Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:36

“Афсӯс, озодии сухан дар мо ба дараҷаи зарурӣ нест”

6 март 2013, 09:52

Акбари Саттор, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, дар остонаи рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11 март таҷлил мешавад, дар номае вазъи матбуот, озодии баён ва таъқиби хабарнигоронро баррасӣ кардааст.

Ӯ дар оғози номаи худ нигоштааст, “сатҳи боварии онҳое, ки барояшон рӯзномаву маҷалла ва барномаҳои радиову телевизион омода мешаванд, нисбат ба ин сарчашмаҳои хабарӣ тадриҷан коста мегардад, ки сабаби асосии ин, агар аз ҷонибе, ба дарди рӯзмарраи аҳли ҷомеа ҷавобгӯ набудани мӯҳтавои аксар матолиби интишор ва пахшшаванда бошад, аз ҷониби дигар, ба мушкилоти зиёди маишиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шудани худи рӯзноманигорон ва васоити ахбори омма мебошад.”

Дар идома раҳбари журналистони Тоҷикистон ба масъалаи озодии баён дар Тоҷикистон ҳам дахл карда ва гуфтааст, “бо афсӯс эътироф кард, ки озодии сухан дар ҷомеаи мо имрӯз ба дараҷаи зарурӣ нарасидааст.” Акбари Саттор гуфтааст, чунин муносибат бо озодии баён мақоми Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла дар рейтингҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон поин бурдааст. “Ба ин як қатор қазияҳое сабаб гардиданд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун фишор ба фаъолияти озодонаи рӯзноманигорон баҳо дода шуданд. Мутаассифона, тамоюли мазкур дар соли ҷорӣ низ идома дорад. Ҳамзамон боз шудани ду парвандаи судӣ муқобили ягона рӯзномаи умумиҷумҳуриявии «Имрӯз нюс», мурофиаи идомадоштаи судӣ алайҳи Агентии иттилоотии «Тоҷнюс», бе ифшои сабаб пайваста баста шудани чандин сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, монеагузорӣ ба фаъолияти рӯзноманигорони номатлуб ва ғайра мисоли возеҳи гуфтаи боло мебошанд.”

Дар идома раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба масъалаи таъқиби хабарнигорони тоҷик ҳам таъкид кардааст. Ба қавли ӯ, “мавридҳои латукӯб шудани рӯзноманигорон, ки барои ҷомеаи мо ҳукми анъана пайдо намудааст, ғайр аз худи ҷомеаи журналистӣ дигар касеву мақомоте садои эътироз баланд намекунад. Чунончи, ҳодисаи навбатии аз ҷониби шахсони номаълум латукӯб шудани Абдураҳим Умариён, раиси дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, бо вуҷуди он ки Вазорати корҳои дохилӣ ба таҳқиқи ин воқеа шурӯъ кардааст, нигаронкунанда буда, баргумон аст, ки ҷинояткорон ба ин наздикӣ дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, зеро ки тақдири чандин ҳодисаҳои дигари ба ин монанд, моро ба чунин хулоса водор мекунад.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!