Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:48

Алишер Тӯйчиев ва Фарҳод Тоҳиров ба Ҷоми даъвати АФК-2014 даъват шудаанд

14 феврал 2013, 09:00

Никола Кавазович, сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон, ҳайати дастаи мунтахабро барои омодагӣ ба сабқати интихобии Ҷоми даъвати АФК-2014 эълон кард.

Дар ин рӯйхат исми ду легионер - Фарҳод Восиев аз тими «Волгар»-и Астрахани Русия ва Давронҷон Эргашев аз дастаи «Иртиш»-и Павлодари Қазоқистон зикр ёфтааст. Аз ҳама бештар бозингарони тими «Истиқлол» ба ин феҳраст роҳ ёфтаанд. Кавазович 12 футболбози ин дастаро ба ҳайат ворид кардааст. Ҳафт бозигар аз «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва чор нафар аз «Хуҷанд»-и Хуҷанд мебошанд. Ба дастаи мунтахаби кишвар боз ду нафари дигар - дарвозабон Алишер Тӯйчиев ва ҳамлагар Фарҳод Тоҳиров, ки бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанберо тарк карда буданд ва феълан дар ягон даста бозӣ намекунанд, даъват шудаанд.

Рӯйхат тартибдодаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон чунин аст:
Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев (ҳоло узви ягон бошгоҳ нест), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»), Абдулазиз Маҳкамов («Хуҷанд»), Саидҷон Саидраҳмонов («Истиқлол»);
Ҳимоятгарон: Фарҳод Восиев («Волгар», Астрахан, Русия), Соҳиб Саванқулов, Эраҷ Раҷабов, Наим Улмасов, Аҳтам Назаров (ҳама – «Истиқлол»), Давронҷон Эргашев («Иртиш», Павлодар, Қазоқистон), Далерҷон Тухтасунов, Алексей Неъматов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), Сиёвуш Асроров («Хуҷанд»);

Нимҳимоятгарон: Умедҷон Шарифов, Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Нуриддин Давронов, Иброҳим Рабимов (ҳама – «Истиқлол»), Маҳмадалӣ Содиқов («Хуҷанд»), Хуршед Маҳмудов, Ҷамшед Исмоилов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»);
Ҳамлагарон: Аҳтам Ҳамроқулов, Комил Саидов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), Ҷаҳонгир Эргашев («Истиқлол»), Юсуф Рабиев («Хуҷанд»), Фарҳод Тоҳиров (ҳоло узви ягон бошгоҳ нест).

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати АФК дар гурӯҳи “В” бо тимҳои миллии Қирғизистон, Покистон ва Макао дидор анҷом медиҳад. Бозиҳои ин гурӯҳ дар пойтахти Қирғизистон, дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов аз 17-ум то 21-уми марти соли равон баргузор мешаванд.
Панҷ дастаи ғолиби гурӯҳҳо, инчунин, ду дастаи беҳтарини ҷойҳои дувумро ишғолкарда ба мунтахаби Ҷазоири Молдив, ки ҳамчун мизбони Ҷоми даъвати АФК-2014 бидуни рақобат ба ҳаққи ширкат дар сабқати ниҳоӣ мушарраф шудааст, ҳамроҳ мешаванд.

Барандаи Ҷоми даъвати АФК-2014 ба Ҷоми Осиё-2015 дар Австралия роҳхат мегирад.
Ба ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки рӯзи 3-юми март дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд шурӯъ мешавад, 27 бозигар: 4 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар даъват шудаанд. 23 нафари онҳо ба дархости даста барои ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати АФК дар Бишкек дохил мешаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!