Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:48

Президенти Афғонистон сиёсати Исроилро маҳкум кард

8 феврал 2013, 16:53

Президенти Афғонистон сиёсати Исроилро маҳкум кардҲомид Карзай, раисҷумҳури Афғонистон нахустин бор дар мавриди муноқишаҳои Фаластину Исроил ба таври расмӣ ибрози назар намуд.

Бино ба гузориши хабаргузории “Кукча”-и Афғонистон, оқои Карзай аснои суханрониаш дар нишасти сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Қоҳира бунёди шаҳракҳи яҳудинишин дар заминҳои фаластиниро маҳкум намуда, онро азбайнбарандаи сулҳ дар минтақа унвон намудааст.

Номбурда дар идома афзуда, ки хушунатҳои ношӣ аз терроризм, бӯҳрону нооромиҳо дар бархе аз кишваршҳои исломӣ ва машаққати мардуми Фаластин яке аз мушкилоти аслии ҷаҳони Ислом ба шумор меравад.

Маврид ба тазаккур аст, ки давлати Афғонистон дар давои 10-соли гузашта чунин як вокуниши расмие алайҳи иқдомоти Исроил нанамуда, ҳатто дар ҷанги Ғазза низ аксуламале аз худ нишон надода буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!