Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 13:00

Офарин ба раийят!

11 январ 2013, 10:54

(ё мардум то кай амру фармонҳои ҳокимону раисонро бардавор иҷро мекунанд)

1.Ҷамъомади навбатӣ: бояд пул ҷамъ овард
Оё басо масъалаҳое, ки имрӯз дар ҷомеаи мо ҳалли худро наёфтаанд, ягон мушкилоти сангину тасаввурнопазире дар пай доранд? Не, охир, не! Чанд гоҳест, ки дар деҳа проблемаи бунёди бинои иловагӣ барои мактабиён ба як ҳангомаву ҳамҳамае табдил ёфтааст, ки тафсилоти баёнии он нагуфта беҳ! Хонандагон дар се баҳс ба таҳсил машғуланд, шароити зарурӣ нест. Чанд маротиба мардум масъаларо дар ҷамъомадҳои мактабӣ ба муҳокима гузоштанд, аммо таи 5 соли охир муроде ҳосил нагардиду намегардад. Се сол қабл муовини раиси Ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ М. Бобоева ва мудири шуъбаи маориф Ҷ. Назаров ва мактаби №51 ташриф оварда, аз маҳалли бинои кунунии таълимгоҳ дидан ба амал оварданд. Баъд гап-гапу овоза омад-омади муҳоҷирони Роғунӣ, ки дар мавзеи адири Моштеппа бояд ба замин ва манзили зист таъмин гарданд, дар деҳаи Моинкаҷ паҳн гардид. Ва ахбори тоза шуру ғалмағоли дигаре барангехт. Баҳри муҳоҷирони роғуни бунгоҳи тиббӣ ва мактаби ҷадиди алоҳида месохтанд. Аз байн чанд сол гузашт. Бунгоҳи тиббӣ сохтанд ва мардуми Роғун, ки дар асари сохтмони НОБ-и ҳамноми қаламрави худ, ба деҳаи Моинкаҷ кӯчонда шудаанд. Сохтмони мактаб алъон оғоз нагардидааст, вале дар нақша ҳаст, бунёд карда хоҳад шуд.

Вале, аҷобати кор дар он аст, ки рангро аз чи бошад, оварда ба сохтмони бинои иловагии деҳаи Моинкаҷ ҳамчун дарбеҳи нолазим часпондан мехоҳанд. Як идда масъулони ноҳияи Рӯдакӣ мактаби №51 воқеъ дар деҳаи Моинкаҷ тақрибан 600 нафар хонанда дорад. Мактаби ҷадиду хуштарҳи якқабата аст, ки соли 2003 сохта шуда аст. Тибқи хабарҳои ба мо расида, мақомоти иҷроияи Ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ мехоҳад мактабро ба бинои наве, ки баҳри муҳоҷирони роғунӣ бунёд карда мешавад, бикӯчонад. Хуб, баъд чӣ? Аввал ин ки алҳол маълум нест, ки бинои мактаби роғуниҳо кай сохтаву ба истифода дода мешавад. Дигар ин ки чаро мактаби зебову замонавиро монда, ба дигар ҷо "мечаспанд" ҳангомаҷӯёни соҳибмақом?

Ё дар ин қазия зери коса нимкоса нуҳуфтаасту иддае ба бинову замини назди мактаби №51 муфту осон соҳиб шуданиянд?
Дар ҷамъомади падару модарон андар боби сохтмони бинои иловагӣ боз ҳам баҳсу бигӯ магӯҳо авҷ гирифтаанд. Аз ҳар каллае садое мебаромад. Зимнан, нафаре фаҳмидан хост то сарварони ҷамоати деҳоти Роҳатӣ дар ин мавзуъ чӣ фикре доранд? Намояндаи раёсати маҳалла ба масъалае равшанӣ бахшида маслиҳату пешниҳоди ҷамоатро ба самъи ҳозирин расонд. Яъне, мардум ба умеди ину он мақому ниҳод нашуда, ҳама якдилу яктан шуда, ба тариқи ҳашар бисозанд. Ҳамон бинои иловагиро ҳамаашон ҳамин! Тамом-вассалом. Ба лаби ҷӯй баробар. Аммо мардуми зиёде, ки аз ин ҳашару мактабсозиҳо ба сутуҳ заданду бонг бардоштанд, ки кадом як проблемаро бечора раийят ба сари худ ҳаллу фасл намояд, дар ҳоле, ки…

2. Симчӯбҳои пӯсида ва ноқилҳоро кӣ нав мекунад? Мардум!
Воқеъан, тӯли 21-соли соҳибистиқлолии кишвар раийяти ранҷбар ёд надорад, ки мақомдорони марбут ба бахши барқи кишвар боре ба деҳу қаряҷот сафар карда, мардумро дилпур карда бошанд, ки "мо ҳамин симчӯбҳои пӯсидаву ноқилҳои аз даврони дақёнусӣ мондаи шуморо, албатта, ба наваш иваз мекунем". Чандин маротиба мардум ба таври муқаррар ба намояндагони мақомоти "Барқи тоҷик" андар ин боб муроҷиат кардаанд. Раисони бахши барқи ноҳия, садри ҷамоати деҳот ва маҳалла дар посух мегӯянд, ки "ба фикри Шумои донову фозил киҳо бояд симчӯбу ноқилҳоро иваз кунанд? Дигар ба умеди Ҳукумат нашавед, худатон пул ҷамъ карда, симчӯбу ноқилҳоятонро нав кунед, агар трансформаторатон сӯхта бошад, таъмир кунед" яъне боз ҳам бояд бечора раийят худ аз паи ободии бунёдкории деҳу рустои худ ранҷу азоб бикашанд. Аммо ҳеҷ як соҳибмақом боре намепурсанд, ки аҳолии бекор, ки аслан ба муҳоҷирати меҳнатӣ банданд, ин ҳама маблағҳоро аз куҷо меёбанд? Ва магар онҳо аз роҳбарону вазифадорони ҳукуматӣ қарздоранд, ё ғулому бардаи зархариди эшон ҳисоб мешаванд? Магар, ҷанобони мақомдору соҳибмансаб, ки солҳост бо ҳарду даст бо курсиҳои мансаб сахт часпидаанд, айбу шармро намедонанд ва хиҷолат намекашанд. Пешорӯи мардуми аламзада? Охир чун шумо наметавонед аз уҳдаи вазифадорию рисолати худ сарбаландона бароед, пас чи ҳоҷат курсиҳоро "занҷирбанд" карда нишастаанд? Ҳама проблемаву мушкилотро раийят агар худаш ҳал мекунад, пас шумо "хода ранг мекунед?". Ва ширкати "Барқи тоҷик" ҳам!

3. Роҳҳоро кӣ азнавсозӣ ва таъмир мекунад?- Мардум!
Ҳангоме, ки ба нақлиёти мусофирбар нишаста, ҷониби деҳа роҳ гирифтаму ба дарвозаи ҷамоати деҳот расидам, ҷавонмарде оҳ кашида:- Ана акнун аҳвол бад мешавад, -гуфт. Ҳай бардорузане сар мешавад, ки ҷонат ба ҳалқат меояд. Манзури он ҷавонмард роҳҳои мумфарши асосии байни деҳоти ҷамоати Роҳатӣ мебошад, албатта! Ростӣ, вазъи баду нохуши роҳҳо тӯли солҳои дарозест, ки мардумро ба ташвишу нигаронӣ мувоҷеҳ кардааст. Роҳҳо харобу валангор, пур аз чуқуриву мағок ва аслан ноҳамворанд. Ин роҳхои асосӣ аз деҳаи Моинкаҷ шуруъ гардида то ба Роҳатии калон ва Оқчакману Нилкону теппаи Самарқандӣ, Шайхану Меҳтари Хокалию Дуоба, Навободу Мағмурӯд ана дар ҳамин аҳволи бас фарсудаву фатаротгашта қарор дорад. Ва куллӣ роҳбарон, аз раёсати ҷамоати деҳот то ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ аз ин вазъ дақиқан хабар доранд. Вале аҷаб сабабу баҳонае ёфтаанд! Дар хусуси ободии роҳҳо, таъмиру азнавсозии он шуда, сухан дар миён андохта шуда бошад ҳам, ҷанобони вазифадорро аз он парвое нест ва бар замми ин, масъулони соҳибмақом дар ҷаласаву ҷамъомадҳо ба мардум таъкиду таъйид мекунанд, ки сокинони ҳар як деҳа маблағ ҷамъ оварда, худашон роҳҳоро таъмир ва тахту ҳамвор намоянд. Ин мушкил ҳеч ҷои фикру андешаи зиёдатӣ надорад, роҳи ҳалаш ҳамин!

Акнун худ қазоват кунед, ки дар баррасиву файсалаи тамоми масъалаи печидаву доғ, ки имрӯз ҷомеаро фаро гирифтааст, ки дар меҳвару асосӣ амалиёт қарор гирифтааст? Боз ҳам раийяти аз фишори зиндагӣ ва ҷабру ҷафои ҳукуматдорон ба фиғон омада.

Ҳамаи инро кас ба мушоҳида гирифта, ба ҳайрат аз худ мепурсад, ки миссияи қонуни ҳукуматдорон дигар аз чӣ иборат бошад. Аз сохтор ба курсии мансаб часпидану пуфаквор шикам дамондан? Аз фиребу ваъдаҳои дурӯғин, ки  бас арзон ба мардум "тӯҳфа" мекунанд? Аз чӣ иборат аст охир?!

PS: Ғолибан, ин ҳама проблемаҳое, ки як-як ин ҷо рақамзанӣ намудем, баҳси дирӯзу имрӯз набуда, солҳои дарозест, ки ғун шудаанд ва бадбахтона, ҳеч не ки роҳи амалии худро дарёбанд. Ҳолиё суол андар паси суол мағзҳоро такон медиҳад, ки чаро сарварони мақомоти марбутаи ину он соҳа ба дурустӣ вазифаи худро иҷро намекунанд, ё иҷро кардан намехоҳанд? Чаро масъулиятро аз худ дур андохта, ҳамвора ба дӯши  раийяти ранҷбару машаққатдида ҳамл кардан мехоҳанд? Чаро дилашон ба ин марзу бум заррае намесӯзад? Чаро доиман дар фикри нафси бетаҳи худанду амалӣ сохтани манфиатҳои шахсиашон? Чаро дарди мардумро, ки аслан дарду доғи ҷомеа маҳсуб меёбанд, ба як пули сиёҳ намегиранд? Воқеан, чаро?!


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!