Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:53

Аз маҷлиси васеи ҳукумат чӣ тағйирот интизоред?

11 январ 2013, 09:55

15-уми январ ҷаласаи солонаи ҳукумати ҶТ баргузор мешавад. Дар иртибот ба он, Озодагон  пурсиши болоро дар миён гузошт ва аз коршиносон чунин посух гирифт:

 

Шокирҷон ҲАКИМОВ, доктори улуми ҳуқуқ
Аслан вобаста аз таҷрибаи давлатдории мо ман ягон дигаргунии ҷиддиеро новобаста аз иваз шудани аъзоёни он интизор нестам. Зеро, ки асоси сиёсати кадрии Тоҷикистонро маҳалгароӣ, коррупсия ва мансубияти ҳизбӣ ташкил медиҳад. Ва чунин ба назар мерасад, ҳастанд гуруҳҳое дар ҳукумат ва маъмурияти президенти Тоҷикистон, ки манфиъатҳои худашонро аз манофеъи миллӣ боло мегузоранд ва маҳз ҳамингуна кадрҳо аслан худашон омода нестанд, ки шахсиятҳои босалоҳият ва қавӣ ба ҳайати ҳукумат ва маъмурияти президент ворид шаванд. Чунки мабодо сафи шахсиятҳои кордон ва бо салоҳият дар мақомотҳои мухталифи ҳокимияти давлатӣ зиёдтар шавад. Таъсири одамони маҳдуд ва тасодуфӣ дар ҳокимияти давлатӣ камтар гардида заминаҳои иҷтимоии мардумӣ будани ҳукумат ва президент меафзоянд. Ва ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки шарти асосии фаъолияти самарабахши ҳукумат таъмини кафолатҳои ҳуқуқӣ доир ба назорати парламентӣ кам кардани коррупсия ва бисёрҳизбии воқеӣ ва дар амал татбиқ намудани арзишҳои демократӣ аст.

Абдуфаттоҳ ВОҲИДОВ, коршиноси масоили сиёсӣ
Дар забони расмии сиёсӣ тағйироти кадрие, ки оғози ҳар сол ё сол дар миён ба амал меояд, ҷойивазкунии кадрҳо меноманд. Ин сиёсатро ҳанӯз роҳбарияти ҳизби коммунисти шӯравӣ дар таҷрибаи фаъолияти худаш мавриди истифода қарор медод. Мақсади асосии ҷойивазкунии кадрҳо пешгирӣ намудани фасод дар ҳукумат мебошад. Яъне бо ин васила мехоҳанд одамонеро иваз намоянд, ки дар як мансаб солҳои тӯлонӣ фаъолият карда, як навъ фасодзада шудаанд ё эҳсоси фасодзадагӣ дар фаъолияти онҳо ҳувайдо гаштааст. Дар натиҷа каму беш кадрҳои нисбатан ҷавон ба сари қудрат меоянд. Ин ҳолати хуб аст, вале ба шарте хуб аст, ки агар кадрҳои воқеан кордону донишманд ба сари кор оянд. Мутаасифона, дар кишварҳои собиқи шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон роҳбарони давлат ҳанӯз ба сифати кадрҳо камтар аҳамият дода, бештар ба ҷанбаи хешу таборӣ ва аз кадом маҳал будани кадрҳо аҳамият медиҳанд. Дар натиҷа режими фасодзада боз ҳамон одамонеро сари кор меорад, ки онҳо қаблан дар мансабҳои давлатӣ фаъолият мекарданд. Тағйироти кадрии имсол дар ҳукумати мамлакати мо ба амалоянда шояд нисбат ба солҳои қабл андаке фарқ дошта бошад, зеро мо дар арафаи маъракаи бузурги сиёсии интихоби раиси ҷумҳур қарор дорем. Роҳбарияти давлат ба ин ҷанбаи масъала бояд ба таври амиқтар назар андозад ва ба хотири пурқувват гардондани сафҳои ҳукумат бо кадрҳои нисбатан ҷавон бештар майл кунад.

Сайфулло САФАРОВ, муовини раиси МТС
Дар ин бора ман ахбор надорам ва вобаста аз ин ки чунин ахбор дар дасти ман нест, наметавонам ҳадс занам, ки маҷлиси ҳукумати имсола аз соли гузашта чи фарқият дорад. Аммо маҷлиси ҳукумат маҷлиси ҳукумат аст ва ин маҷлис аз рӯи ҳамон тартибу нақшаҳои кори ҳукумат сурат мегираду натиҷагирии порсол хоҳад буд ва вазифагузорӣ дар назди корхонаву вазоратҳои давлатӣ аз тарафи раиси ҳукумат барои соли 2013 аст. Аз инҷо хулоса мекунем, ки ҷаласаи ҳукумат мисли ҳарсола беягон ихтилоф ва тағиротҳои инқилобӣ, оромона сурат хоҳад гирифт. Ин ки тағироти кадрии имсола самарабахш хоҳад буд ё на, ба ин суол баъд аз ҷаласаи ҳукумат ба шумо ҷавоб медиҳам.

Саид Иброҳими НАЗАР, сардори шӯъбаи таблиғотии ҲНИТ
Тағироти кадрии порсол онқадар таъсир гузор набуд, ки тағироти имсолаашро мунтазир шавем. Аз дидгоҳи банда, ҳукумат кайҳо эҳтиёҷ ба тағироти кадрӣ дорад, вале тағироти кадрии соли гузашта шахсан барои ман қонеъкунанда набуд, зеро ҳеч тағироти ҷиддие набуд. Имсол соли интихобот аст, шояд фазову замон тақозо мекунад, ки раиси ҳукумат тағиротҳои кадрии воқеӣ ҷорӣ кунад агар воқеан мехоҳад. Чунки кабинае, ки воқеан дар сари қудрат ҳастанд, ҳам блоки иқтисодӣ ва ҳам иҷтимоияш, ҷиддан корҳое накардаанд, то назаррас бошад. Вақти он расида, то ҳадди ақал пеш аз ҳамин интихоботи пешорӯ тағиротҳои ҷиддӣ бошанд. Аммо аз рӯи бардоштҳои чанд соли гузашта, агар ҳамон равишҳо идома ёбад, ҳеч тағиротҳои ҷиддӣ ба амал намеояд. Агар тағирот воқеан ҳадафманд бошаду кадрҳои ҷавону болаёқат сари кор оянд, метавонад таъсирбахш бошад. Вале агар тағирот ба хотири тағирот бошаду ҷойгузин кардани ҳамон сохтор бошад, маълум аст, ки таъср намекунад. Тоҷикистон гумон намекунам аз назари кадрӣ онқадар фақир бошад, ки кадр надошта бошад. Кадрҳои болаёқату ҷавон зиёд дорем.

Парвиз МУЛЛОҶОНОВ, коршиноси масоили сиёсӣ
Баъзе вазоратҳост, ки сардорҳояшон 5 сол шуд сари вазифаанд ва ман фикр мекунам шояд ин вазирон дигар мешаванд. Аниқ гуфтан мумкин нест, вале шояд дар коргоҳи худи президент ҳам баъзе кадрҳо иваз шаванд ё ба дигар мансаб интихоб гарданд. Аммо ман фикр мекунам, ки ягон дигаргунии кадрӣ ба миён намеояд. Он одамоне, ки дар садри идораҳои расмӣ ҳастанд, дар дохили ҳамон чорчуба аз якҷо ба ҷои дигар интиқол меёбанд. Вале дигаргунии ҷиддии кадриро интизор набояд шуд. Мо медонем, ки бӯҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ вуҷуд дорад ва баръакс бӯҳрони иқтисодӣ бадтар мегардад. Ин маънои онро дорад, ки системаи кадрӣ вазифаи худро иҷро намекунад.

Исмоил РАҲМАТОВ, коршиноси масоили сиёсӣ
Дар охирҳои моҳ баъзан ҳамингуна чорабинӣ гузаронида мешавад. Валекин мо медонем, ки дар ҳамаи рӯзномаҳо ва ВАО ҳамеша сиёсати кадрии ҳукуматро танқид мекунанду мегӯянд, ҳамин сиёсат сиёсати дуруст нест. Ба хотири ҳамин сиёсати нодурусти кадрӣ пешравӣ дар ҷумҳурӣ дида намешавад. Чандин сол аст, ки мо мегӯем, пешравӣ ҳаст, вале умуман агар бо дигар ҷумҳуриҳо муқоиса кунем, сатҳи маоши мардум дар мо паст буда дар мамлакати мо тамоман пешравӣ вуҷуд надорад. Тавре нишон доданд, сиёсати кадрӣ ҳамачиро ҳал мекунад, ин сиёсат як сиёсати муҳим аст, ки боиси пешравии ҷомеа ва тараққиёти соҳаҳои мухталифи иқтисодиёту сиёсати ҷумҳурӣ мегарданд. Яке аз сабабҳои дар якҷо шах шуда мондани сиёсати расмиямон, ҳамин сиёсати мост, ки оқилона нест. Аз ин сиёсате, ки давлат пеш гирифтааст, ман ҳеч умед надорам ва фикр мекунам, ин сиёсат монанди солҳои пешина идома меёбад.

Ҷура ЮСУФӣ, коршиноси масоили сиёсӣ
Сиёсати кадрӣ бо иваз кардани баъзе аз раисони шаҳру навоҳӣ дар ҳукумат оғоз шуд. Аз рӯи натиҷаҳои порсол шояд дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат ин тағирот идома ёбанд, вале на ба сурати ҷиддӣ ва на ба таври тағиротҳои хеле калидӣ. Соли 2013 ба хотири интихобот барои ҳукумату президент бисёр муҳим аст ва раиси ҷумҳур кӯшиш мекунад, ки ҳайати ҳукумати имрӯзро, ки куллан ҷонибдори ӯ ҳастанд, дар ҳайаташ ҷой диҳад, то дар интихобот як пуштибони қавии мустаҳкам дошта бошад. Дар сурати пирӯзии комил ба даст овардан дар охири соли нави 2013, шояд ҳукумат воқеан тағир мехурад. Аммо акнун ба гумон аст, ки дар ин марҳилаи барои ҳукумат ҳассос, ҳайати имрӯзаи ҳукумат тағироти ҷиддӣ бихурад.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!