Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:27

Мусобиқоти каратэ дар Хуҷанд ба итмом расид

1 июл 2011, 07:49

Бахшида ба пешвози 20-солагии истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори «Ҷашнӣ»-и шаҳри Хуҷанд чемпионати кушод  оид ба намуди Каратэи анъанавӣ байни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.


Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар ин сабқат зиёда аз 124 варзишгарон аз шаҳри Душанбе ва  вилояти Суғд 4 даста ширкат варзиданд. Мусобиқа аз рӯи 2 намуд гузаронида шуд.Дар намуди Ката, ки наврасони синнашон аз 9 то 10- сола иштирок варзиданд, ҷойи аввал насиби Муҳаммад Маҳмудов аз шаҳри Душанбе гардида, байни наврасони синашон аз 11 то 12- сола мақоми якумро Сарвар Ҳайдаров аз вилояти Суғд соҳиб гардид. Миёни наврасони аз 13 то 14- сола ҷойи аввал насиби Илҳом Олимов аз шаҳри Хуҷанд, ҷавонони синнашон аз 15 то 16 сола Умед Шарипов аз шаҳри Хуҷанд ва ҷавонони синнашон аз 17 то 18- сола зинаи ифтихориро Фаррух Алиматов аз шаҳри Душанбе соҳиб шуд.

Ҳамзамон, мусобиқа байни духтарони вазнашон то 46 кг гузаронида шуд, ки ҷойи аввал насиби Наргиз Башанова аз шаҳри Табошар ва зиёда аз вазни 46 кг зинаи якум насиби Манижа Боймуродова аз шаҳри Табошар гашт. Дар намуди даставӣ бошад, байни ҷавонони синнашон аз 15 то 16 сола ва аз 17 то 18 сола варзишгарони шаҳри Душанбе баранда гаштанд. Намуди дуюми мусобиқа Кумите буда, байни наврасон аз рӯи вазни 30 кг то 46 кг ва байни ҷавонон бошад, дар вазни 52 кг то 70 кг кувваозмоӣ карданд. Мусобиқа байни духтарон дар вазни 46 кг ва дар намуди даставӣ бошад, байни ҷавонони синнашон аз 15 то 16 сола ҷойи аввал шаҳри Душанбе ва синни 17 то 18 сола ҷойи аввал насиби варзишгарони шаҳри Хуҷанд гардид.Ҳамаи ғолибони мусобиқа бо тӯҳфа ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!