Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:32

Қатар ва Арабистон дар мусаллаҳкунии террористҳои сурӣ даст доранд

26 феврал 2013, 09:27

Санади маҳрамонае, ки тавассути артиши интернетии Сурия кашф шудааст нишон медиҳад, ки Қатар ва Арабистон дар мусаллаҳкунии террористҳои мухолифи ҳукумати Сурия, даст доранд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ба нақл аз пойгоҳи хабарии “Ал-аҳд”, артиши интернетии Сурия эълон кард, санаде кашф карда ки нишон медиҳад Арабистон, Қатар ва ду намояндаи порлумони Лубнон, Саъд Алтаҳрирӣ ва Уқоб Сақар дар мусаллаҳкунии террористҳои мухолифи ҳукумати Сурия, даст доштаанд.

Ин санади маҳрамона аз сафорати Қатар дар Анкара ба вазири умури хориҷаи Қатар ирсол шуда, ки нишондиҳандаи ҷузъиёти дидори мушовири сафорати Қатар бо як дипломат аз кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс ва яке аз шахсиятҳои мухолифи Сурия дар Анкара аст.

Дар матни ин санад омада, ки дар ин дидор ба масъалаи ҳимояти молии Қатар ва Арабистон аз мухолифон пардохта шуда аст, ки ин ҳимоят ба василаи Саъд Алтаҳрирӣ ва Уқоб Сақар сурат гирифта аст.

Ин санад ҳамчунин нишон медиҳад, ки Сақат танҳо 70% аз силоҳҳо ва кумакҳои молиро ба мухолифон медиҳад ва тарҳи тағйири фармондеҳи артиши озод ба вазири хориҷаи Туркия пешниҳод шудааст, ки у бо ин тарҳ мухолифат накарда аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!