Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:21

Додгоҳ баррасии парвандаи Қувватовро ба таъхир гузошт

28 феврал 2013, 12:49

Додгоҳи шаҳри Дубай баррасии парвандаи истирдоди Умаралӣ Қувватовро ба Тоҷикистон то 10-уми март ба таъхир андохтааст.

Дар ин бора мақомоти пулиси Дубай ба хабаргузориҳои араб иттилоъ додаанд.

Умаралӣ Қувватов, соҳибкори тоҷик, ки гуфта мешавад, зери фишори наздикони раисиҷумҳур ба Маскав фирор кард, тобистони соли 2012 аз пойтахти Русия дар бораи таъсиси созмони мухолифи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, бо номи “Гурӯҳи 24” изҳорот паҳн намуд. Ӯ рӯзи 23-юми декабри соли гузашта дар фурудгоҳи аморати Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд ва дертар мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ин боздошт бо дархости онҳо ба вуқӯъ пайвастааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд барои истирдоди Қувватов тамоми асноди заруриро ба Дубай ирсол карда, интизори ҷавоби ин кишвар мебошанд. Ҳомиёни Қувватов мегӯянд, иттиҳомот алайҳи ӯ ба фаъолияти сиёсиаш рабт доранд ва бояд аз истирдодаш ба Душанбе ҷилавгирӣ шавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • dima

  • 1 март 2013 13:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
РОСТИ ЯГОН АСНОДИ ТЧ-РА АМА КАБУЛ НАКАДАЙ ,АМА ФАХМИДАЙ КИ ХАМАШ КАЛБАКИЯЙ, БАД АЙ ТАРАФИ ТЧ ЯК МИКДОРИ ПУЛИ КАЛОН ПЕШНИХОД ШДАЙ, БАРОИ ХАМИН АМА ТО 10 МАРТА ПАРВАНДАРА ДАРОЗТАР КАД ....... ИН ХАКИКАТИ ХОЛАЙ БОВАР КН ОЗОДАГОН ВА ЧОПШ КН

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!