Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 11:01

Мудири ТВ "Пойтахт": Мушкили мо кори Кумитаи телевизион набуд

13 март 2013, 14:20

Абдулқодири Абдуқаҳҳор, раиси телевизиони “Пойтахт”, даст доштани Кумитаи радио ва телевизионро дар қатъи фаъолият ва то ба 8 соат расидани барномаҳои ин шабака рад кард.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар суҳбат ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, аз «Телерадиоком» мужда гирифтааст, ки бегоҳи имрӯз (13 март) ё фардо (14 март) телевизиони «Пойтахт» фаъол хоҳад шуд. Ӯ гуфт, то расидани фиристандаи нав ин шабака дар як шабонарӯз 8 соат барнома пахш хоҳад кард: “Пас аз хариди фиристандаи мавҷи (передатчик) нав телевизони “Пойтахт” аз нав 20-соата хоҳад шуд. Ҳозир ягон кас мухолифи 20-соата будани телевизони “Пойтахт” нест.”

Ахиран Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе барои хариди фиристандаи нав барои телевизиони “Пойтахт” тендер эълон кард.

Фаъолияти “Пойтахт” бегоҳи 24-уми феврал, аснои суҳбати рӯзноманигор, Адибаи Азиз бо Гулрухсори Сафӣ, шоираи мумтози тоҷик, ба якборагӣ қатъ шуд. Телевизиони "Пойтахт" шабакаи иттилоотӣ, фарҳангӣ- фароғатӣ ба шумор рафта, шуруъ аз 1-уми ноябри соли гузашта барномаҳои худро 18 соат дар як шабонарӯз пешкаши бинандаҳо менамуд. Баъди гузаштан ба пахши 18-соатаи барномаҳо Абдуқодири Абдуқаҳҳор зимни як мусоҳибаааш бо хабаргузории “Озодагон” изҳор дошта буд, ки “мо рақиби ҷидии 4 шабакаи дигар мешавем, зеро аллакай давоми ду ҳафта беш аз 30%-и тамошочиёни ин 4 шабака - «Шабакаи якум», «Сафина», «Баҳористон» ва «Ҷаҳоннамо» ба телевизиони мо гузаштанд”.

Таҳлилгарон мегӯянд, дар ин шабака талошҳо барои ироаи минбар ба чеҳраҳое, ки дар шабакаҳои дигари тоҷик ба истиллоҳ “мамнӯъ” ҳастанд ба назар мерасид ва яке аз сабабҳои қатъи фаъолияту коҳиши ҳаҷми барномаҳо ба ин иқдом рабт дода мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!