Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 23:03

Як соли иқтисоди Тоҷикистон

28 декабр 2012, 08:53

Ҳар ду модели иқтисоди ниҳонӣ ҷарён дорад. Ин ду модел аз ҳамдигар фарқ намекунанд, чун ҳар дуи онҳо мақсади махфиёна фаъолият кардан ва гурез аз қайди давлатиро доранд...

Бекорӣ
Дар 11 моҳи соли 2012 шумораи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол ба 2 187,1 нафар расид, ки аз ин теъдод 55 ҳазор нафар расман унвони бекорро гирифтаанд ва ин 2,5 фоизи аҳолии фаъоли иқтисодиро ташкил медиҳад. Дар 11 моҳи соли 2011 бошад,  теъдоди бекорони расман дар қайд ба 55,7 ҳазор нафар баробар буд ва бо назардошти омори бекории соли 2012 сатҳи бекорӣ 1,6% зиёд шудааст. Шумораи аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол дар 11 моҳи соли 2012 2 187,1 нафарро ташкил дод. Дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2011 шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол 11 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст. Аммо ба гуфтаи иқтисоддонон ин рақам воқеиятро нишон намедиҳад. Зеро миқдори зиёди аҳолии Тоҷикистон дар кишвар кор намеёбанд ва ба муҳоҷират мераванд. Бархе аз афроди бекори дар Тоҷикистон буда, тасаввурот ҳам надоранд, ки онхо ҳуқуқи гирифтани кумакпулӣ ҳангоми бекориашонро доранд. Лизо ба мақомоти ҳифзи иҷтимоии маҳаллӣ дар бораи бекор буданашон ҳам муроҷиъат намекунанд. Ба ҳамин хотир шумораи бекорон дар Тоҷикистон бештар аз омори расмист. Ҳамин сатҳи баланди бекорӣ дар Тоҷикистон боис шудааст, то 2,5 миллион аҳолии мамлакат ба муҳоҷират раванд. Теъдоди аҳолии ғайрифаъоли иқтисодӣ дар 11 моҳи соли 2012 4,5 ҳазорро ташкил дода, ки ин 39,8% бештар аз ҳамин давраи порсол мебошад. Табиист, ки зиёд шудани аҳолии ғайрифаъоли иқтисодӣ барои Тоҷикистон хатар дорад, чун инҳо одамоне ҳастанд, ки қобилияташон маҳдуд аст (беморони рӯҳӣ), донишҷуёни рӯзона, маълулон ва дигар ашхосе, ки ба сабабҳои гуногун имкони кор карданро надоранд. Нуктаи дигаре, ки иқтисоддонон аз он ибрози нигаронӣ мекунанд, ин афзоиши бекорӣ дар миёни занон аст. Чунончи аз 55 ҳазор нафар аҳолии бекори сабтшуда, 28,7 ҳазор ва ё беш аз 51% - ро занон фаро мегиранд. Боло рафтани сатҳи бекорӣ миёни занон ҷои нигаронӣ дорад, зеро онҳо дар оила метавонанд кумакхарҷ бошанд ё ҳадди ақал худ хароҷоташонро фароҳам оваранд. Вале дар сурати идомаи ин раванд онҳо баръакс сарбори хона мешаванд. Аз ин ҳам нигаронкунандатар боз занони деҳот ҳастанд, ки аксарашон бекоранд. Яке аз роҳҳои фароҳамоварии ҷойҳои кории воқеиву арзанда барои рафъи бекорӣ, ин таъсиси корхонаҳои истеҳсолист. Аммо дар Тоҷикистон тӯли 21 соли ахир танҳо "коргоҳҳои" хурди истеҳсолӣ бунёд мегарданд, ки на рақобатпазиранду на одамони зиёдеро ба кор ҷалб менамоянд ва дар деҳот ҳам, ки асалан корхонаи тавлидӣ вуҷуд надорад!       

Таваррум
Тибқи омори расмӣ сатҳи таваррум дар 11 моҳи соли ҷорӣ 6,3% ро ташкил дода ва аз рӯи пешбинии Бонки миллии Тоҷикистон дар 12 моҳи сол 6,5% аст. Индекси нархҳои истеъмолӣ дар тӯли ин муддат аз ҷумла афзоиши нархи маводи ғизоӣ 5,6% - ро фаро гирифта, дар сектори истеъмолӣ суръати афзоиши миёнаи таваррум 0,6% будааст. Нархи маводи ғайриғизоӣ бошад, 6,2% боло рафтааст. Афзоиши нарх дар бахши хидматрасонӣ 9,6% - ро фаро гирифта, ҳол он ки дар Тоҷикистон хидматрасонии ончуноние ба аҳолӣ сурат намегирад ва ҳамин хадамоте, ки мардум метавонанд истифода баранд, на ҳамаашон тавони молии пардохти онро доранд. Таваррум дар сектори истеъмолӣ дар ин давра 0,2% - ро ташкил додааст. Сабаби афзоиши таваррум дар ин муддат ба хотири болоравии нархи маводи ғизоӣ то 0,7% мебошад. Таваррум дар чанде аз мамолики СНГ таи ин 11 моҳи соли 2012 минҷумла Қазоқистон 5,3%, Русия 6,1% ва Қирғизистон 5,9% будааст. Ин оморҳо нишон медиҳад, ки таваррум дар Тоҷикистон аз ин кишварҳо дида, бештар аст. Гузашта аз ин иқтисоддонон ба омори ироа додаи масъулин дар хусуси таваррум тардид намуда, мӯътақиданд, ки нархҳо дар чанде аз соҳаҳо хеле афзоиш ёфтааст ва рақамҳои расмӣ бозгӯи ҳақиқат нест. Зеро шохиси асосии такондиҳандаи нархҳо ин қимати сузишворист, ки дар Тоҷикистон доимо дар ҳоли афзоиш аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки тақрибан 40% - и нархи сузишвориро боҷи гумрукӣ ташкил мекунаду ин боҷ ҳануз ҳам аз ҷониби Русия лағв нашудааст, табиист, ки афзоиши нархи ин мавод, таваррумро дар кишвар боло бурдааст. Вале бо ҳамаи инҳо иқтисоддонон мегӯянд, ки дар мамлакатҳои иқтисодиёташон сусттараққӣ кунанда таварруми 1 то 2 фоиз метавонад дар муддати кутоҳе нархи молҳоро баланд бардорад ва ингуна болоравӣ танҳо дар мамолики дорои иқтисодиёти муқтадир таъсир надорад.                

Камбизоатӣ
Аз соли 2006 ба ин сӯ стратегияи кам кардани сатҳи камбизоатӣ дунбол мешавад. Дар давоми стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ҳукумат муваффақ гашт сатҳи фақрро аз 81% ба 42% расонад. Мутобиқи омори Вазорати рушди иқтисод, мизони фақр дар Тоҷикистон соли 2011 42% - ро ташкил додааст. Тибқи натоиҷи таҳқиқоти гузаронидашудаи соли 2012, ки ҳануз ба поён нарасидааст, соли ҷорӣ сатҳи камбизоатӣ дар кишвар то 39% коҳиш ёфтааст. Дар соли 2009 ин нишондиҳанда 46,7% ва дар соли 2010 45% - ро ташкил дода буд. Ба гуфтаи масъулини Вазорати рушди иқтисод ба авомиле, ки фақрро дар кишвар коҳиш додаанд, рушди шохисҳои макроиқтисодӣ, омилҳои иҷтимоӣ, маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ, гардиши коло ва ғайра дохил мешаванд. Масъулин мегӯянд, мақсади имрӯза омӯзишу дастгирии синфи миёна мебошад. Чун бо дастгирии синфи поинӣ, ки аз сатҳи синфи миёна мувофиқан поинтар аст, кӯшиш мешавад то шароит муҳайё гашта онҳо ҳарчи зудтар ба боло бароянд. Аммо бо таваҷҷуҳ ба ин ки мизони синфи миёна дар ҳар кишваре шохиси муҳимтаре барои дақиқтар ҳисоб кардани синфи миёна аст, дар Тоҷикистон ин синфро гуногун шарҳ медиҳанд. Дар Қазоқистон аз рӯи доштани як хонаи муҷаҳҳаз, мошини сатҳи "bussiness class" ва доштани як миқдор пасандоз дар суратҳисоб ин синфро муаян мекунанд. Дар Тоҷикистон синфи миёна ҳамон нафарест, ки моҳона аз 3 ҳазор доллар бештар мегирад. Танҳо дар ин сурат имкони тасдиқи мавҷудияти табақаи мутавассит дар мамлакат ҳаст. Вале чунин табақае вуҷуд надорад, ки дар як моҳ 3 ҳазор доллар моҳона дарёфт намояд. Иқтисоддонон мегӯянд, ки сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон дар дараҷаи пасте қарор дораду теъдоди аҳолии камбизоат то 60% мерасад на 42% омори расмӣ ва танҳо 5 фоизи мардуми кишвар метавонанд зиндагии хуб дошта бошанд, онҳо ҳам соҳибонии бонку корхонаҳо ва тоҷирони наздик ба ҳукуматанд. 15 фоиз метавонад камбизоатии худро рад намояду бигӯяд барои хурдан чизе дорад. Аз 80 фоизи боқимонда ҳам 20 фоизаш онҳоеанд, ки барои рӯзгузаронӣ зиндагӣ мекунанд. 60 дарсади мобақӣ мардуме ҳастанд, ки камбизоатанд ва аз ин теъдод 14% ба фақри шадид гирифторанду бидуни кумаки беруна зиндагӣ карда наметавонанд ва ба ин 14% камбизоатии шадид Созмони миллалу фондҳои хайриявии байналмилалӣ кумак менамоянд.                                                   

Иқтисоди ниҳонӣ
Дар Тоҷикистон ҳар ду модели иқтисоди ниҳонӣ ҷарён дорад. Ин ду модел аз ҳамдигар фарқ намекунанд, чун ҳар дуи онҳо мақсади махфиёна фаъолият кардан ва гурез аз қайди давлатиро доранд, то андоз пардохт накунанд. Ҳатто мақомоти давлатӣ ҳам дар иқтисоди ниҳонӣ ширкат доранд, зеро қаблан президент дар яке аз ҷаласоташ дастур дод, то он кормандони давлатие, ки ба тиҷорати маводи мухаддир даст доранд, фавран дастгир шаванд. Билофосила баъд аз ин фармони президент он нафароне, ки ҳатто дар ниҳодҳои амниятиву қудратӣ кор мекарданд, боздошт шуданд. Ҳоло масъулини Вазорати рушди иқтисод иқтисоди ниҳониро то 30% медонанд, ин ҳам дар ҳолест, ки иқтисоддонон ин рақамро аз 60% ҳам бештар  медонанд. Инкишофи иқтисоди махфӣ дар Тоҷикистон аворизи манфие дорад, касри буҷети давлатиро зиёд мегардонад, ки дар натиҷаи он давлат наметавонад сари вақт пули нафақахурону дигар кормандоне, ки аз ҳисоби буҷет маъош мегирандро бипардозад. Гуфта мешавад 60% тоҷирону ширкатҳо аз ҳисоби даромади махфии худ аз пардохти андоз мегурезанд, албатта, ки иқтисоди кишвар инкишоф намеёбад, зеро барои рушди иқтисод қабл аз ҳар чиз пул лозим аст. Аммо сабабҳои даст ба иқтисоди ниҳонӣ задани тоҷирону соҳибкорон ва соҳибони ширкатҳое, ки даромади худро кам нишон медиҳанду аз пардохти андоз фирор мекунанд, таваҷҷуҳи иқтисоддононро ба худ ҷалб кардааст. Иқтисоддонон сабаби густариши онро дар гаронии андоз ва ҷо доштани фасод дар кишвар медонанд. Он ширкатҳое, ки ғайриқонунӣ фаъолият мебаранд, аз пуштибонии мақомоти давлатӣ бархурдоранд. Ҳамин пуштибонии мақомоти давлатӣ дасти онҳоро барои фаъолиятҳои ғайриқонунияшон бозтар мекунад, ки дар ин сурат аз дасти агентии мубориза бо коррупсия, прократура ва дигар ниҳодҳо коре бар намеояд. Зеро дар инҷо бештари ниҳодҳои ҳукуматӣ, бо якдигар робитаҳои маҳалливу шарикӣ доранд, ки ҳамин амр мубориза бо иқтисоди сиёҳро дар Тоҷикистон ғайри имкон гардонидааст. Қочоқи маводи мухаддир, ки як паҳлуи дигари иқтисоди сиёҳ мебошад, худ сабабгари пайдоиши бозори сиёҳ аст. Беҳтар аст барои кам кардани иқтисоди ниҳонӣ шумораи андозҳо ба таври ҳақиқӣ кам гардад.  

Қарзи хориҷӣ
Қарзи хориҷии Тоҷикистон аз оғози сол 60 миллион доллар афзоиш ёфта дар 11 моҳи соли 2012 ба 2 миллиарду 130,9 миллион доллар расид. Ба иттилоъи Вазорати молия қарзи берунаи кишвар ба 40 дарсади ММД - и кишвар баробар нест ва танҳо 29,7% - ро фаро мегирад ва ҷои нигаронӣ надорад. Ба гуфтаи Фирдавс Усмонов сардори бахши қарзи берунии Вазорати молия қарзи хориҷии Тоҷикистон ҳамчунон мӯътадил буда, то соли 2020 бехатар аст. Аммо бархе аз иқтисоддонон мегӯянд, ки қарзи хориҷии кишвар то 50 фоизи ММД - ро ташкил мекунад ва ҳатто иддае аз онҳо мӯътақиданд, ки қарзи Тоҷикистон кайҳо аз 3 миллиард ҳам гузаштааст. Бо ин ҳол иқтисоддонон мегӯянд, ки қарзи хориҷии Тоҷикистон аз 25% - ММД болотараш хатар дорад. Аз сӯи дигар қарзи хориҷии Тоҷикистон хатари сиёсӣ ҳам дорад. Зеро аз ҳама шарики қарздиҳандаи Тоҷикистон то ин ҷо Чин аст бо 862 млн. доллар. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Чин як бор 1142 км хоки Тоҷикистонро аз худ кард, баъид нест, ки бо афзоиши бидеҳкориҳои Тоҷикистон ба ин кишвар, ин мамлакат бори дигар дар ивази қарзҳояш қитъаи дигаре аз хоки Тоҷикистонро даъво кунад. Барои намуна соли 2005 Русия бо бахшидани 300 миллион доллар қарзи Тоҷикистон нерӯгоҳи кайҳонии "Окно" - ро бе пардохти ягон зарра иҷорапулӣ аз они худ кард. А.Шохин иқтисодлдони шинохтаи рус низ гуфтааст, ки "барои мо қарз ин мушкили сиёсист ва шароити он ҳам бояд сиёсӣ бошад! Қарзи хориҷии Тоҷикистон аз соли 2010 то соли 2012 якбора аз 942, 8 млн. доллар ба 2 миллиарду130,9 млн. доллар расидааст, ки ин ҳавасмандии давлатро дар гирифтани ҳарчи бештари қарз ва нотавонӣ дар бозгардонидани он нишон медиҳад. Ба гуфтаи Профессор Муним Ҳасанов яке аз меъёрҳое, ки бо он қарзи хориҷиро таҳлил мекунанд, ин захоири тиллову асъории мамлакат нисбат ба қарзи берунӣ аст. Профессор Муним Ҳасанов дар ин маврид мегӯяд, захоири тиллову асъори мамлакат муайян мекунад, ки оё он кишвар тавони пардохти қарзи худро дорад ё на. Вале захоири тилло дар Тоҷикистон сирри давлатӣ буда захоири софи асъории 6 моҳаи Тоҷикистон бисёр ночиз буда танҳо барои 1,6 моҳи воридоти кишвар кифоя асту бас. Меъёри севвуме, ки хатари қарзи хориҷиро муайян мекунад, ин маҷмӯи қарзи хориҷӣ нисбат ба даромади содиротии Тоҷикистон аст. Вале даромади миллии Тоҷикистон аз ҳисоби содирот онқадар зиёд нест. Меъёри охирин ин қарзи хориҷӣ бар сари даромади аҳолии Тоҷикистон аст, вале маоши мардуми Тоҷикистон хеле ночиз аст. Агар 2 миллиарду 130 миллиону 9 ҳазор долларро бар сари 7 миллион аҳолии кившар тақсим кунем, маруми Тоҷикистон ҳар кадом 304 долларӣ қарздор мебошанд. Акнун, ҳукумати Тоҷикистон 400 миллион мегираду аз ҳисоби буҷет 83 миллионашро боз мегардонад, боз 300 миллиони дигар мегираду 60 миллионашро бар меградонад, чунин менамояд, ки Тоҷикистон роҳе барои бозпардохти қарзҳояш надорад ва мумкин аст ба варшикастагӣ мувоҷеҳ шавад. Аммо масълае, ки ба ташвиш вомедорад, ин сарф кардани қарз дар соҳаҳост, ки ҳеч соҳаеро барои Тоҷикистон даромадзо накардааст ва қарзгирандагон ҳам дар ин маврид посухгӯ нестанд. Чун Фирдавс Усомонов мегӯяд, ки қарзҳо дар соҳаҳои энергетика, роҳ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ харҷ шудаанд. Аммо ин харҷ кардани қарз дар соҳаҳои иҷтимоӣ аз нигоҳи иқтисодӣ хатост, зеро бахшҳои иҷтимоӣ даромадзо нестанд.   

ММД
Аз аслитарин ва шинохташудатарин шохисҳои рушди зидагии мардум ин ММД аст. Дар 11 моҳи соли 2012 рушди номиналии ММД - и Тоҷикистон 24 846,7 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 4 834 миллион сомонӣ зиёдтар аст. Рушди ҳақиқии ММД дар ин муддат 7,5% буд, дар қиёс бо порсол тағире накардааст. ММД бар сари ҳар нафар аҳолии Тоҷикистон дар ин давра 4 433,83 сомонӣ баробар бо 912 доллар мебошад, ки нисбат ба 11 моҳи соли 2011 бар сари ҳар нафар 849 сомонӣ ва 174 доллар афзоиш ёфтааст. Аммо дар хусуси ҳисоб кардани ММД ихтилофи назар вуҷуд дорад. Иқтисоддон Константин Бандаренко Раҳбари бозори озоди Тоҷикистон мӯътақид аст, ки дар вақти ба ҳисоб гирифтани ММД омилҳое ҳастанд, ки ба ҳисоб гирифта намешаванд, ба ҳамин хотир воқеӣ будани ҳисоботи додаи масъулин зери суол меравад. Чун дар вақти ҳисоботи ММД бисёр омилҳое, ки ба некуаҳволии халқ таъаллуқ надоранд, ба эътибор гирифта мешаванд минҷумла сохтмонҳои оммавии беманфиъат ва чойхонаи калонтарин. Мумкин ҳам нест ба омори Тоҷикистон кулан бовар кард, зеро маълумот ҳамчун дар давраи советӣ муболиға ё аз будаш кам нишон дода мешавад.
"Беқурбшавии пул бошад, расман дар вақти ҳисобу китоби ММД ба эътибор гирифта мешавад, яъне маълумоте, ки аз тарафи мақомоти баҳисобгирӣ дода мешаванд, қаблан ислоҳ карда шудаанд. Умуман гуфтан мумкин аст, ки новобаста аз афзоиши ҳарсолаи ММД сифати некуаҳволии халқ хеле суст афзоиш меёбад.

Содироту воридот
Дар соли 2012 содироти Тоҷикистон $1 106,2 - ро ташкил дода, воридот $3, 011,6 ва тавозуни савдои кишвар $-1 905,4 шудааст. Дар соли 2011 содироти Тоҷикистон $1 047,0, воридот $2 613,7 ва тавозуни савдо $-1 566,7 - ро ташкил намуда буд. Бо таваҷҷуҳ ба ин омор тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон дар қиёс бо давраи соли гузашта $-338,7 манфӣ баромадааст. Бо идомаи ин раванд барои Тоҷикистон ба як мамлакати содиркунанда табдил шудан, душвор ҳаст. Зеро содирот асоси даромади миллии ҳар кишвареро ташкил мекунад. Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон тақрибан истеҳсолот надошта, як кишвари сирф воридотист ва ҳамагунаи колоҳои ғизоиву ғайриғизоиро аз хориҷа ворид мекунад. Иқтисоддонон мегӯянд, ки маводҳои истеъмолии ғизоӣ низ ба хотири он ки дар Тоҷикистон чунин молҳое тавлид намегардад, бозори кишварро тасхир кардаанд. Аз сӯи дигар худи низоми воридоту содироти Тоҷикистон аз он вобаста аст, ки чи қадар имкони баровардани молҳои ба бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯро Тоҷикистон дорад, то ин низомро баробар созад. Зеро ба берун баровардани мол нишонаи тавозуни низом аст. Аз ин дидгоҳ имрӯз Тоҷикистон вобаста ба технологияи кӯҳна, рушд наёфтани менеҷерони корхона ва тафаккури эҷоди моли наву соҳибкорӣ ҳануз рушд наёфтааст. Барои ҳамин наметавонад харидори моли худро дар бозори ҷаҳонӣ аз нигоҳи моли тавлидӣ пайдо намояд. Аз ин рӯ хоҳ нохоҳ тарози савдои хориҷӣ яктарафа мешавад.                

Сармоягузорӣ
Дар соли 2012 ба Тоҷикистон 3 163,3 миллион сомонӣ ворид шудааст баробар бо $650 млн., ки дар қиёс бо соли 2011 431,6 миллион сомонӣ ё $88 млн. камтар мебошад.  Бештари ин сармояҳо ҳам бештар дар шакли қарзу грант вориди кишвар шудаанд на сармояи мустақим. Имрӯз барои кишваре чун Тоҷикистон, ки тараққиёти иқтисодияш чандон эҳсос намешавад, пеш аз ҳама сармояи мустақим лозим аст. Зеро чи қадаре, ки сармоя ба кишвар бештар ворид гардад, ҳамон қадар инкишофи иқтисодии мамлакат афзунтар мегардад. Аммо иқтисоддонон мегӯянд, ки дар Тоҷикистон барои ҷалби сармояи мустақим мушкилоти зиёде вуҷуд дорад. Аз ҷумла  дараҷаи суботи сиёсатҳои молии кишвар, озодии тиҷорат ва ҳуқуқу мушорикати сармоягузорони дохиливу хориҷӣ дар хусусисозии амволи давлатӣ мизони ҷалби сармояро ба кишвар муайян мекунад. Аммо стратегияи иқтисодии давлат дар Тоҷикистон нодуруст аст. Зеро иқтисодиёти миллӣ самаранокии поине дорад. Қарзи берунӣ ҳам мавқеъи нодуруст дорад, иттилооти дақиқ ҳам дар хусуси сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ дастрас нест. Сохторҳои истеҳсолот ҳам вазъияти номатлубе доранд. Дар соҳаи хидмат ҳам зерсохторҳо вазъияти номатлуб доранд. Қобилиятҳои инсонӣ низ дар кишвар дар ҳадди миёна аст. Системаи ба ҳисобгирии Тоҷикистон бо меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқат намекунаду муносибати ҷомеа низ бо сармоягузориҳои хориҷӣ нодуруст аст. Бозорҳо ҳам вазъияти хубе надоранд. Андоз ҳам гарон асту фасод дар авҷ ва аз ғорати сармояи сармоягузорон дар Тоҷикистон намунаҳое рух додааст. Ҳалли ин мушкилот ҷалби сармояҳои мустақими хориҷиро ба кишвар зиёд мегардонад.

Маош ва сабади истеъмолӣ
Даромадҳои пулии аҳолии Тоҷикистон дар 11 моҳи соли ҷорӣ беш аз 16,3 миллиард сомониро ташкил намуд, бештар аз $3,4 млрд. ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2011 24,2% зиёд аст. Моҳонаи миёнаи коргарон дар соли 2012, ба 612 сомонӣ расид, ки дар қиёс бо ҳамин давраи порсол 28,2% бештар аст. Моҳонаи ҳадди ақал бошад, ба 200 сомонӣ афзоиш ёфт. Аммо бо ин ҳол маошҳо дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама поинтар аст. Гузашта аз ин боло бурдани маош дар Тоҷикистон зери сояи афзоиши нархҳо маҳв шудааст. Дар Тоҷикистон акнун 2.3 млн. нафар дар иқтисодиёт машғули коранд, ки аз ин миқдор наздики 1,5 млн. дар соҳаи кишоварзӣ кор мекунанд ва маоши ин миқдор тақрибан 65% аз 500 сомонӣ пасттар аст. Тақрибан 5% аз шумораи умумии машғулон дар иқтисодиёт маоши аз 1000 то 1500 сомонӣ мегиранд. Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки тақрибан беш аз 67% аз шумораи умумии машғулон дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт маоши то 500 сомонӣ мегиранд. Сокинони Тоҷикистон беш аз 90% маошашонро барои ғизо сарф мекунанд ва вобаста ба ин зиёд кардани ҳаҷми музди меҳнат дар муқоиса бо доим қимматшавии маводи ғизоӣ ва сузишворӣ наметавонад некуаҳволии кормандонро таъмин намояд. Аз сӯи дигар масъулин сабади истеъмолиро, ки ифодагари ҳадди камтарини маблағ барои рӯзгузаронӣ аст, 286 сомонӣ муаян карда, дар баробари он 200 сомонӣ маоши минимум таъин мекунад, ки ин барои рӯзгузаронии аҳолии кишвар кофӣ нест ва аз  кам будани арзиши сабади истеъмолӣ дар қиёс бо хароҷоти воқеии аҳолӣ шаҳодат медиҳад. Бо ин вуҷуд иқтисоддонон мегӯянд, ки сабади истеъмолӣ ба 360 сомонӣ баробар аст. Ҳол он ки арзиши сабади истеъмолӣ бояд ба 700 сомонӣ бар сари ҳар нафар баробар бошад. Вале аз онҷое, ки 1 кило гушти гов ба 35 сомонӣ ва ва як халта орд ба 176 сомонӣ расидааст, баҳри рафъи эҳтиёҷоти як нафар бо маводи ғизоӣ дар 1 моҳ ҳадди ақал аз 1000 сомонӣ хеле бештар лозим аст. Аз ин рӯ, сабади истеъмолӣ барои тамоми аҳолист ва барои он ки бар сари ҳар нафар мувофиқат кунад, музди меҳнати миёнаи Тоҷикистон бояд $300 то $400 бошад.

Сиёвуш Қосимзода



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!