Бахшҳо
17 янв 2013 08:51Гузориш

Иҳонати навбатии сарбозони амрикоӣ

Иҳонати сарбозони амрикоӣ ба Қуръон дар Туркия, бахше аз силсилаи тавҳинҳое аст, ки тайи солҳои ахир, муқаддасоти мусалмононро ҳадаф қаор додааст. Бинобарин, ин моҷаро, иқдомоти амалии ҷиддитареро барои муқобила ба ин амр металабад...

Сарбозони амрикоӣ ин бор дар яке аз шабҳои моҳи равон, бо вуруд ба масҷиди пойгоҳи низомии "Инҷерлик" дар устони  Одонои Туркия, ба пора кардани Қуръони карим  ва сӯзондани минбари масҷид мубодират карданд. Албатта нахустин бор нест, ки сарбозони амрикоӣ ба амд, муқаддасоти мусалмононро ба масхара мегиранд. Оғози ин иҳонатҳо аз замони ишғолгарии Амрико дар Ховари Миёна калид хӯрд. Ба унвони мисол, апрели соли 2006, ки як сарбози тактирандози амрикоӣ  ба унвони ҳадафи тамринии худ ба як Қуръон тирпарронӣ кард. Ҳамин амр муҷиб шуд, артиши Амрико барои тасалӣ додани  раҳбарони қабоили ироқӣ, ин сарбозро аз Ироқ ихроҷ кунад. Амрикоиҳо ҳатто маросимро  ба манзури узрхоҳии расмӣ аз раҳбарони қабоилии ироқӣ тартиб доданд ва дар ин маросим яке аз афсарони амрикоӣ бо ҳадафи дилҷуӣ аз раисони қабоили ироқӣ як ҷилд Каломуллоҳи маҷидро бусид!

Неруҳои ишғолгари амрикоӣ дар Афғонистон низ расвоии мушобеҳе ба бор оварданд. Ин бор ду сарбози амрикоӣ ба ҳамроҳи чанд нафар аз неруҳои эътилоф, теъдоде аз китобҳои мазҳабӣ, ба вижа чанд ҷилд Каломуллоҳи маҷидро ҷамъоварӣ  ва ба маконе, ки партовҳоро оташ мезананд, мунтақил карданд то бисӯзонанд. Коргарон пас аз огоҳӣ аз мӯҳтавои ин китобҳо, амалиёти сӯзондани онҳоро мутаваққиф карданд.

Мардуми мусалмони Афғонистон пас аз итилоъ аз иҳонат ба ҷойгоҳи муқаддаси Қуръони карим, бо роҳандозии тазоҳуроти густарда, хашм ва танаффури худро нисбат ба иқдомоти зидди мазҳабии сарбозони амрикоӣ ва неруҳои НАТО эълон карданд ва хостори бархӯрди ҷиддӣ бо омилони он шуданд. Ин эътирозот ба Афғонистон маҳдуд набуд  ва оташи эътирозоти мардумӣ ба Покистон, Эрон ва Ироқ расид.

Нуктаи  ҷолиб ин ки сӯзондани Қуръон  боиси шӯриш ва куштори  нақорталабона шуд. Аз ҷумла, ду сарбози амрикоӣ ба зарби гулӯлаи як сарбози афғон  кушта шуданд ва ду мушовири низомии Амрико дар вазорати кишвар низ пушти мизи худ ҳадафи гулӯла қарор гирифтанд ва кушта шуданд.

Ба дунболи ҷанҷоле, ки ба по шуд, мақомоти амрикоӣ барои ором кардани фазо ба узрхоҳӣ ру оварданд. Леон Понета, вазири дифоъи Амрико аввалин нафаре буд, ки бобати ин мавзӯъ  маҷбур ба узрхоҳӣ шуд. Дар он замон Питер Леви, ҷонишини вазири дифои Амрико дар умури амниятии Осиё ва уқёнусии Ором низ дар суханронии худ дар яке аз бузургтарин  масоҷиди Амрико, ба номи Одомз Сентер, аз мусалмонони Вашингтон  ба хотири беҳурматии низомиёни ИСОФ дар пойгоҳи низомии Бағлон, дар Афғонистон узрхоҳӣ ва эълон кард, ки артиш дар ҳоли таҳқиқ ва расидагӣ ба ин рӯйдод аст ва тамомии 140 ҳазор низомии гурӯҳҳои эътилофӣ дар Афғонистон, дар ҳоли омузиш дидан  барои доштани рафтори  муносиб бо мутуни мазҳабӣ ҳастанд. Илова бар ин, мақомоти амрикоӣ ваъда дода буданд, сарбозони дахлдошта дар сузондани Қуръонро муҷозот хоҳанд кард, аммо баъд аз 7 моҳ, мушаххас шуд, ин афрод аз  таъқиби ҷазоӣ гурехтанд ва дар иваз танбеҳи идорӣ барои онҳо дар назар гирифта шуда аст.

Ба ин тартиб, бо вуҷуди ҳамаи ҷанҷоле, ки ба по шуд, танбеҳи мухтасаре барои сарбозони амрикоӣ дар назар гирифта шуд, то мушаххас шавад мақомоти амрикоӣ сирфан дар мақоми ҳарф аз эҳтиром ба муқаддасот ва ақоиди мазҳабии мусалмонон сухан мегуяд ва дар амал на арзиши чандоне барои ин мавзуъ қоил ҳастанд  ва на ба таври ҷиддӣ азми мамониъат аз такрори чунин расвоиҳоеро доранд.

Шоҳиди ин муддао такрори иҳонат ба Қуръон дар пойгоҳи сарбозони амрикоӣ дар Туркия буд, ки хашми гурӯҳҳои исломгаро ва миллигарои ин кишварро ба дунбол дошт. Аммо ин бор аз узрхоҳии амрикоиҳо хабаре набуд. Қабл аз давлати Амрико, мусалмонони Туркия бояд давлати низомиёни худро водор ба мавзеъгирӣ дар муқобили ин иҳонат мекарданд.

Ба ҳамин хотир буд, ки давлати Боғча Ли, раҳбари ҳизби ҳаракати миллии Туркия,  дар як баёнияи хаттӣ, аз давлати Анқара хост дар  ин маврид ба афкори умумии Туркия тавзеҳ диҳад. Вай дар ин баёния гуфт: низомиёни амрикоӣ, дар ҷараёни ишғоли Ироқ  ва Афғонистон чунин иқдоми шармовареро анҷом надодаанд, вале Туркия на Ироқ аст, на Афғонистон. Мардуми Туркия азм ва иродаи лозимро доранд, то ба ононе ки ба арзишҳои муқаддасот тавҳин кардаанд, посух диҳанд.

Аммо навъи вокуниши артиши Туркия дур аз интизори мардуми ин кишвар буд, чаро ки ситоди кулли артиши Туркия бо судури баёнияе, иттиҳомоти воридшуда ба сарбозони амрикоиро рад ва эълон карданд: афроди ношиносе дари масҷидро шикаста ва хисорати каме ба он ворид карданд, ки ин хисорот ва суръат таъмир ва масҷид барои истифода боз шуд.

Ҳамин вокуниш муҷиб шуд, доманаи эътирозот ба иқдоми тавҳиномези сарбозони амрикоӣ густарда шавад ва ҳамин амр додситони кулли Туркияро водор сохт , таҳқиқ ва баррасиҳои худро дар мавриди ин парванда оғоз кунад ва шуморе аз низомиёни Туркия  ва Амрико ва бархе афроди дигарро барои адои тавзиҳот дар ин замина, фаро бихонад.

Дар ниҳоят ба хубӣ метавон дарёфт, достони дунболадори иҳонати сарбозони амрикоӣ ба муқаддасоти мусалмонон, ҳамчунон идома дорад ва ин моҷаро азми ҷиддитари мусалмононро барои бархӯрд бо ин рафтор ва мамониъат аз такрори онҳо, металабад.

Манбаъ: Хабаргузории Форс



Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)