Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:35

Кумитаи дин: 48 ҳазор сокини Тоҷикистон “ғайримусалмонанд”

5 март 2013, 09:19

Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 50 ҳазор сокини ин кишвар ғайримусалмон, яъне пайрави адёни дигар мебошанд. Бино ба иттилои ин ниҳод, “аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, 5-уми феврали 2013, аҳолии ҷумҳурӣ 8 миллионро ташкил дод ва аз рӯи баҳодиҳии натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ – 7 миллиону 952,0 ҳазор мусалмон ва 48,0 ҳазор намояндагони динҳои дигар (ғайримусулмон) мебошанд.”

Тавре манбаи мо аз Кумитаи дини Тоҷикистон гуфт, бар пояи маълумоти барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2010 7 миллиону 522,9 ҳазор нафар ё 99,4 дарсади аҳолии кишварро мусалмонон ва 41,6 ҳазор нафар ё 0,6 фоизи дигарашро намояндагони адёни дигар ташкил медоданд.
Ин дар ҳолест, ки ба бовари иддае аз рӯҳониён теъдоди сокинони ғайримусалмони кишвар бештар аз он аст, ки мақомоти расмӣ мегӯянд. Зеро ба қавли онҳо, дар тӯли бист соли охир бархе аз сокинони мусалмони Тоҷикистон барои дарёфти маблағ ва ризқу рӯзӣ ба фирқаҳои мухталифи масеҳият, аз ҷумла Сонмини куриёӣ ва Шоҳидони Яҳво рӯ оварданд.

Ҳоло дар Тоҷикистон бештар аз 70 созмонҳои ғайриисломӣ сабт шудааст, ки дар манотиқи мухталифи кишвар кор мекунанд. Дар гузашта теъдоди онҳо ба бештар аз ҳаштод мерасид. Аммо пас аз қабули Қонуни нави озодии виҷдон ва созмонҳои динӣ дар соли 2009 ин созмонҳо маҷбур шуданд, дубора аз қайди давлатӣ бигузаранд. Дар натиҷа, тақрибан даҳ чунин созмон ё аз қайди давлатӣ нагузаштанд ё маҷбур шуданд, ба фаъолияти худ нуқта бигузоранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!