Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 09:00

Тоҷикистон аз Швейтсария сармоягузории бештар хост

5 март 2013, 14:21

Имрӯз бо мақсади рушди ҳамкориҳо байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Шӯрои Федералии Швейтсария дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи нахустини комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ оғоз гардид.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” хабар доданд, ин ҷаласа тайи 5 ва 6-уми март идома карда, дар доираи он, комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Швейтсария бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳо мулоқот хоҳанд кард. Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳо баррасӣ гардида, таваҷҷуҳи бештар ба масоили татбиқи лоиҳаҳои муштарак, пешбурди сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон дода шуд.

Дар интиҳои ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ санади дахлдор оид ба муҳиммияти ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, кори бонкӣ ва суғурта ба имзо мерасад.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, гардиши мол байни Тоҷикистон ва Швейтсария мунтазам афзоиш меёбад. Агар дар соли 2011 он ҳамагӣ 62,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, дар соли 2012 ин нишондод рӯ ба афзоиш ниҳода 95,7 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!