Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:17

Боз ҳам интиқоли ҳероин ва боз ҳам дар меъда

4 июл 2011, 12:46

Кормандони фаврии агентии назорат аз болои маводи мухаддир аз интиқоли як ҳолати хатарноки ҳероин дар фурудгоҳи пойтахт ҷилавгирӣ карданд.



Тавре ба “Озодагон” аз  агентии мазкур иттилоъ доданд, дар ҷараёни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, кормандони раёсати сайёри оперативӣ  миёни мусофирони хатсайри Душанбе-Маскав шахсеро ба гумони интиқоли маводи мухаддир дар меъда боздошт намуданд. Дастгиршуда сокини  21-солаи  ноҳияи  Рӯдакӣ буд, ки муваққатан кор намекард ва ният дошт ғилофакҳои пур аз ҳероинро дар меъдаи худ ба  Русия интиқол диҳад.    Дар ташхисгоҳи вижаи агентӣ, бо роҳи табиӣ аз боздоштшуда  55 ғилофаки ҳероиндорро берун оварданд. Мутобиқи хулосаи ташхиси судии агентӣ маводи мусодирашуда навъи ҳероин буда, вазни умумии он 427 граммро ташкил медиҳад.  
Манбаъ афзуд, аммо ин ҳамоно хатми амалиёт набуд. Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамон бегоҳ ташкилкунандаи ин амали ҷиноӣ, сокини 33-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки аз ин пештар барои паҳн намудани маводи нашъадор дар қаламрави Федератсияи Русия суд шуда буд, боздошт гардид. Баъди анҷоми мӯҳлати маҳрумият аз озодӣ вай ба ватан баргашт ва хост усули нисбатан хатарноки интиқоли маводи нашъадор ба хориҷ аз кишварро истифода барад. Бо ин мақсад ҷавони бекори ҳамдиёри худро ба гап даровард ва ба ивази хидматаш барояш пул ваъда кард. Аз рӯи ин ҳодиса шӯъбаи тафтишотии агентӣ тибқи моддаи 200 қисми 3 (муомилоти ғайриқонуни воситаҳои нашъовар ва ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш) ва моддаи 32, қисми 3 (омодасозӣ ба ҷиноят ва сӯиқасд ба ҷиноят) КҶ ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз намудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!