Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:45

Истихдоми мансабдорони амрикоӣ дар созмонҳои саҳюнистӣ

15 январ 2013, 06:39

Созмони саҳюнистӣ "Ҷинсо" аз пайвастани яке аз сенаторҳои пешини Амрико ва чандин мақоми низомии аршади ин кишвар ба ҳайъати мушовирони ин созмони саҳюнистӣ  хабар дод.

Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ, созмони саҳюнистии "Ҷинсо" солҳост, ки дар чаҳорчӯби умури низомӣ ва бо ҳадафи боло бурдани равобити низомии ин кишвар бо режими саҳюнистӣ фаъолият мекунад. Дарвоқеъ, ин созмони саҳюнистӣ яке аз лоббиҳои бонуфуз дар Пентагон ба шумор меравад, ки дар ростои барномаҳо ва аҳдофи худ, иқдомоти мухталиферо ба иҷро гузоштааст. Яке аз ин иқдомот, гирдоварии мақомоти аршади неруи дарёӣ, неруҳои ҳавоӣ ва заминии Амрико ва низ сиёсатмадорон ва назарияпардозони ин кишвар ба манзури истифода аз назарот ва мушовираҳои ин ашхос, бо ҳадафи тақвияти амалкарди режими саҳюнистӣ аст.

Ин созмони саҳюнистӣ дар ин росто ҷаласот, нишастҳо ва ҳамоиши мухталифе ба сурати давраӣ бо ҳузури ин афрод ва мақомоти аршади режими саҳюнистӣ баргузор мекунад. Дар ин нишастҳо муҳимтарин масоили минтақаӣ ва байналмиллалӣ дар арсаҳои низомӣ ва сиёсии марбут ба режими саҳюнистӣ ба баррасӣ гузошта мешавад.
Нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ дар ин миён, истиқболи мардони низомӣ ва сиёсии Амрико аз ин лоббии бузурги саҳюнистӣ аст.   

Маврид ба ёдоварист, таваҷҷуҳи созмонҳои саҳюнистии "Ҷинсо" барои ин афрод то ҳадде аст, ки онҳо ҳозир шаванд пас аз бознишастагӣ ба хидмати тамом вақти ин созмон, даромада ва ба унвони корманди он, тарҳҳо ва пружаҳои ин созмони саҳюнистиро ба ҷо дароваранд. Бар ин мабно созмони саҳюнистии "Ҷинсо" бидуни вақфа, раванди ба коргирии коршиноси амрикоиро дар бахшҳои мухталифи низомӣ, мушовираӣ ва иҷроӣ дар дасти иҷро дошта ва саҳюнистҳои амрикоиро гирди ҳам меоварад.

"Ҷинсо" дар гузориши ахири худ бо ибрози хурсандӣ, аз пайвастани Ҷав Либерман, сенатори пешини Амрико ва чандин мақоми низомии аршади ин кишвар ба ҳайъати мушовирони ин созмони саҳюнистӣ хабар дод ва навишт: Ҷав Либерман бо собиқаи се даҳа сенаторӣ дар конгресси Амрико ва ба унвони яке аз ҳомиёни сарсахти робитаи Амрико ва Исроил, ба "Ҷинсо" пайваст. "Ҷинсо" бисёр муфтахар аст, ки вайро ба унвони яке аз мушовирони аршади худ муаррифӣ мекунад. Ин созмони саҳюнистӣ мегӯяд, "Ҷинсо" бисёр хурсанд аст, ки эълон мекунад, иловар бар Либерман, 5 тан аз афсарони  аршад низ ба ҳайъати мушовирони "Ҷинсо" пайвастаанд.

Тахассус ва маҳорати ин афрод мусаламан "Ҷинсо"-ро  дар пешбурди аҳдоф ва барномаҳои худ, ёрӣ хоҳад кард.





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!