Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 13:01

Шӯрообод: Латукӯби сокинони маҳаллӣ аз сӯи афсарони баландрутбаи қисми марзбонӣ

4 июл 2011, 05:49

Шаби 2-юми июл се тан аз афсарони баландрутбаи қисми ҳарбии «№» қӯшунҳои сарҳадоти Тоҷикистон, мустақар дар ноҳияи Шӯрообод, ба рустои Порвори ҳамин ноҳия даромада, бо таври роҳзанӣ ба сокинони ин русто дарафтоданд.



Неъмат Найимов,полковники милиса, сардори шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Шӯрообод ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» гуфт, 3-майори шӯъбаи ба истилоҳ, разведкаи ҳамин қисми ҳарбӣ тақрибан соати 23-и шаб 5-сокини ин русторо бе ягон сабаб мавриди лату кӯб қарор додаанд. Ҳамчунин, ба иттилои манбаъ, як сокини шаҳри Кӯлобро, ки  ронандаи нақлиёти мусофиркашӣ будаву ҳамон шаб дар ин русто будааст, низ зери мушту лагад гирифта, баъдан бо таҳдид аз силоҳ 850-сомонӣ ва телефонии мобилиашро зӯран аз они худ кардаанд.
Найимов афзуд, ҷабрдидагон аз болои афсарони қисми марзбонӣ ба шӯъбаи корҳои дохилӣ шикоят бурдаанд. Ба қавли полковники милиса, афсарони сарҳадчӣ дар ҳолати сархушӣ қарор доштаанд ва ин ҳолат дар ШКД ба қайд гирифта шуда,  кормандони милиса санади марбутаро омода сохта ҷиҳати баррасӣ онро ба додгоҳи Шӯрообод ирсол кардаанд. Дар ҳамин ҳол, масъулини прокуратураи гарнизони низомии минтақаи Кӯлоб низ аз маҳалли ҳодиса дидан карда, бо вазъият ошно гаштаанд.  
Амирхон Икромов, раиси ноҳия дар қиболи ин қазия гуфт: «Гумони он дорем, ки сарҳадбонон дар ҳимояи аҳолии наздимарзӣ мебошанд, аммо ин ҳодиса андешаи мусбати аҳолиро билкулл ба сӯи дигар тағйир дод. Итминони комил дорем, ки додситонии низомӣ ин ҳолатро пурра омӯхта, ба ҳодиса баҳои мусбат медиҳад».  {jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!