Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:49

Роҳи оҳани Чин – Эрон: Тоҷикистон дар канор монд

28 феврал 2013, 09:19

Дар тарҳи байналмилалии роҳи оҳани Чин – Эрон, ба ҷои Тоҷикистон, Узбакистон иштирок хоҳад кард.

Зимни сафари ҳайати Қирғизистон, таҳти роҳбарии муовини вазири нақлиёту коммуникатсияи ин кишвар, Келдибек Иброев ба шаҳри Душанбе, ки имрӯз, 28 феврал ба поён мерасад, муайян гардид, ки Тоҷикистон аз тарҳи роҳи оҳани Чин – Эрон дар канор монда, Узбакистон ҷойгузини он шудааст. Акнун ин роҳ дар масири Чин– Қирғизистон – Узбакистон – Афғонистон – Эрон сохта хоҳад шуд.

Масъулини тоҷик, далели дар канор мондани Тоҷикистонро аз ин тарҳи байналмилалӣ дар адами роҳи оҳан бо Қирғизистон мегӯянд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Эрон барои омӯзиши қисмати тоҷикистонии ин роҳ 1 миллион доллар маблағи бебозгашт ҷудо намуд ва ин тарҳ аз ҷониби ширкати эронии Метро пажуҳиш гардид. Масофаи қисмати тоҷикистонии ин роҳ 392 километрро ташкил дода, арзиши пешакии он ҳудуди 4 миллиард доллари амрикоӣ арзёбӣ мешуд. Қисмати мушкилаш аз Ваҳдат то Қарамиқ, сарҳади Қирғизистон маҳсуб меёфт, ки 270 киллометр дарозӣ дошта, арзиши сохтмони як километр роҳ дар ин қисмат аз 8 то 10 миллион доллари амрикоӣ нархгузорӣ шуда буд. Бо назардошти ин ҳама мушкилот иштирокдорони тарҳ қарор кардаанд, ки Тоҷикистонро дар ин лоиҳа сарфи назар кунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!