Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 01:15

2:1. Пирӯзии мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон бар Бутан

7 март 2013, 09:17

Дастаи мунтахаби духтаронаи футболи Тоҷикистон (U-14) дар даври дуюми мусобиқаи қитъавӣ дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ мунтахаби духтаронаи Бутанро бо ҳисоби 2 бар 1 шикаст дод.

Мавҷуда Сафарова, футболбоздухтари тоҷик дар дақиқаи 14-уми сабқат ҳисобро боз намуд. Муниса Мирзоева бошад дар дақиқаи 44-уми сабқат голи дуюми дастаро ба дарвозаи ҳариф ворид кард. Нимаи аввали дидор бо ҳамин натиҷа анҷом ёфт. Ҳаминтариқ Тшеринг Янгден, футболбози Бутан дар дақиқаи 62-юми сабқат голи ягонаи дастаашро ба дарвозаи ҳарифонашон ворид кард.

Дар мусобиқаи қитъавӣ дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, ки дар шаҳри Коломбо то 10-уми март идома меёбад, дастаҳои духтаронаи синнашон то 14-солаи Бангладеш, Бутан, Тоҷикистон, Шри-Ланка, Ҳиндустон ва Эрон рақобат мекунанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа чунин аст:

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 Эрон 2 2 0 0 8-0 6
2 Ҳиндустон 2 2 0 0 8-1 6
3 Шри-Ланка 2 1 0 1 5-4 3
4 Тоҷикистон 2 1 0 1 2-4 3
5 Бутан 2 0 0 2 2-7 0
6 Бангладеш 2 0 0 2 1-10 0

Тақвими бозиҳои боқимондаи мунтахаби Тоҷикистон:

Даври 3-юм. 7 март, панҷшанбе: Тоҷикистон- Бангладеш
Даври 4-ум. 9 март, шанбе: Тоҷикистон -Шри-Ланка
Даври 5-ум. 10 март, якшанбе: Эрон-Тоҷикистон

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби духтаронаи футболи Тоҷикистон рӯзи 5-уми март дар бозии аввалинашон дар мусобиқаи минтақавии қаҳрамонии Осиё дар Шри-Ланка аз тими Ҳиндустон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!