Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 29 апрел 2017, 14:27

Куштори навраси тоҷик дар Маскав

27 феврал 2013, 13:17

Шоми 25 –ум феврал, дар қисмати шимолии шаҳри Маскав як ноболиғи 15-солаи тоҷик кушта шудааст.

Тавре хабаргузории «Интерфакс», аз қавли пулиси шаҳри Маскав хабар медиҳад, шоми 25-уми феврал, тахминан соати 22 : 30 навраси тоҷик, ки хонандаи синфи 9-уми яке аз мактабҳои пойтахти Русия будааст, дар наздикии истгоҳи метрои "Петровско-Разумовская" аз тарафи ашхоси номаълум бо зарби корд ба қатл расидааст.

Ба иттилои манбаъ ин шаҳрванди тоҷик ҳамроҳи волидайнаш дар шаҳри Маскав зиндагӣ мекардааст. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, писарбачаи шоми 25 феврал кушташуда Абдуғаниев Муқимҷон Мухторович ном дошта зодаи Тоҷикистон аст. Масъулини сафорат мегӯянд, аз ҷузъиёти ҳодиса минбаъд гузориш хоҳанд дод.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Темурбек

  • 27 феврал 2014 16:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чояш чанат шавад-гурамарги точикро ин авбошони алкаши рус ба гайр аз куштор ва чанг андози дар кишвархои пасошурави дигар коре надоранд!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!