Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:39

Масҷиди баландатарин дар дунё. Дар ошёнаи 157-ум

11 феврал 2013, 10:22

Масҷиди баландатарин дар дунё. Дар ошёнаи 157-умБаландтарин масҷиди дунё, ки дар ошёнаи 157-уми Бурҷи халифаи шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб воқеъ аст, ифтитоҳ гардид.
Бино ба навиштаи рӯзномаи «ар-Риёз»-и Арабистони Саудӣ, масҷиди мазкур чанде қабл зимни маросиме, ки дар он яке аз имомони Масҷидулҳароми шаҳри Макка шайх Холид Ғомидӣ ширкат дошт, ифтитоҳ карда шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, шайх Холид Ғомидӣ бо даъвати масъулони Бурҷи халифа ба ин маросим ташриф оварда, аввалин намоз бо имоматии ӯ дар ин масҷид гузорида шудааст.

Маврид ба тазаккур аст, Бурҷи халифа бо баландии 828 метрии худ ба унвони баландаринт бино дар рӯйи замин ба шумор рафта, дар авоили соли 2010 ифтитоҳ гардидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!