Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:29

ФАТТОҲ САИДОВ

14 феврал 2013, 09:18

Фаттоҳ Саидов, генерал-майори адлия. Соли 1962 дар деҳаи Хушобаки ноҳияи Данғара ба дунё омадааст.

Соли 1984 факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо баҳои аъло хатм мекунад. Фаъолияти кориро дар шӯъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои иқтисодии корҳои дохилии яке аз ноҳияҳои Душанбе шурӯъ кардааст. Сипас, мактаби олии милиса дар шаҳри Саратови Русияро хатм мекунад.

Солҳои 1994-1995 барои кор ба шӯъбаи мубориза бо ҷароими созмонёфтаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон даъват мешавад. Соли 1996 сардори бахши мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Исфара таъин мешавад. Аз соли 1998 то 2002 фаъолиятро ба ҳайси сардори шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳи иқтисодии Идораи умури дохилаи шаҳри Душанбе идома медиҳад. Аз соли 2004 то соли 2009 дар вазифаи сардори Раёсати корҳои дохилаи пойтахт кор мекунад.

Моҳи июни соли 2009 бо фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон таъйин мешавад. Оиладор. Соҳиби 5 фарзанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!