Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:43

Алдомӣ ба дарвозаи “Регар-ТадАЗ” голи сеюм зад

12 март 2013, 15:56

Бозингари рақами 9, Аҳмад Алдомӣ аз дастаи “Ал-Риффа”-и Баҳрайн ба дарвозаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода голи сеюмро ворид намуда ҳисоби бозиро, ки айни ҳол дар шаҳри Хуҷанд идома дорад, ба 3:0 расонд. Дар қисми аввали ин бозӣ Алдомӣ дар дақиқаҳои 14 ва 44-ум тубро вориди дарвозаи "Регар-ТадАЗ" карда буд.

Қаҳрамони ҳафтдафъаинаи Тоҷикистон оид ба футбол, дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бозии даври дувуми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2013-ро дар гурӯҳи “А” имрӯз 12-уми март, соати 15:00 дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бо қаҳрамони даҳкаратаи Баҳрайн оид ба футбол дастаи “Ал-Риффа”-и Баҳрайн анҷом медиҳад.

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бозии даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013-ро дар гурӯҳи “А” дар меҳмонӣ бо тими “Сафо”-и Лубнон бо ҳисоби 1:1 анҷом дода буд. Дастаи “Ал-Риффа” бошад, дар нахустин бозиаш дар майдони худ аз тими “Кувайт”-Кувайт бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрдааст.

Дар гурӯҳи “А” дастаи “Кувайт” бо 3 имтиёз пешсаф аст. Дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Сафо” якимтиёзӣ доранд тими “Риффа” бошад бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир аст. Ёдовар мешавем, дар даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 ду дастаи сермухлистарини Тоҷикистон дастаи “Равшан”-и Кӯлоб ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ҳунарнамоӣ мекунанд.

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар нахустин бозии даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дар шаҳри Хуҷанд аз тими “Ал-Рамза”-и Урдун бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда буд, рӯзи 13-уми март дар меҳмонӣ бо тими “Ал-Шорта”-и Сурия рақобат мекунад. Ба иллати вазъи ноустувори сиёсӣ дар Сурия, ин бозӣ дар майдони бетараф (дар варзишгоҳи Шоҳзода Муҳаммад-и шаҳри Аззаркаи Урдун) баргузор мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!