Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 02:43

Нахустин намояндаи Тоҷикистон дар Конфедератсияи бокси Осиё

4 март 2013, 14:25

Барои нахустин бор дар анҷумани Конфедератсияи бокси Осиё, намояндаи Тоҷикистон ширкат варзида, манфиатҳои муштзанони тоҷикро ҳимоя мекунад.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилооъ доданд, Парвиз Аҳмадов устоди варзиши Иттиҳоди Шуравӣ ва мураббии шоистаи ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои наздик барои ширкат дар анҷумани Конфедератсияи бокси Осиё ба Филиппин сафар мекунад. Ба иттилои манбаъ Парвиз Аҳмадов, нахустин намояндаи Тоҷикистон дар Анҷумани ин конфедератсия хоҳад буд.

Аҳмадов сентябри соли 2011 дар анҷумани Конфедератсияи Осиё оид ба бокс, ки маконаш шаҳри Алмаатои Қазоқистон буд ба ҳайси аъзои коммисияи доварон интихоб гардид.

Соли 2006 таҳти роҳбарии ин сармураббии варзида, муштзани тоҷик Ҷаҳон Қурбонов, дар бозиҳои Осиё барандаи медали тилло гардид ва худи ҳамон сол Шералӣ Достиев дар чемпионати ҷаҳон барандаи медали биринҷӣ гардида буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!