Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:36

Додгоҳ ҳукми вазири тоҷиктаборро ба таъхир гузошт

21 феврал 2013, 16:14

Додгоҳи Қирғизистон эълони ҳукми собиқ вазири рушди иҷтимоии ин кишвар, Равшан Собирови тоҷиктаборро то рӯзи 28 –уми феврал ба таъхир гузошт.

Котиботи додгоҳи Қирғизистон ба хабарнигорон иттилоъ додаст, ки вазъи саломатии Равшан Собиров, рузи 21-уми феврал, зимни интиқолаш ба толори додгоҳ бад шудааст. Наздикони Собиров ба додгоҳ маълумотномаи тиббиро пешниҳод кардаанд, ки дар он сабаби ҳозир нагардидани айбдоршаванда, зуҳури бемории дил нишон дода шудааст. Айни ҳол ба гуфтаи наздикони Равшан Собиров ӯ дар беморхона қарор дорад.

Собиров дар он айбдор мешавад, ки дар симмати вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон ба ришвахӯрӣ даст задаст. Парванда алайҳи ӯ бо нишондоди собиқ ёвараш, Тоҳир Мирзораҳматов оғоз гардидааст, ки 4-уми июли соли 2012, зимни гирифтани ришва аз як ширкати итолиёвӣ дастгир шудааст. Ӯ изҳор доштааст, ки маблағро бо дастури Собиров гирифтааст, вале баъдан эътирофоташро ба манфиати Равшан Собиров тағйир дод. Равшан Собиров, ки моҳи декабри соли 2011 вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон таъин гардид, моҳи июли соли 2012 дар робита ба иттиҳомот дар фасодкорӣ муваққатан аз ин мансаб барканор гардид.

Додгоҳи ноҳияи Первомайски Бишкек, Собировро моҳи ноябри соли 2012 «сафед» эълон кард. Аммо додситонии кулли Қирғизистон парвандаи Собировро аз нав ба омӯзиш гирифта, ба додгоҳ ирсол кардааст. Интизор меравад, ки нуқтаи ниҳоиро дар ин қазия додгоҳ рӯзи 28 – уми январ гузорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!