Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 10:43

Соли нав муборак, бознишастагони бепул!

27 декабр 2012, 10:20

Нафақагирони бечора ҳайрону зор мемонанд. Аммо Даминову Дамонов дар ҷамъи хешону наздикон шӯру мағалу шодиву нишот хоҳанд кард. Мешавад гуфт, соли наватон муборак, бознишастагони бепули кӯлобӣ ва Даминову Дамонови серпулу соҳибвазифа…

Бобову бибиҳомон мегуфтанд, ки соли нав (ё ҳар иди дигаре)-ро ба кадом   шевае пешвоз бигирӣ, дигар як соли дароз ба ҳамон наҳва зиндагӣ мекунӣ Ростӣ, агар ин гуфтаҳои ниёгон заррае ҳақиқат дошта бошанд, намехоҳам, ки он ба ҳақиқати имрӯзи Кӯлоб табдил ёбад…

Ва кош нодуруст ҳам бошад.Беҳтараш он гапи занакои лаби об бошаду аз даҳонамон онро шамол барад. Худое накарда, агар ин ақида дуруст барояд, дар он сурат нафақагирони бечораи мо, бахусус, бознишастагон дар навоҳии минтақаи Кӯлоб  боз як соли дигар ба умеди гирифтани маблағи ночизу кӯчакашон сарсону саргардон мемонанд. Ҳарчанд ин табақа аллакай одат кардаанд, ки нафақаашонро хеле дер ва бо даъвову саргардонии зиёд бигиранд. Аммо охир имсолу соли дигар, ё ҳадди аққал баъди даҳ сол ин мушкил бартараф мешавад. ..

Рӯзи гузашта буд, ки Амонатбонки шаҳри Кӯлоб барои бознишастагон нафақаи моҳи декабрро тариқи банкомат ва терминалҳои бонкӣ  тақсим мекард. Маҳмадуллоҳ Бобоев, раиси тозатаъини бонки мазкур гуфт, дар ҳудуди шаҳру ноҳияи Кӯлоб 17.800 нафар нафақагирон номнавис гаштаанд ва сар аз рӯзи 25-уми декабр нафақапулии эшон тариқи кортҳои бонкӣ пардохт мегардад.

Гузашта аз ин, барои 40 нафар нафақагирон- иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва даҳҳо маъюбоне, ки бистарӣ будаанд, кормандони оҷонсӣ ба манзили зисташон рафта, онҳоро ба муносибати омад-омади соли нави мелодӣ табрик  намуда, нафақапулиашонро медодаанд. Воқеан, аз ҳисоби маоши кормандони Амонатбонки Кӯлоб барои 42 тан беморони рӯҳӣ, ки дар беморхонаи шаҳри Кӯлоб бистарӣ мебошанд, ба истиқболи соли нав хӯроки якрӯза садақа карда шуд.

Аммо ба иқрори Назруллоҳ Даминов, сардори Амонатбонки минтақаи Кӯлоб, то рӯзи 27-уми декабр танҳо барои бознишастагони шаҳри Кӯлоб, ки тариқи кортӣ нафақаашон пардохт мегаштааст, аз ҷониби Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа маблағгузорӣ гашта, барои 8 ноҳияи дигари минтақа ҳанӯз маблағе интиқол нагаштааст. Даминов мегӯяд, «бо имзои директори ин Агентӣ Р. Дамонов, барои мо мактуб ва реҷаи маблағгузории нафақа расида, ки танҳо 24-уми ҳар моҳ нафақапулии бознишастагон барои навоҳии минтақаи Кӯлоб маблағгузорӣ мегардад. Рӯзи 25-уми декабр танҳо барои шаҳри Кӯлоб ин амалиёт ба анҷом расиду тамом».

Ба қавли ҷаноби Даминов, то соли нав номаълум аст, ки барои нафақапулии бознишастагони дигар навоҳӣ маблағ ҷудо мегардад ё не.

Аз Амонатбонкҳои навоҳии минтақа бошад хабар доданд, ки то нимаи дуввуми рӯзи 27-уми декабр маблағи нафақапулии бознишастагон аз ҷониби Амонатбонки минтақавӣ пардохт нагардида буд.Гумони ғолиб бар он аст, ки соли навро бознишастагони ин навоҳӣ бо кисаи тиҳиву дили озурда, даруни хонаи торику сармозада, бо дастархони «идона»-и холӣ «ҷашн» хоҳанд гирифт. Вале, Даминову Дамонов дастархони солинавии воқеъан  идона тартиб дода, дар ҷамъи хешону наздикон шӯру мағалу шодиву нишот хоҳанд кард.

Соли наватон муборак, бознишастагони бепули кӯлобӣ ва Даминову Дамонови серпулу соҳибвазифа…

Аслиддин ДОСТИЕВ















Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!