Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:16

Дастгоҳи президент: "Мо дар масдудияти nahzat.tj даст надорем"

14 март 2013, 10:52

Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар масдудияти торнамои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон -- nahzat.tj даст надорад.

Қадамҷон Сафиев
, мудири Маркази иттилоотию техникии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, дар суҳбат бо ”Озодагон” гуфт, дастгоҳ барои масдудияти nahzat.tj дастуре надодааст ва чунин салоҳиятро ҳам надорад: “Мо аз масдудияти nahzat.tj бехабарем ва ин кор ба мо дахл надорад. Беҳтараш дар ин маврид соҳиби домен ҷавоб гӯяд.”

Ин дар ҳолест, ки ба қавли Муҳибуллоҳи Қурбон, сардабири торнамои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ширкати «Get.tj», бақайдгирандаи домени .tj дар Душанбе то ҳол боз нашудани сомонаи nahzat.tj-ро талаби Дастгоҳи президент медонад: “Дастгоҳи президент сабаби баста шудани сомонаро сабабҳои техникӣ унвон намуда гуфтаанд, ба зудӣ бартараф хоҳанд шуд».

Асомуддин Атоев, раиси Академияи иттилоот ва коммуникатсияи Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба хабаргузории “Озодагон” даст доштани Дастгоҳи президентро дар масдудияти nahzat.tj аз эҳтимол дур донист. Ӯ гуфт, “фикри ман чунин аст, ки муҳлати ба қайд гирифтани домени www.nahzat.tj ба анҷом расидааст. Дастгоҳ ин корро карда наметавонад”.

Масъулини nahzat.tj изҳор медоранд, ки сар аз 11-уми март, муддати се рӯз аст, ки сомонаи nahzat.tj фаъол нест. “Дар ширкати Get.tj, бақайдгирандаи домени .tj дар Душанбе, гуфтанд, мушкил дар пардохт нашудани маблағ барои сабти такрории сомона будааст. Худи ҳамон рӯз ба идораашон рафта, барои сабти номи такрорӣ пардохт кардем. Онҳо ваъда доданд, ки эҳтимол рӯзи дигар сомона фаъол шавад, аммо то ҳол сомона фаъол нашудааст. Аз Дастгоҳи Президент ба ин идора занг зада, гуфтаанд, ки сайти nahzat.tj мушкилии техникӣ дорад ва интизор шаванд, то ду - се рӯз пас ин мушкил ҳал гардад ва баъдан сайтро фаъол кунанд.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • pesare

  • 15 март 2013 12:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Dar Tajikistan din az davlat jodast. HNI dar Tajikistan ghayqhanoni ba qhayd girita shoda faaliyat mikonad. Dastandarkarani in amalha bayad ba javabgari kashida shavand...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!