Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:46

Сӯҳбатҳои телефонии моро "гӯш" мекунанд?

13 март 2013, 10:31

Мавзуна АБДУЛЛОЕВА

Бархе аз сокинони Тоҷикистон бо нигаронӣ аз он ки сӯҳбатҳои телефонии онҳоро «гӯш» мекунанд, на ҳамаи ҳарфҳояшонро баён карда метавонанд. Бахусус, вақте ин ҳарфҳо ба Тоҷикистону сиёсати ҳукумат ва ё далелу арқоми муҳиме рабт мегирад.

Хабарнигор Абдураҳмон Раҳмонов ин ҳолатро дар сӯҳбат бо мусоҳибонаш бисёр мушоҳида кардааст. Ӯ мегӯяд, "барои мисол, дирӯз телефонӣ хабар мегирифтам, аз мусоҳибам факти заруриро пурсидам. Мусоҳибам айнан гуфт: «фалон қадар...» ва боз баён кард ки "факти телефонӣ набуд"...

Ҳуқуқдони тоҷик Шокирҷони Ҳаким «гӯш» кардани сӯҳбатҳои телефонии бархе аз шахсиятҳоро дар остонаи интихоботи қарибулвуқӯи Тоҷикистон аз эҳтимол дур намедонад. Ба қавли ӯ, «дар шароити Тоҷикистон шахсиятҳои алоҳидаи ҳизбҳои сиёсӣ, бахусус ҲНИТ ва ҲУСДТ; дигар рӯшанфикроне, ки дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ таъсиргузор ҳастанд; созмонҳои байналмилалие, ки дар таҳкими ниҳодҳои демократӣ ва риояи ҳуқуқи инсон манфиатдор мебошанд; бе шубҳа нашрияҳо ва кормандони алоҳидаи онҳоро, ки мавзӯъҳои ҷиддиро пайгирӣ мекунанд, шояд гӯш кунанд.”

Мусоҳиби мо мегӯяд, одатан дар кишварҳои ғайридемократӣ талош мешавад, ки ҳар қадами шаҳрвандон таҳти назорат бошад. «Албатта, Қонуни асосӣ ва баъзе дигар қонунҳои Тоҷикистон дахолат ба ҳаёти шахсӣ, аз ҷумла бе далелу асосҳои ҷиддӣ гӯш кардани суҳбатҳои телефонӣ, хондани мактубҳо ва мукотибаи интернетии шаҳрвандонро манъ намудааст. Вале ҳамзамон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амниятӣ иҷозат додааст, ки дар ҳолатҳои истисноӣ, бо мақсади амалӣ намудани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз чунин амалҳо истифода баранд»,-афзуд ӯ.

Аммо мақомоти расмии Тоҷикистон «гӯш» кардани сӯҳбатҳои телефонии бархе аз сокинонро рад карданд. Рафиқҷон Шокиров, муовини аввали раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, мегӯяд, «ягон хел гӯш кардани сӯҳбати телефонии шаҳрвандон имконпазир намебошад, на ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ, на ба дигарон. Вазифаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба мардум таъмин кардан ба алоқа мебошад. Иҷозат додан ё надодани суҳбатҳои телефонҳои мардум ба мо вовастагӣ надорад.»

Шаҳноз Комилзода, сухангӯи "МегаФон", ҳам мегӯяд, ширкати онҳо «иҷозат намедиҳад, ки ғайриқонунӣ гуфтугӯи телефонии муштариёнашро бишнаванд. Гӯш кардани телефонҳо танҳо дар сурати дархости хаттии додситонӣ ва пешниҳоди далелҳои қатъӣ иҷозат дода мешавад. Чунин дархостҳо хеле ва хеле кам ҳастанд.»

Ин ҳам дар ҳоле ки ба гуфтаи ҳуқуқдон Ойниҳол Бобоназарова, нафароне ки фикр мекунанд, сӯҳбати телефонияшонро гӯш мекунанд, бояд ба мақомот муроҷиат кунанд. Пас, онҳо дар кадом асос гӯш кардани сӯҳбатҳоро бояд фаҳмонанд. «Ин ҳолат дар ман буд, ё набуд, гуфтанаш бисёр мушкил аст. Як вақте ҳис мешуд, аммо феълан фикр намекунам, он нафароне, ки ин қарорро қабул мекунанд, барои гӯш кардан ягон асос дошта бошанд. Ман рӯирост фикри худамро дар ҳафтаномаҳо мегӯям, барои ин ҳофати маблағ сарф кардан нест»,-гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон теъдоди истифодабарандагони алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистонро 8,3 миллион нафар гуфта ва тавзеҳ дода буд, ки ин ҷо шумораи симкортҳои фурӯхташуда ба назар гирифта шудааст ва на ҳамаи онҳо фаъоланд. Ба гуфтаи Рафиқҷон Шокиров, шумораи муштариёни фаъол дар кишвар 4,7 миллион нафарро ташкил медиҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!