Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:53

Футболбозони “Истиқлол” дар Кувайт омодагӣ мебинанд

25 феврал 2013, 11:57

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе марҳилаи севуми омодагии худро оид ба мавсими нави футбол дар Кувайт анҷом медиҳад.

Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ хабар додааст. Манбаъ аз қавли Шоҳрух Саидов, раиси бошгоҳи футболи “Истиқлол”, навиштааст, ки футболбозони тими “Истиқлол” баъди анҷоми мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати АФК дар Бишкек, ки ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 12 бозигари “Истиқлол” ҳунарнамои мекунанд, ба Кувайт сафар мекунанд.

Гуфта мешавад, ки ҷамъомади таълимиву тамринии бозигарони “Истиқлол” дар Кувайт аз имрӯз, 25-уми март то 5-уми апрел баргузор мешавад. Дар ҷараёни омодагӣ ба мавсими нави футбол, ду бозии санҷишӣ бо бошгоҳҳои маҳаллии ин кишвар дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе дар шаҳри Қайроққум бо дастаи “Уротеппа”-и Истаравшан, қаҳрамони вилояти Суғд бозии санҷишӣ анҷом дода, бо ҳисоби калони 6:1 пирӯз шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!