Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:56

9.6 миллион сомонии буҷаро кӣ дуздид?

1 феврал 2013, 08:53

Созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ ҳадафмандона ва ғаразнок аз кишварҳои хориҷ баҳогузорӣ мекунанд. Дар ин бора Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи кишвар дар нишастӣ матбуотӣ таъкид кард. Ба бовари номбурда дар раванди натиҷагирӣ баъзе аз созмонҳо бо вазорат дар тамос шуда, маълумоте низ дархост мекунанд. Вале дар натиҷа мушоҳида мешавад, ки баҳогузории онҳо воқеъӣ нест.
Маврид ба зикр аст, ки чанде пеш созмони байналмиллалии буҷавӣ "International budjet Partnership" натиҷаи пажӯҳиши худро дар мавриди шаффофияти буҷа анҷом дод.

Мутобиқи баҳогузории ин созмон Тоҷикистон аз 100 холи мавҷуда, танҳо 17-тои онро касб кардааст. Сабаби аслии дар сатҳи поён қарор гирифтани Тоҷикистонро пажӯҳишгарони ин созмон дар ноогоҳии мардум аз таҳия ва қабулу ҳарҷи буҷаи давлатӣ арзёбӣ кардаанд. Пажӯҳишгарони ин созмон ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия кардаанд, то барои боло бурдани шаффофияти буҷа дархост ва пешниҳодҳои мардумро оид ба харҷу дахли хазинаи давлат қабл аз қабул дар расонаҳои хабарӣ мунташир кунад. Ба бовари онҳо ба лоиҳаи буҷаи Тоҷикистон ва натиҷаи бозрасӣ танҳо мансабдорон дастрасӣ доранд. Бояд гуфт, ки дар феҳрасти мазкур мавқеъи Тоҷикистон аз дигар кишварҳои минтақаӣ- Қирғизистону Қазоқистонг поёнтар будааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки дигар давлатҳои минтақаӣ натиҷаи бозрасии буҷа ва дигар маълумоти марбут ба ин масъаларо дар сомонаҳои байналмиллалии молиявӣ нашр мекунанд. Сафаралӣ Наҷмиддинов вазири молияи кишвар бар ин бовар аст, ки сурати мунсифона баҳогузорӣ кардан мавқеъи Тоҷикистон бамаротиб боло мерафт. Ин суханони вазири молияро коршинос Исмоил Раҳматов зери суол бурда, мегӯяд, ки одатан пажӯҳишҳои созмонҳои байналмилалӣ воқеъӣ мебошад. Зеро, ҳадафи аслии чунин созмонҳо танҳо муаяйн кардани кишварҳое, ки буҷаи давлатиашон ба таври ошкоро таҳия ва қабул мегардад.

"Чӣ гуна мо метавонем натиҷа як пажӯҳишро нодида бигирем? Боре ҳам мушоҳида нашудааст, ки қабл аз қабул ва ё таҳияи тарҳи буҷа масъулини вазорати молия ва ё вакилони парлумон бандҳои онро бо мардум мавриди таҳлил ва ё омӯзиш қарор дода бошанд. Аксари шаҳрвандон ба ҷуз аз маблағи умумии буҷаи давлатӣ дигар ҳеч банди онро намедонанд", мегӯяд Исмоил Раҳматов.

Аммо Исмоил Талбаков, узви кумитаи иқтисоду молияи Маҷлиси Намояндагон бар ин назар аст, ки баҳодиҳии созмонҳои байналмиллалӣ оид ба шаффофияти буҷа воқеъӣ нест. Чун дар Тоҷикистон барои таҳияи тарҳи буҷа гуруҳи корӣ таъсис дода мешавад. Гурӯҳи корӣ бештар ба қабул ва таҳлили дархости шаҳрвандон машғул шуда, лоиҳаҳои сармоягузориро низ мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Ба бовари ин вакили мардумӣ раванди таҳия ва қабули буҷаи давлатии Тоҷикистон барои ҳеч гуруҳе махфӣ ва ё дастнорас нест.

Дар ҳамин ҳол коршиносон мегӯянд, ки парлумон дар Тоҷикистон ҳамеша бо ангушти ишораи ҳукумат фаъолият дошт. Илова бар ин парлумон ҳатто бо доштани иродаи қавӣ низ ҳеч ҷузиёти кучаки буҷаи давлатиро тағйир дода наметавонад. Зеро масоили буҷаи давлатӣ дар Тоҷикистон бештар аз ҷониби як гурӯҳ тарҳрезӣ мешавад, ки онҳо аз харҷу сарфи маблағӣ давлат манфиатдор ҳастанд. Ба бовари коршиносон аз андоз озод кардани ширкатҳои бузург далели ин гуфтаҳост. Гуфтан ба марвид аст, ки то имрӯз ширкатҳое ба монанди "Осиё экспрес", "?ауксин ?аюр семент", "IRS" ва "То?ирон" бидуни далел ва сабабҳои муаяйн аз андозу пардохти молиёт озод карда шуданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари таҳлилгарон дар сурати пардохти молиёт аз ҷониби ин ширкатҳо тавоноии молии давлат боз ҳам устувор хоҳад шуд.

Бояд зикр намуд, ки масъалаи ғайришаффоф таҳия ва қабул кардани буҷаи давлатӣ ягона мушкилоти ин бахш нест. Дар ин авохир шикоят аз ғайримақсаднок истифода гардидани маблағҳои давлатӣ бештар шудааст. Вазорати молия ва Оҷонсии мубориза бо фасод дар кишвар борҳо аз  мақомоти давлатӣ барои ғайримақсаднок истифода гардидани буҷа шикоят кардаанд.

Дар ҳамин маврид Сафаралӣ Наҷмиддинов гуфт, ки ҷиҳати бартараф кардани мушкили мазкур дар дохили вазорати молия ҳайате ташкил шудааст, ки онҳо аз рафти истифодаи буҷаи давлатӣ дар мақомоти давлатӣ санҷиш мегузаронанд. Тибқи иттилоъ дар соли 2012 раёсати аудити дохилӣ ба маблағи 9,6 милион сомонӣ истифодаи ғайримақсади маблағи буҷаи давлатиро ошкор кардааст. Гуфта мешавад, ин норасоии ин миқдор маблағ дар  мақомоти маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва вазорати ҳифзи иҷтимоӣ ошкор шудааст. Дар ҳамин хол таҳлилгарон мегӯянд, ки мушкили фасод ва истифодаи ғайримақсадноки буҷаи давлатиро бо таъсиси як раёсати дохилӣ наметавон баратраф кард. Таҳлилгарон мегӯянд, ки фаъолияти раёсати аудити дохилӣ дар ҳоле натиҷаҳои мусбат ба даст меорад, ки агар он аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ ва ё хусусӣ таъсис дода шавад. Дар сурати дигар ҳеч вазорат барои ошкор кардани ҷиноятҳои вазорати дигар ҷуръат нахоҳад кард.


Ҳумайрои БАХТИЁР


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!