Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:37

Вазъи фоҷиавии саноат дар Кӯлоб

28 декабр 2012, 09:26

Севумин шаҳри Тоҷикистон ҳамаги 36 корхонаи саноатӣ дорад, ки аксарияташ фаъолияти назаррас надоранд

Танҳо дар шаҳри Кӯлоб, саввумин шаҳри бузурги кишвар ва тибқи омори расмӣ, яке аз шаҳрҳои саноатӣ, тайи ҳамин сол бино ба иттилои Баҳром Садиров, мудири бахши саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб,  15 корхонаи саноатии нав бунёд гардидааст. Дар маҷмуъ, дар ҳоли ҳозир ин ҷо 36-корхонаи саноатӣ расман номнавис гаштаву фаъолият доранд. Агар бо чашми хирад бингариву ба омори расмии давлатӣ бовар кунӣ, дар ҳақиқат Кӯлоб шаҳри саноатӣ буда метавонад. Аммо ба далелу фаъолияти ин корхонаҳо ошно гардӣ, дар ҳеч сурат наметавон онро "шаҳри саноатӣ" унвон кард.

Ҳанӯз 5-сол пеш, шаҳрдори феълии Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев эълом дошта буд, ки Кӯлоб дар кӯтоҳтарин муддат шаҳри саноатӣ хоҳад шуд. Аммо тӯли фаъолияти беш аз 5-солаи худ ҷаноби Абдуллоев барои ин шаҳру сокинонаш тақрибан ягон дигаргуние ба хусус дар соҳаи саноат, ворид карда натавонист. Баръакс, корхонаҳои собиқ аз фаъолият бозмондаву даҳҳо нафар бе ҷойи кор гаштанд. Чандин корхонаи фаъолбуда, бо сабабҳои номаълум аз кор монда ва оқибат ба хонаҳои истиқоматӣ табдил ёфтанд. Майдонҳои ин корхонаҳоро соҳибмулкон барои бунёди манзили зист ба сокинон ба савдо задаву дар як гӯшае як сехи кучаке сохта, бо ҳамин аз "корхона" будан хабар доданд.  Корхонаҳои азиме, ки як замоне на танҳо обрӯи Кӯлоб, ки ҳатто ҷумҳуриро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ  мекарданд, ба якбор вайрону валангор гаштанд. Ҳамакнун ин корхонаҳо он чунон фаъолияти нохуб доранд, ки ҳатто барои худи ҳамин шаҳр маҳсулот истеҳсол карда наметавонанд, куҷо расад ба берун аз минтақаву ҷумҳурӣ. Ҳамин тариқ ҳамасола, ҳамамоҳа ва оқибат ҳамарӯза, ҷойҳои корӣ барҳам задан гирифтанд ва дар ҳоли ҳозир, ин корхонаҳо тақрибан барои мардуми бумӣ ҷойи кор таъмин карда наметавонанд ва гузашта аз ин, манфиате ҳам намерасонанд. Аммо мутаассифона, дар ҳисоботи давлатӣ чун корхонаи саноатӣ  ба қайд гирифта мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи омори расмӣ, тавре дар боло гуфтем, дар шаҳри Кӯлоб 36-корхонаи саноатӣ расман ба қайд гирифта шудаву фаъолият доранд. Мантиқан, агар дар ҳар корхона ба ҳисоби миёна 100-коргар фаолият мекарда бошад, пас дар маҷмуъ 3600-нафар аз сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин будаанд. Аммо, ба гуфтаи Баҳром Садиров, дар ин корхонаҳо ҳамагӣ 1180-нафар ба кор фаро гирифта шудаанду бас. Ин дар ҳолест, ки замони пеш аз истиқлолият, танҳо дар 3-корхонаи саноатии ин шаҳр, заводи Козто, пахтатозакунӣ ва равғанбарорӣ ҳазорон нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ буданд.  Воқеан, беш аз нисфи  коргарони корхонаҳои нав коргарони мавсимӣ, яъне танҳо дар сурати зарурӣ ва дарёфти маҳсулот даъват шаванда  мебошанд. Мутаассифона, шумораи корхонаҳои мавсимӣ ба маротиб зиёданд, агар нагӯем, ки тақрибан ҳамаи онҳо чунинад. Яъне, кулли коргарони корхонаҳо, ба истилоҳ мавсимианду тайи як соли дароз танҳо 3-4-моҳ кор мекунанду тамом.  Корхонаҳои замоне азим бошанд, ҳамакнун бо "амри тақдир" ва хости соҳибмулкон ба корхонаҳои хурд табдил гаштаву фаъолияти густардаро аз даст додаанд. Корхонаи коркарди равған, ки як вақтҳо беш аз 1-ҳазор коргар дошт,  баъди харидорӣ гаштан ҶДММ "Мармариён" ном гирифта,  тақрибан пас аз 2-соле, ки фаъолияти нимкора дошт бо иллати камбуди ашёи хом, аз фаъолият бозмонд. Корхонаи азими дигари тозабунёд бо унвони Кӯлобтекстайлз низ чанде фаъолият намуда, ахиран, аз фаолият бозмонд.

Ба шаҳодати Садиров, ин корхона соли равон ҳамагӣ 2-моҳ кор кардааст. 2-корхонаи дигари бузург, корхонаи "Сомон-таҷҳизот" (Козто) ва "Пахтаи Кӯлоб" агарчӣ имсол фаъолияти хуб доштаанд, аммо бо айби камбуди ашёи хом натавонистанд ба иқтидори пурра кор намоянд. Воқеан,  сабаби асосии нимкора кор кардани корхонаи "Пахтаи Кӯлоб", ки замоне наздик ба 1 ҳазор коргар доштааст, ин нарасидани ашёи хом мебошад. Вагарна, ҳамин корхона бо таҷҳизоташ дар як сол иқтидори то 50-ҳазор тона коркарди пахтаро дорад. Вале ҳамасола дар корхона аз 1 то 2-ҳазор тона пахта коркард мешаваду бас. Сабаб дар он аст, ки тайи чанд соли ахир дар ҳар ноҳия 3-4 корхонаҳои хурди пахтатозакунӣ  бунёд гашта, ҳамагӣ 50-60-тона пахта коркард менамоянду халос. Оё бунёди инчунин корхонаҳои хурди пахтатозакунӣ ягон зарурат дорад? Магар хубтар он нест, ки корхонаҳои истеҳсоли дигар маҳсулотро сохтаву ба истифода дод. Чаро дар мавриди бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ Вазорати саноат, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва дигар мақомоти масъул чораҳои зарурӣ ва мувофиқ ба талабот ва манфиатнок пешбарӣ намекунанд ва онро сарфи назар менамоянд? Танҳо корхонаи пахтатозакунии шаҳри Кӯлоб дар ҳамаи собиқ вилояти Кӯлоб ягона буд ва ҳамаи навоҳии пахтакори минтақа ҳосили рӯёндаашонро, ки 30-40-ҳазор тона буд, барои коркард ба ин корхона меоварданд. Лашкарӣ Мирзоев, сардори корхонаи мазкур мегӯяд, ҳанӯз ҳам чӣ миқдоре ашёи хомро ба корхона ворид намоянд, қудрати коркарди онро дорем. Вале бо айби камбуди пахта, беш аз ним сол бекор мемонем.

Дар ҳоли ҳозир, дар шаҳри Кӯлоб 4-корхона, дар ноҳияи Восеъ 4-корхона, дар Ҳамадонӣ 3-корхона, дар Фархор 5-корхона, дар Данғара-1-корхонаи пахтатозакунӣ бунёд ёфтаву бо иқтидори кучактарин фаъолият кардан доранд. Имсол дар ноҳияи Ҳамадонӣ корхонаи нави коркарди пахта  бо номи ҷаззобу дилкаши "Инсоф" ба истифода дода шуд. Аммо тайи фаъолияташ танҳо 20-тона ашёи хомро қабул ва коркард карду бас. Мусаллам аст, ки дар он шумораи коргарон низ ангуштшуморанд. Пас, ба чӣ хотир аст ба ном корхонаҳое, ки тавони фаъолият ва паст кардани сатҳи бекориро надоранд.

Маълумот барои андеша
36-корхонаи саноатии шаҳри Кӯлоб дар 11-моҳи соли 2012 ҳамагӣ ба иқтидори каме бештар аз 30-милион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Ба ибораи дигар, як корхона дар ин муддат ба андозаи 30000000:36= 833333- сомонӣ маҳсулот баровардааст. Дар 1-моҳ бошад, 833333:11=75757- сомонӣ, дар 1-рӯз 75757:30=2525-сомонӣ. Соле пештар ин корхонаҳо ба миқдори 26-миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда будаанд.  Оё метавон бо инчунин истеҳсолот онҳоро корхонаи  саноатӣ унвон кард? Дар ҳоле, ки даромади як тоҷир, ё савдогар, ё даллоли бозор ва ё ҳоҷатхонае наздик ба даромади як корхонаи саноатӣ баробар аст.

Аммо дар маълумоти оморӣ ва ҳисоботи ҳукумати шаҳр омадааст, ки "истеҳсоли маҳсулотҳои саноатӣ бо нархҳои қиёсӣ" дар корхонаҳои саноатӣ дар январ-ноябри имсол зиёда аз 103-миллиону 302-ҳазор сомониро ташкил додааст. Вале бояд гуфт, ки аз ин шумора беш аз 15-миллиону 150-ҳазор ба "маҳсулоти шабакаҳои барқ, 4,5-миллионн ба идораи обтаъминкунӣ ва зиёда аз 53-миллион сомонӣ ба сектори соҳибкории хурд рост меояд.  Вале ба ин сектор кадом соҳибкории хурд дохил мешавад, барои мо норӯшан монд. Рӯшан он аст, ки ҳанӯз ҳам молу маҳсулоти воридотӣ бозору нуқтаҳои савдои шаҳрро фарогир асту серхаридор.

Корхонаҳои саноатиро давлатӣ бояд кард
Новобаста аз соҳибкории хурду калон, кулли  корхонаҳо хусусӣ будаву зердасти кадом соҳибкоре мебошанд ва танҳо бо ҳамин сабаб фаъолияти заруриро аз даст додаанд. Магар фурсати он нарасидааст, ки корхонаҳои саноатӣ бозпас баргардонда шудаву давлатӣ гарданд? Зеро, ба гумони ғолиб иллати асосии  аз фаъолият боз мондани  корхонаҳои саноатӣ (на танҳо дар Кӯлоб, ки дар ҳамаи кишвар) ин аз назорат дур мондани фаъолият ва бемасъулиятиву бепарвогии соҳибмулкон мебошад. Ба ибораи дигар, соҳибмулкон эҳтиёҷ ба ин корхонаҳо надоранд ва танҳо барои "мабодо" ва ба намоиш гузоштани қудраташон онро харидорӣ кардаву банд намудаанд. Бо давлатӣ гаштани заводу фабрикҳо албатта давлат бурд мекунад, ҳам мушкили ҷойи корӣ ҳали мусбии худро меёбад ва низ хазинаи давлат ғанӣ мегардад ва ҳам сатҳи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад. Вагарна, боз  чандин даҳсолаи дигар корхонаҳо бекору саноат лангону сокинон сарсони корковӣ боқӣ мемонанд. Ин ҷо метавон танҳо як мисол овард, ки корхонаи коркарди ғаллаи Кӯлоб баъди хусусӣ гаштан, беш аз 15-сол натавонист фаъолияти заруриро ба роҳ монад ва ба муфлисӣ расид, агарчӣ соҳибмулконаш нафарони дорову соҳибвазифа буданд. Аммо баъди ба ихтиёри агентии давлатӣ гузаштан, беш аз 1-сол аст ки комилан ба пуррагӣ фаъолият намуда, истеҳсоли маҳсулотро даҳҳо маротиба боло бурдаву даҳҳо ҷойи кори нав таъсис намуд.

Дар ҳамин ҳол, аз 15-корхонаи нави саноатии ба қайд гирифта шуда дар шаҳри Кӯлоб, 4-тоаш сангмайдакун будаву боқӣ сехҳои хурди коркарди маҳсулоти саноатӣ мебошанд, ки дар назди корхонаҳои саноатии азими бекормонда гӯшаеро иҷора гирифтаву ба иқрори  Садиров, аз 10 то 20-нафариро ба кор таъмин кардаанд. Дар ҳамаи шаҳр 2-сех, ё ба истилоҳ корхонаи  истеҳсоли макарон бунёд ёфтаву вале бо иллати набудани мутахассис, умуман фаъол нестанд, дар ҳоле ки талабот ба ин намуди маҳсулот зиёд аст. Ба ҳамин монанд, сехчаҳои истеҳсоли яхмос, коғази ташноб, оби нӯшокии ранга, ки шуморашон ҳамарӯза афзудан дораду ҳатто 10-нафарӣ коргар надоранд, низ корхонаҳои саноатӣ ба шумор мераванд.  Оё месазад кадом дробилка ва ё сехакеро корхона унвон кард? Ба гумони инҷониб на. Аммо дар вазорати саноат чӣ мегуфта бошанд?

PS: Мо ин ҷо аз фаъолияти корхонаҳои саноатии як шаҳри ҷумҳурӣ гуфтем. Инчунин воқеият дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар мушоҳида мешавад.  Кадом аҷнабие аз маълумоти корхонаҳои саноатии Тоҷикистон огаҳӣ ёбад, ҳайратзада хоҳад гуфт, "ин кишвар кишвари саноатӣ будааст". Воқеан, вазорати саноати Тоҷикистон метавонад ифтихор ҳам дошта бошад, ки корхонаҳои зиёди саноатӣ дорад, зеро танйҳо шумораи "дробилка"-ҳои саноатӣ қад-қади дарёҳову обпартовҳо дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ он чунон зиёд аст, ки агар ҳамаи инҳоро корхонаи саноатӣ ном барем, бегумон, дар кӯтоҳтарин муддат Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун "ҷумҳурии саноатӣ" машҳур хоҳанд кард…


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!