Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:21

Душанбе мехоҳад Созишномаи алоқаи ҳавоӣ бо Британия зудтар тасвиб шавад

22 феврал 2013, 13:49

Масъалаи тезонидани корҳо дар самти имзои Созишнома оид ба алоқаи ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Британияи Кабир мавзӯи меҳварии мулоқоти Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон бо Робин Орд Смит, сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон будааст.

Аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба Озодагон хабар доданд, ки дар ин мулоқот ҳамчунин ба имзо расонидани созишнома байни Ҳуқумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ мавриди муҳокима қарор гирифтааст. “Созишномаи мазкур оид ба таъмини транзити амволи низомӣ ва афсарон тавассути қаламрави Тоҷикистон шароити иштироки қӯшунҳои мусаллаҳи Британияи Кабир дар саъю талошҳои байналмилалӣ ҷиҳати ба эътидоловарӣ ва барқарорсозии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тавассути сарҳадҳои давлатии Тоҷиктстонро мушаххас менамояд”,-афзуд манбаъ.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!