Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:38

Симои нави "Автовокзал"-и кӯҳнаи Душанбе (Акс)

12 март 2013, 17:44

Ибодуллоҳи ТОҲИР

Рӯзи сешанбеи 12-уми март "Автовокзал"-и Душанбе пас аз таъмиру навсозӣ ба фаъолияти худ шурӯъ кард.

Ҳоло ин бино дар тобеияти ширкати "Осиё Экспресс" қарор дорад, ки моҳи октябри соли гузашта Маҷлиси Намояндагон бахше аз тиҷорати онро аз андоз озод кард. Ширкати "Осиё Экспресс" барои интиқоли мусофирон 40 адад автобус ва сад худрави истеҳсоли Олмонро ба Тоҷикистон овардааст.

Масъулин мегӯянд, барои таъмиру навсозии бинои "Автовокзал"-и Душанбе 140 миллион сомонӣ харҷ кардаанд ва барои анҷоми корҳои боқимонда 70 миллион сомонии дигар харҷ хоҳад шуд. Автобусҳои ин ширкат истеҳсоли Олмон буда, ҳангоми интиқоли мусофирон роҳнамоён ба мусофирон хидмат мерасонанд.

Қарор аст, рӯзи 15-уми март автобусҳои хурди ширкати "Осиё Экспресс" ба хатсайрҳои маҳалливу байналмилалӣ фаъолиятҳои худро ба роҳ монанд. Вале то ҳол дар бораи нархномаи он чизе гуфта нашудааст.

Дар ошёнаи якуми бинои “Asian Express Terminal”, яъне собик “Автовокзал” ҷойҳои нишаст барои мусофирон, маркази хизматрасонии бонкӣ ва ҳамзамон дӯконҳои фуруши либосҳои варзишӣ ва маҳсулоти ороишӣ ташкил шудааст.

Симои нави "Автовокзал"-и кӯҳнаи Душанбе (Акс)

Симои нави "Автовокзал"-и кӯҳнаи Душанбе (Акс)

Симои нави "Автовокзал"-и кӯҳнаи Душанбе (Акс)

Симои нави "Автовокзал"-и кӯҳнаи Душанбе (Акс)

Симои нави "Автовокзал"-и кӯҳнаи Душанбе (Акс)

Симои нави "Автовокзал"-и кӯҳнаи Душанбе (Акс)

Симои нави "Автовокзал"-и кӯҳнаи Душанбе (Акс)

Симои нави "Автовокзал"-и кӯҳнаи Душанбе (Акс)

Симои нави "Автовокзал"-и кӯҳнаи Душанбе (Акс)

Симои нави "Автовокзал"-и кӯҳнаи Душанбе (Акс)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Шарофиддин

  • 12 март 2013 18:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ташакур ба ширкатхое ки ба сохтумони чуннин як терминал сахм гузоштан !!!!! умедворем 70 милон сомони бокимондаро самаранок барои ободу зебогардонидани ин терминал сарф менамояд...... ман хохиш дорам км дар хатсаири Душанбе-"Темурмалик" як автобус хафтае 1 кмаротиба гардиш мекунад ин хохиши ахли нохия темурмалик мебошад
Посух додан
  • одам

  • 13 март 2013 08:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
салом хело хушх,олам ки обод мешавад Точ,икистони азизам вале Худо накунад ки ин х,ама ободих,о ба хотири дигар манфиатх,о бошад ин ќадар сармоя шояд аз хорич, бошад?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ахсан мегуям,ба он нафароне ки сахми худро дар ободии як гушаи шахрамон гузоштанд. Бисёр макбулу хушу гуворост. Ба кадри ин мехнату захмату талошхо бояд расид.!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хело захмати зиёд кашидаанд. дасташон дард набинад, ободкунандагони шахрро.Миллат бояд ба навгони ва тозаги одат намояд. Иншоаллох пас аз 14 мох терминали дигари мусофирбари дар фурудгох фаъол мешавад, ки боз ба хусни пойтахт хусн замм мекунад. Ай миллати фархун
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин икдоми начиби Шумо боиси мамнунияти мо чавонони Кулобшахри бостонист!
Посух додан
  • ооо

  • 14 март 2013 16:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муборак шавад

бехтарин кор аст иншо Оллох чаноби оли хамавакт сарбаланд бошед

Дастатон дардро набинад ки факат дар гами мардум хастанд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ассалому алайкум бар ҳама мардуми шарифи тоҷик муборак бошад ин қароргоҳи навтаъсис худованд хайру баракат ато кунад ба касоне ки дар ин иншоот саҳм гузоштаанд. Аз роҳбарияти кишвар хоҳиш доштам дар ҳама вилояту ноҳияҳо сохти қадимаи қароргоҳҳои нақлиёти мусофир кашро иваз кунанд мутобиқи шароити ҳозира барқарор кунанд нур ало нур мешуд . Мардум ҳам интизоми хуби олиро ба худ таълим мегирифтанд ба қадри ин неъматҳо боз бештар мерасиданд. Ҳатман назорат шавад нагузоред беодоби ва бетамизиро касе дар ин нақлиётҳо анҷом диҳад зеро ин ба зарари худи мардуми мост.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!