Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:49

Маҳмадсаид Убайдуллоев ба масъулин ду ҳафта мӯҳлат дод

4 июл 2011, 10:05

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, мири пойтахт ҷаласаи корӣ бо иштироки масъулини ҳукумати шаҳр ва раисони навоҳии Душанбе баргузор шуд.



Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» сухангӯи райиси пойтахт Шавкат Сайидов иттилоъ дод.
Манбаъ афзуд, ҷаласаи мазкур ба баррасии масъалаи ҳолати воқеии намои берунаи бинову иншооти дар шафати  кӯчаҳои протоколии шаҳр ҷойгирбуда, вазъи экологию санитарӣ ва ободонии ҳудуди фарогири онҳо бахшида шуд. Зимни нишаст дар асоси санҷиши анҷомдодаи гурўҳҳои махсуси кории  зери роҳбарии вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо супориши раиси шаҳр таъсисёфта аз вазъи кўчаҳои  мавриди таваҷҷўҳ наворҳои таҳиягашта бо иштироки роҳбарони соҳибтавозуни иншоотҳо, ки корҳои омодагӣ ба таҷлили сазовори ҷашни 20-солагии Истиқлолият дар онҳо бо дермонӣ  сурат гирифтааст, ба риштаи таҳлил кашида шуд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев бо интиқод аз фаъолияти анҷомдодаи раисони ноҳияҳо дар ин самт ва роҳбарони субъектҳои соҳибтавозун бо ироаи дастурҳои қатъӣ барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ду ҳафта  мўҳлат муқаррар намуда, гурўҳҳои кориро муваззаф сохт, ки бо анҷоми санҷишҳои ҳамарўза унвонии раиси шаҳр ахборот манзур созанд. {jathumbnail off}




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!