Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:20

Баҳси пул ва таҷҳизоти низомӣ

22 феврал 2013, 14:48

Ҳумайрои БАХТИЁР

Бо наздикшавии соли 2014 Тоҷикистон ба унвони кишвари ҳаммарз бо Афғонистон бештар мавриди таваҷҷӯҳи кишварҳои ғарбӣ қарор мегирад. Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон дар замони хуруҷи низомиёни НАТО ва Иёлоти Муттаҳида аз Афғонистон метавонад худро ҳамчун кишвари транзитӣ муаррифӣ карда, аз ин роҳ барои бароварда сохтани баъзе аз манфиатҳои давлатӣ дар бахши низомӣ муваффақ гардад. То имрӯз аз давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо Қирғизистону Узбакистон барои берун баровардани нерӯҳои НАТО худро ҳамчун кишвари транзитӣ эълон карда, дар ин баробар шарту усулҳое низ пеш гузоштаанд.

Вазъи Афғонистону манфиатҳои Тоҷикистон

Аммо ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, барои истифода аз роҳҳояш ҳоло шартеро пеш нагузошта, ин масъала дар ҳоли баррасист. Гуфта мешавад, ин масъала аввалин бор баҳори соли 2012 аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Ник Ҳорвей, вазири низомии Бритониё, матраҳ шудааст. Он замон ҷаноби Раҳмон ваъда карда буд, ки Тоҷикистон масъалаи ҳамкорӣ барои берунории нерӯҳои НАТО-ро ба баррасӣ гирифта, аз натиҷаи қарори худ дар зудтарин фурсат Бритониёро бо роҳҳои дипломатӣ огоҳ хоҳад кард. Барои таҷриба аз роҳҳои Тоҷикистон он замон Бритониё ҳудуди 28 мошинҳои низомии худро берун карда буд.

Таҳлилгарон ба ин назаранд, ки Тоҷикистон барои истифода аз роҳҳои худ метавонад чанд шартеро ба кишварҳои ғарбӣ пешниҳод кунад. Аз нигоҳи Комёб Ҷалилов, коршиноси масоили амниятӣ Тоҷикистон дар ивази истифодаи қаламрави худ танҳо як шарт ва он ҳам талаби маблағи муаяйнро пеш гузошта метавонад. Ба қавли ӯ, эҳтимол Бритониё аз роҳҳои Тоҷикистон бештар барои берун овардани низомиёнаш истифода кунад, на барои баровардани таҷҳизоти техникӣ.

"Маълум аст, ки Бритониё тавассути роҳҳои мошингарди мо мехоҳад низомиёнашро то Бишкек расонад. Зеро онҷо пойгоҳи низомӣ доранд. Аз ин хотир, мо набояд умед бар таҷҳизоти техникии онҳо бубандем",-гуфт Комёб Ҷалилов.

Ин таҳлилгари масоили амниятӣ дар ҳоле аз манфиатҳои молӣ сӯҳбат кард, ки ҳамсоякишварҳо бештар дар талоши ба даст овардани таҷҳизоти низомии нерӯҳои байналмилалӣ ҳастанд. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аввалин шуда Тошканд барои ҳамкорӣ бо низомиёни байналмилалӣ дар бораи берун баровардани таҷҳизот ва сарбозонашон гуфтушунидро оғоз кард. Узбакистон пешниҳод дошт, бар ивази дар ихтиёри хориҷиҳо гузоштани роҳҳои мошингард ва ҳавоиаш кишварҳои хориҷ бояд 500 миллион доллар пардохт намоянд. Ҳамзамон Тошканд ба Вашингтон ва нерӯҳои НАТО пешниҳоди ҳамкорӣ карда, бар ивази истифода аз роҳҳояш талаби қисме аз таҷҳизоти техникии низомиро кард. Барои мисол, Тошканд пешниҳод дошт, то нерӯҳои НАТО чанде аз мошинҳои зиреҳпӯш, васоили нақлиёти махсус, дастгоҳҳои минаҷӯ ва таҷҳизоти дурбини диди шабонаро дар ихтиёраш гузоранд.

Дар ҳамин маврид Комёб Ҷалилов мегӯяд, талаби ба даст овардани таҷҳизоти техникии низомии НАТО аз ҷониби Тоҷикистон қобили дастгирӣ нахоҳад буд. Чунки бештари таҷҳизоти низомии нерӯҳои байналмиллалӣ, ки дар Афғонистон истифода мешаванд, фарсуда шуда, корношоям аст. Аз ҷониби дигар, низомиёни Тоҷикистон таҷрибаи истифода аз таҷҳизоти техникиву низомии кишварҳои Аврупову Ғарбро надоранд. Аз ин хотир ягона пешниҳоди муфиди ҳамкорӣ ин ба даст овардани маблағи муаяйне аз Бритониё ва НАТО хоҳад буд.

Таҷрибаи талхи Тоҷикистон аз ҳамкориҳои низомӣ

Маврид ба зикр аст, ки пешниҳоди пардохти маблағи муаяйн дар асоси шартномаи ҳамкориҳои низомӣ дар Тоҷикистон барои аввалин бор мавриди баҳс қарор намегирад. Дар гузашта Душанбе чунин як таҷибаеро бо Маскав дошт. Давоми 4 соли охир масъалаи талаби пардохти иҷорапулӣ аз ҷониби Русия барои истифода аз ҳудуди Тоҷикистон сару садои зиёдеро ба вуҷуд овард. Ҳарчанд коршиносон ба муваффақияти Душанбе барои ба даст овардани маблағе аз Маскав шубҳа доштанд. Вале ба иддаои ҳуқуқшиносон эҳтимоли ба таври мусбат анҷом ёфтани ин масъала вуҷуд дошт. Бо таваҷҷӯҳ ба ин таҷрибаи номуваффақ суоле ба вуҷуд меояд, ки оё ин дафъа Тоҷикистон бурд мекунад ва ё бо пеш омадани чанд мушкили сунъӣ аз манфиатҳояш даст хоҳад кашид? Дар ҷавоб ба ин савол Комёб Ҷалилов мегӯяд, вазъи ҳамкории Тоҷикистону Бритониё аз ҳамкорӣ бо Русия ба маротиб фарқ мекунад. Нахуст бояд гуфт, кишварҳо аз ҳам тафовути зиёд дошта, муҳит ва шартҳо низ дигар аст.

"Русия ба хубӣ медонист, ки Тоҷикистон аз ӯ вобастагиҳои зиёде дорад. Ҳам дар сиёсат ва ҳам дар масоили иқтисодӣ. Гузашта аз ин муҳоҷирони мо бештар Русияро интихоб кардаанд. Сиёсат дар умум бозӣ аст. Маскав бо Душанбе бозиро анҷом дод. Вале Бритониё чунин корро анҷом дода наметавонад. Зеро мо вобастагиҳое аз ин кишвар надорем
",-гуфт Комёб Ҷалилов.

Силоҳҳо барои саркӯби нерӯҳои дохилӣ?

Дар тақвияти ин суханҳо Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раҳбари ҲНИТ, мегӯяд, аз оне ки Душанбе бо Маскав дар мавриди талаби маблағ муваффақ нагардид, танҳо бо айби Тоҷикистон аст. Зеро, ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Тоҷикистон бо ҳар баҳона ба Русия гузаштҳои зиёде карда, дар натиҷа будубоши низомиёни русро давоми 30 сол бар ивази ҳеч чиз иҷоза додааст. “Аз ин таҷриба бармеояд, ки дар шароити феълӣ Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳое, ки дар пайи манфиатҳои геополитикӣ ҳастанд, бояд дар асоси шартномаи тарафайн ҳамкорӣ намояд”,-илова кард ҷаноби Ҳайит. Ӯ афзуд, “мувофиқи мақсад мебуд, агар Тоҷикистон аз Бритониё маблағе дархост намояд. Талаби силоҳ барои кишваре чун Тоҷикистон чандон мувофиқ нест. Чунки артиши тоҷик бо кумакҳои билоивази давлатҳои хориҷ муҷаҳҳаз мешаванд. Гузашта аз ин, тамоми аслиҳаро то имрӯз ҳукумати Тоҷикистон барои саркӯб кардани нерӯҳои дохилӣ истифода кардааст. Аз ин рӯ, талаби маблағ ягона пешниҳоди судманде ба Бритониё мебошад."

Маврид ба зикр аст, ки дар ҳоли ҳозир 9 ҳазор сарбози Бритониё дар Афғонистон мустақар буда, онҳо бештар дар музофоти Ҳилманд ҷойгир шудаанд. Бино бар иттилои расмӣ аз соли 2001 инҷониб дар пайи амалиёти низомӣ Бритониё зиёда аз 400 сарбози худро аз даст додааст. Ҳамакнун Бритониё тасмим дорад, дар соли 2014 аз Афғонистон низомиёнаш ва бештар аз 10 ҳазор контейнеру наздики 3 ҳазор мошини зиреҳпӯшашро берун барорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!