Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 06:05

Абдуқаюми Қаюмзод: "Ман фақат як журналистам!"

12 март 2013, 17:07

Мавзуна АБДУЛЛОЕВА

Ахиран чопхонаи «Бухоро» дар Душанбе китоби хабарнигори маъруфи тоҷик Абдуқаюми Қаюмзодро бо номи «40 соли мубориза, муқовимат ва талошҳо», ки маҷмӯи мусоҳибаҳои ӯро бо муассисону раҳбарони ҲНИТ дар бар мегирад, аз чоп баровард. Хабарнигори «Озодагон» бо чанд суол ба ҷаноби Қаюмзод муроҷиат карда ва дар оғоз пурсид, ки ҳадаф аз нашри ин китоб чӣ буд? Воқеан, туҳфае барои ҷашни ҲНИТ ё рӯшан кардани паҳлуҳои то ҳол норавшани ҷангу сулҳи тоҷикон?

Қаюмзод: «Сипоси фаровон, ки перомуни китоби мазкур суолҳоеро матраҳ кардаед. Албатта, ин китоб ҳам як ҳадя ва дастовез ба чилумин солгарди таъсисёбии ҲНИТ аст ва ҳам то андозае натиҷаи кори хабарнигории банда тӯли ин бист сол аст, ки анҷом додаам. Таваҷҷӯҳи банда ба ҲНИТ ҳеҷ гоҳ қатъ ва канда нашудааст ва аз ҳамон ибтидои по ба саҳнаи сиёсӣ бигзоштани он бо як иштиёқ ва алоқаи хос ба амал ва фаъолияти он мароқ зоҳир мекардам. Аз он ҷиҳат ки ин созмон, ин ташаккул ва ин ҳизби сиёсӣ бо ақлу идроки тоҷикӣ ва бар пояи ойини муҳаммадӣ бунёд ёфта ва аҳдофу ормонаш бо он чизе ки мусалмонони Тоҷикистон мехоҳанд, созгор аст. Вале як нуктае дигар ки инҷо қобили зикр аст, ин аст, ки дар ин китоб танҳо ҳаводиси ҷангу сулҳ инъикос наёфта ва доманаи мавзӯъҳояш васеътар аст. Албатта, хонандаи азиз худ қазоват хоҳад кард, ки ин китоб то чи ҳад арзиш дорад.»

-Аз мақола ва суҳбатҳое, ки дар ин китоб ҷо гирифтаанд, кадоме бароятон муҳиму азиз буд?


Қаюмзод: «Ба ростӣ, хеле аз ин мусоҳибаҳо сарнавишти худро доранд. Манзурам ба ин осонӣ, ки дар китоб ҷо дода шудаанд, ин тавр осону роҳат навишта нашудаанд. Барои ман сӯҳбат кардан бо устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ хеле хотирнишин буд. Бо Ҳикматулло Сайфуллозода дар толори ҳизб ба ҳузури устод Нурӣ шарафёб шудам. Салому алейк кардем ва ман дастгоҳи сабтро омода мекардам, ки дубора Сайфуллозода исми маро такрор карда ва аз матлабе ки соли 1997 дар бораи устод Нурӣ навишта будам, ёдовар шуд. Баъд аз ин, устод (ҷояш дар ҷаннат бошад) дубора аз ҷо баланд шуд ва маро ба оғӯш кашид ва гуфт: Беҳтарин буд. Ва афзуд, ки дуоят кардем ва ҳоло ҳам дуоят мекунем. Ҳамаи ин сӯҳбатҳо пораеро аз сарнавишти ин ҳизб ҳикоят мекунад. Ё мисол, мусоҳибае бо Мирзохӯҷа Низомов аз фармондеҳони аршади пешини ИНОТ дар китоб ҷо дода шудааст, ки аз ҳодисаи имзои Протоколи Ғарм сӯҳбат мекунад, ки хеле ҷолиб аст. Ҳаройина барои худи ман ба унвони як хонанда мусоҳиба ва матолиби ин китоб намегузорад, ки хонанда хаста бишавад.»

-Шумо бо муассисон ва раҳбарони ҲНИТ дар кадом вазъу шароите суҳбат кардед? Яъне, ин суҳбатҳо дар вазъи ороми кишвар дар дохили Тоҷикистон ва ё берун аз он анҷом шудаанд?

Қаюмзод: «Ҳамаи ин сӯҳбатҳо дар Тоҷикистон дар Душанбеи азиз анҷом дода шудааст. Як матлаберо ки дар боло аз он ишорат шуд, дар Маскав ҳангоми ҳиҷрат навишта будам. Ва ин авалин матлабе буд, ки баъд аз 5 соли бо имзои мустаор навиштан зери он номи худро гузоштам. Ин ҳамон матлабе таҳти унвони “Роҳнаварде дар гузаргоҳи Худо” буд, ки дар ҳошияи китоби устод Нурӣ “Он сӯи сиёсат” нигошта шуда ва моҳи апрели соли 1997 дар газетаи “Чароғи рӯз” ба нашр расид. Боқии матолиби он чи пеш аз ҷанги шаҳрвандӣ ва чи пас аз он дар шаҳри Душанбе навишта шудааст.»

-Ин китобро якбора чоп кардед ё ин ки аз қабл барои як чунин китоб ният кардаву барояш талош доштед?

Қаюмзод: «Нияти нашри маҷмӯаи мусоҳибаҳоямро доштам. Аммо инки матолибу мусоҳибаҳои вобаста ба ҲНИТ ва шахсиятҳои бонуфузи онро дар шакли як китоби алоҳида чоп карданро ба ин зудӣ надоштам. Аммо ҳамин 40-солагии ин созмони мӯътабар таҳрик дод ва инак он аз чоп раҳо шуд.»

-Ин нахустин китоби Шумост. Оё ният доред, ки китобҳои дигари суҳбатҳоятонро ҳам ба нашр расонед? Ва агар махфӣ набошад, он кадом китоб ва суҳбат бо киҳо хоҳад буд?

Қаюмзод: «Оре, ин китоби аввал аст. Ҳоло се китоби дигар дар ҳоли омодашавӣ ба нашранд. Як китоб маҷмӯи мусоҳибаҳо бо афрод ва чеҳраҳои маъруфи кишвар, китоби дигар, ки шояд ду ва ё се қисмат бишавад, ҳамин тавр сӯҳбатҳо бо сиёсатмадори арсаи ҷаҳонӣ ва рӯҳонии бузург Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва як маҷмӯи мусоҳибаҳо бо сиёсатмадори барҷаста, вакили Маҷлиси Намояндагон ва раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ аст.»

-Дар охир. Шумо ҳоло чӣ кор мекунед? Манзурам, ин ки Вазорати умури хориҷӣ ба фаъолияти Шумо то ҳанӯз иҷозат надодааст ва Шумо ба чӣ кор машғулед? Роҳбарияти Радиои Озодӣ дар ин маврид чӣ мегӯянд?

Қаюмзод: «Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон то ҳоло аккредитасияи маро надодааст ва сабабашро ҳам шарҳ надоданд. Ман танҳо як журналист ҳастам. Наход ҳукумат коре дигар надошт, ҳарифе дигараш намонд, ки зӯраш ба ман расид. Воқеан, ҷои таассуф аст, ки Вазорати умури хориҷии як кишвар бо як хабарнигор дасту панҷа нарм карда ва “зӯр” барояд. Хуб, роҳбарияти Радиои Озодӣ ҳам мисле, ки эътирози худро дар ин бора баён кард... Айни замон бекор ҳастам.»


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • kholid

  • 12 март 2013 18:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
khelo khub kore anjom dodaast barodar Qayumzod in kitobro az kujo dastras kardan mumkin ast??? muntaziri posukham muhtaram kormandoni somonai ozodagon????
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Каюмзод бояш шарм кунад пеш аз навитани он, ки гуё уро бегунохона корти хабрнигориашро тамдид накардаанд. Хар як хабарнигори точик бояд пеш аз хама хамчун шахрванди точикистон ва точик манфиатхои миллиро хифз намояд. Худро дар хама чой машхури бегунох нишон додан аз руи одамгари нест.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чопхонаи "Бухоро"? Чопхона дигар аст ва муассисаи интишороти (ё чунонки дар Точикистон маъмул шуда: нашриёт) дигар. Бухоро муассисаи интишороти аст!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!