Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:37

Индекси ошкории буҷет дар Душанбе муаррифӣ мешавад

14 феврал 2013, 10:21

Дар ин бора ба Озодагон аз дафтари душанбегии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Гуфта мешавад, 19 феврал шӯъбаи ин ташкилоти байнулмилалӣ бо ҳамшарикии Вазорати молияи Тоҷикистон ва мусоидати молиявии созмони «Мушорикати буҷавии байналмилалӣ» дар толори конфронсии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бахшида ба натоиҷи пажӯҳиш оид ба «Индекси ошкории буҷет» ва тавсияҳои МББ оид ба беҳ кардани он мизи гирд баргузор мекунад.

Ҳамчунин, дар нишаст оид ба рафти ислоҳот дар системаи идораи молияи давлатӣ, ки Вазорати молияи Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад, иттилоъ дода шуда, лоиҳаҳои ИҶК-БМ: «Иштироки шаҳрвандон дар раванди буҷет» ва «Роҳнамои буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон» муаррифӣ мегарданд.

Аз рӯи натиҷаи мизи гирд таҳияи лоиҳаи қарор оид ба иқдоми минбаъда, ки ба амалӣ кардани тавсияҳои Ташкилоти «Мушорикати буҷавии байналмилалӣ» оид бе беҳ кардани Индекси ошкории буҷет равона шудаанд, дар назар аст. Ба мизи гирд намояндаҳои вазорату идораҳо, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват шудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!