Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:53

Дуздии озуқаи пойгоҳи низомии Амрико дар Бишкек

6 март 2013, 14:21

Маркази ҳамлу нақли Амрико тасдиқ кард, ки аз анборашон дар фурудгоҳи Манас маводи озуқа гум шудааст.

Дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” котиботи Маркази ҳамлу нақли Амрико дар Бишкек арзиши озуқаи дуздидашударо 40 ҳазор доллари амрикоӣ арзёбӣ намуд. Масъулини пойгоҳи Амрико дар фурудгоҳи байналмилалии Манас афзуданд, ки ҳаққи ифшои иқдоми тафтишотро аз рӯи ин ҳодиса надоранд.

Ин масъала, баъд аз нашри хабар дар расонаҳои амрикоӣ оид ба он ки дар фурӯшгоҳҳову бозорҳои Бишкек маводи озуқа бо бастаҳои амрикоӣ пайдо шудаанд, мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!