварии муосир бо чанд тан аз муштариён сӯҳбат доштем. Яке агар аз ин навгонӣ изҳори хурсандӣ кунад, дуввумӣ шикоят дорад…    

Холиқназар Холиқов, аз ҷумлаи онҳоест, ки аз чунин хидматрасонии банкӣ истифода мекунад. Ӯ мегӯяд, дар тамоми кишварҳои мутараққии дунё кортҳои плостикӣ ба таври васеъ истифода мешаванд ва заҳмати мардумро хеле осон ҳам мекунанд. «Дар ИМА ва аксар давлатҳои Иттиҳоди  Аврупо мардум тамоми муомилоти пулии худро ба воситаи корт амалӣ мекунанд ва кам ҳолатҳое мешаванд, ки аз пули нақд истифода баранд» афзуд  

-Хушбахтона, дар кишвари мо низ солҳои охир доштани корти плостикӣ ба як амри маъмулӣ табдил ёфтааст. Имрӯз қариб ҳама табақаҳои ҷамъият, аз кормандони корхонаҳои давлатӣ то ширкатҳои хусусӣ ва ҳатто нафақахӯронро мебинем, ки маош ва ё нафақаи худро ба воситаи кортҳои плостикӣ мегиранд. Агар чӣ ин ҳама ба як амри маъмулӣ табдил ёфт, вале ба назар чунин мерасад, ки бонкҳои мо худ ба ин марҳила ҳанӯз ҳаматарафа омода нестанд,-афзуд Холиқов.

Номбурда дар идомаи сӯҳбат гуфт, вақте дар кӯчаҳои Душанбе банкоматҳои холӣ (бепул) ва сарсонии мизоҷонро мебинӣ худ ба худ соуле медиҳӣ: Бонк, ки пули нақд надорад, чаро ин қадар кортҳои плостикӣ тақсим мекунад ва чаро ин қадар банкоматҳоро дар кӯчаҳо насб мекунад?

Ба назар мерасад, ки аз ҳама бештар мизоҷони «Тоҷиксодиротбонк» ва «Амонатбонк» ҳоли табоҳе доранд. Онҳо маҷбур мешаванд, ки баъд аз санҷиши даҳҳо банкоматҳо ва харҷи зиёде ба дафтари марказии ин бонкҳо бираванд, то пули нақд ба даст оранд. Барои ҷавонону миёнсолон чунин оворагию сарсонӣ дарди ба хайр аст, аммо солмандону маъюбон зиёд заҳмат мебинанд. Холиқов мегӯяд: «Ман фикр мекунам, барои ҳалли мушкилоти мавҷуда бонкҳоро зарур аст, ки бештар саъй кунанд. Бештари вақт намояндагони бонк изҳор медоранд, ки мушкилӣ дар он аст, ки дар худи Тоҷикистон низоми ягонаи маблағгузаронӣ мавҷуд нест ва онҳо маҷбуранд ин ҳамаро ба воситаи Маскав амалӣ кунанд. Шояд ҳамин тавр бошад, вале дар холӣ будани бонкоматҳо Маскав чӣ гуноҳ дорад? Ман худ дорандаи корти Тоҷиксодиротбонкам ва асосан барои гирифтани маблағ ба бинои асосии бонк меоям. Зеро дар дигар банкоматҳо кам ҳолатҳое мешавад, ки пул пайдо кунам. Магар ҳама имконияти омадан ба бонки асосиро доранд?   

Дар ҳамин ҳол, Бонки милли Тоҷикистон барои ислоҳи камбудии банкоматҳо телефони боварӣ ташкил кардааст. Аммо Шамсиддин Ҷалолов, коршиноси масоили иқтисодӣ инро роҳи ҳалли масъала намешуморад. «Агар мо мехоҳем ба мардум хизмат кунем ва эътимоди онҳоро сазовор шавем, сидқан бояд хизмат кунем, на ин ки худро сафед кунем, ки ин мекунему он мекунем. Ташкили бонкоматҳо дарди сари мардум шудааст, ҳол он ки бояд корашонро осон менамуд.Дар чанд рӯзи охир ва аввали моҳи корӣ, ки кормандони муассисахои давлатӣ, хусусан донишкадаю донишгоҳҳо, бояд маошашонро гирифта норасогии рӯзгорашонро бароранд, наметавонанд аз банкоматҳои "ҳоҷатбарор"истифода кунанд, чунки дар онҳо ҳама вақт пул намерасад. Дар ин ҷода «хизмати олӣ»-и  Тоҷиксодиротбонк беҳамтост. Умуман, хизматрасонии ҳама бонкҳои кишварамон дар сатҳи паст қарор дошта, дар фаъолияти худ аз рӯи принсипи «худам шоҳу табъам вазир» амал мекунанд. Лекин як чизро хотиррасон бояд кард, ки бо аъзо шудани Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ваъзи бонкҳои кишвар ҳам тағйир меёбад, чун рақобат дар бозори дохилӣ дучанд мегардад ва мо шоҳиди муфлисшавии аксари бонкҳои саҳҳомии кишварамон мешавем, ки албатта ба нафъи мо нест…»  

Банкоматҳои дарди сар

Муҳайё Исломова низ муштарии Тоҷиксодиротбонк асту маошашро тариқи корти плостикӣ мегирад. Ба назари ӯ, ташкили банкоматҳо дар кишвар мушкили мардумро осон не, балки аз будаш бештар кардааст. «Барои мисол, ман дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон кор мекунам ва ин таълимгоҳи олӣ муштарии Тоҷиксодиротбонк мебошад. Ҳар аввали моҳ дар назди банкоматҳои ин бонк, ҳатто ҷанҷол сар мезанад, ҳама вақт пул намерасад ва ё умуман нест».

Маврид ба тазаккур аст, ки аснои санҷиши комиссияи вижаи Бонки миллии Тоҷикистон маълум гашт, ки 200 банкомат бо сабабҳои техникӣ фаъол нестанд ва ё бо иллати камбуди маблағ кор намекунанд. Вазъи ташвишовари банкоматҳо бештар дар шаҳри Душанбе ва атрофи он ба қайд гирифта шудааст.

Мавзуна АБДУЛЛОЕВА  
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)